Ба Шабакаи мо пайваст шавед:
https://goo.gl/177h5e
Вконтакте:
https://goo.gl/f1ajSs
Однокласники:
https://goo.gl/wZnSDd
Дар як видео, ки ба дасти сомонаи "Ахбор” расид, як гуруҳи муҳоҷирони тоҷики роҳии Русия дар шаҳри Атирауи Қазоқистон дармонда, аз ширкатҳои мусофирбари шаҳри Хуҷанд шикоят мекунанд, ки онҳоро аҳмақ кардаанд. Ин муҳоҷирони бечора маҷбур шудаанд, ки аз ними роҳ ба Хуҷанд баргашта, пули роҳи худро аз ширкати Ҳоҷӣ Рустам талаб кунанд.
Дар видеое, ки яке аз хонандагон ба сомонаи "Ахбор” фиристод, як гуруҳи муҳоҷирони тоҷик дар назди як автобус дар шаҳри Атирауи Қазоқистон дида мешаванд. Онҳо мегӯянд, дар шаҳри Хуҷанд ба ширкати Ҳоҷӣ Рустам ҳар кадомашон 6-7 ҳазор рублӣ пул додаанд ва масъулони ин ширкат ваъда додаанд, ки онҳоро роҳат то Русия мерасонанд. Вале, мегӯянд муҳоҷирон, онҳо ду рӯз боз дар як канори роҳ дар Атирау дармондаанд ва касе онҳоро то Русия бурданӣ нест.
Яке аз муҳоҷирон мегӯяд: "Ана, моро оварданд, аҳмақ карданд, партофтанд. Мо чӣ кор кунем акнун? Мо куҷо равем, шикоят кунем? Моро оварда, инҷо партофтанд ва мегӯянд, боз пул ҷамъ кунед, ки мо шуморо барем. "
"Мо 48 нафар дар инҷо ду рӯз шуд, ки дармондаем,” – мегӯяд муҳоҷири дигар.
Муҳоҷири сеюм талаб дорад, ки ширкатҳои мусофирбари қаллобро ҷазо бидиҳанд: "Ҳамин автобусҳои Ленинободро пурра манъ кунед. Намешавад! Мардумро бин, дар Қазоқистон руст кардааст. Бесоҳибанд ҳама. Ҳамаашро баред, маҳкам кунед! Ҳамааш қаллобанд.”
Муҳоҷирони дигар низ мегӯянд, ки аз ҳар кадоми онҳо дар Хуҷанд бо ваъдаи то Маскав расондан шашҳазорӣ- ҳафтҳазорӣ пул гирифтаанд.
Муҳоҷири аввал дар идомаи суханонаш мегӯяд: "Мо, мардуми тоҷик, магар лохем. Автобусро бинед, истодааст. То пул надиҳед, ҳай намекунам, мегӯяд. Мо пул дода омадаем, қоғаз не!”
Ин 48 мусофир, ки бояд ба Маскав мерафтанд, рӯзи 9 апрел аз Хуҷанд тавассути ағбаи Ойбеки Ӯзбекистон ба роҳ баромада, то шаҳри Атирауи Қазоқистон расидаанд. Вале дар инҷо ягон роҳбаладе пайдо нашудааст, ки онҳоро ба автобуси роҳии Русия савор кунад. Ронандаи автобусе, ки бояд онҳоро то Маскав мебурд, гуфтааст, ширкати Хуҷанд пули ӯро надодааст ва муҳоҷирони тоҷик то пул надиҳанд, онҳоро ба Русия намебарад.
Баъди ду рӯзи саргардонӣ дар Атирау муҳоҷирони бечора шоми12 апрел ба Хуҷанд баргашта, дар назди меҳмонхонаи "Эҳсон” бо масъулони ширкати Ҳоҷӣ Рустам муноқиша кардаанд. Ин ширкат маҷбур шудааст, ки 900 сомонӣ пули додаи ҳар муҳоҷирро баргардонад.
Дар фасли баҳор, ки мавсими муҳоҷирати тоҷикон ба Русия шурӯъ мешавад, ширкатҳои ҳавопаймоӣ нархи парвоз ба он кишварро башиддат боло мебаранд. Ҳоло нархи парвоз ба Русия аз 250 доллар болост.
Бисёре аз муҳоҷирони кории тоҷик, ки чунин пул надоранд, маҷбур мешаванд, бо роҳҳои заминӣ худро ба Русия бирасонанд. Сафар бо автобус то Русия аз Хуҷанд каме бештар аз 100 доллар нарх дорад, вале дар ин авохир шикоятҳои зиёде ба даст мерасанд, ки миёнаравҳо муҳоҷирони тоҷикро фиреб медиҳанд ва онҳо дар Қазоқистон дар ними роҳ ба Русия дармонда, маҷбур мешаванд, ки дубора пул дода, худро ба Русия бирасонанд.
Теги: новости таджикистан 2018, сегодня, хабархои нави точикистон 2018, хабархои имруз, хабархои нав, ахбор 2018,
хабар 2018, tajikistan news 2018, хабархои точикистон 2018, ахбори ВКД, душанбе 2018, cипар 2018, худжанд 2018,
эмомали рахмон 2018, ахбори точикистон 2018, хабархои нави точикистон 2018, таджикистан новости 2018, tajikistan 2018,
tajikistan news 2018, душанбе 2018, навгони, нав, хабар, ахбор, ходисахо, точик, курс сомони сегодня, россия таджикистан 2018, таможенный союз таджикистан 2018,