Худоё ин балоро дафъи мо кун.!
😷🛌😷🛌😷🛌😷🛌😷🛌😷
Бубахшо ҳар хатои бандагонат,
Бубахшо ҳар гуноҳи мӯъминонат,
Бувад ҷонам фидои номи некат,
Худоё ин балоро дафъи мо кун.!
Ба ранҷи мардуми дунё назар кун,
Ягона! аз ғазабҳоят гузар кун,
Ту аз мо ин ваборо, пушти сар кун,
Худоё ин балоро дафъи мо кун.!
Дилам бар мардуми ғарбат бисӯзад,
Аз ин сӯ мардуми шарқат бисӯзад,
Зи Олмон то ба Эронат бисӯзад,
Худоё ин балоро дафъи мо кун.!
Тавалло кард бар ҳақат мусалмон,
Тасано хонд бар номат насоро,
Кунун буддоиҳам овардат имон,
Худоё ин балоро дафъи мо кун.!
Бисанҷиди ба ҳар роҳе ту моро,
Баробар карди ту нодору доро,
Бубар ин офат, ки номи у куруно,
Худоё ин балоро дафъи мо кун.!
Касеро ҷигараш ҷон месупорад,
Дигарро дигараш ҷон месупорад,
Якеро модараш ҷон месупорад,
Худоё ин балоро дафъи мо кун.!
Барои ҳар хатои кардаи мо,
Барои ҳар гуноҳи гардани мо,
Бубахшо эй ҳабибу ҳамдами мо,
Худоё ин балоро дафъи мо кун.!