Панҷ шаҳрванди Тоҷикистон ва як сокини Узбакистон, ду руз пеш бинобар ҷой доштани нуқсон дар шиносномаашон аз қатораи Маскав - Душанбе дар қаламрави вилояти Атирау-и Қазоқистон фароварда шуданд.
Иброҳим Қосимов, яке аз мусофирони аз сафар монда нақл кард, ки мақомоти қазоқ муҳрҳои убури марзро, ки дар шиносномааш сарҳадчиён гузоштаанд, қалбаки хонда нисбати онҳо протокол тартиб додаанд. Ҷабрдида мегуяд, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳоло шиносномаи ӯ ва панҷ ҳамроҳонашро гирифтаанд ва маълум нест, ки кай бозмедиҳанд.
Оқои Қосимов ҳамчунин нақл кард, ки мусофирони бозмонда як шабро дар куча ва як шаби дигарро дар масҷид гузаронидаанд.
Пас аз азияти дуруза шаҳрвандони Тоҷикистон ба департаменти умури дохила дубора муроҷиат кардаанд, аммо раҳбари пулис гуфтааст, ки ҳуҷҷатҳоро танҳо пас аз ба анҷом расонидани корҳои сохтумони дар манзили зисташ бармегардонад.
Бинобар қазияи шаҳрвандон ба сафоратхонаи Тоҷикистон дар Қазоқистон ба такрор занг задем, аммо ба зангҳои телефонӣ касе ҷавоб намедиҳад.