Ба Шабакаи мо пайваст шавед:
https://goo.gl/177h5e
Вконтакте:
https://goo.gl/f1ajSs
Однокласники:
https://goo.gl/wZnSDd
Сокини 22-солаи шаҳри Бохтар Зарина Неъматова рӯзи 27 май дар таваллудхонаи рақами яки шаҳри Душанбе чоргоник – се духтар ва як писар - таваллуд кард. Зарина ва шавҳараш Фаррух Субҳонқулов ҳарду донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ буда, хонаи худро надоранд ва дар хонаи хушдоманаш зиндагӣ мекунанд. Соли 2015 ба сокини Душанбе Гулшан Маҷнунова барои таваллуди чоргоник дар пойтахт хонаи сеҳуҷрагӣ дода буданд.
Рӯзи 27 май дар таваллудхонаи рақами яки пойтахти Тоҷикистон як ҷавонзани 22-сола чоргоник таваллуд кард. Ин чоргоник – се духтар ва як писар – фарзандони нахустини Зарина Неъматова ва Фаррух Субҳонқулов, сокинони шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) мебошанд.
Зарина ва Фаррух ҳарду дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон таҳсил мекунанд ва ҳамагӣ як сол пеш, дар соли 2017 издивоҷ кардаанд.
Зарина Неъматова ба радиои "Озодӣ” гуфт, ҳанӯз аз ҳафтаи 12-уми бордорӣ медонист, ки дар батнаш чор тифл дорад.
Зарина гуфт, ӯву шавҳараш манзили алоҳида барои зиндагӣ надоранд ва дар хонаи хушдоманаш дар як оилаи бузург зиндагӣ мекунанд.
Қаблан низ дар Тоҷикистон мавридҳои таваллуди чоргоник сабт шудааст.
Аз ҷумла моҳи феврали соли 2015 сокини он замон 26-солаи Душанбе Гулшан Маҷнунова низ чоргоник – се духтар ва як писар – ба дунё овард. Бо амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин модари хушбахт хонаи сеҳуҷрагӣ тӯҳфа карда буданд.
24 августи соли 2016 боз ҳам дар таваллудхонаи рақами як Шаҳодатхон Нуралиева, соли таваллудаш 1988, сокини деҳаи Дашти Мирзои ноҳияи Файзобод чоргоник - ду писар ва ду духтар таваллуд кард. Ин чоргоник дар арафаи ҷашни 25-солагии истиқлоли Тоҷикистон ба дунё омаданд, вале дар ин бора ки оё мақомот ба ин оила хонае доданд ё на?, иттилои расмие нашр нашуд.
Таввалуди чоргоники ахир дар таърихи 27 май дар таваллудхонаи рақами яки пойтахт дар ҳолест, ки ҳамагӣ як рӯз қабл аз ин дар ҳамин таваллудхона тифле ба дунё омад, ки ӯро сокини нӯҳмиллионуми Тоҷикистон интихоб карданд. Насиба фарзанди дуюми Назира Муллоҷонова ва Фирӯз Латипов мебошад. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ худи ҳамон рӯз ба ин оилаи хушбахт хонаи сеҳуҷрагӣ бо тамоми ашёи рӯзгор тӯҳфа кард.
Бо вуҷуди қабули барномаи махсуси танзими аҳолӣ, шумораи сокинони Тоҷикистон ҳарсол тақрибан 200 ҳазор нафар афзоиш меёбад. Аҳолии ин кишвар дар соли 2013 ба 8 миллион расида, имсол, яъне дар зарфи 5 сол ба як миллиони дигар афзуд.
Беш аз нисфи аҳолии Тоҷикистонро кӯдакон ва ҷавонон ташкил медиҳанд.
Теги: ахолии точикистон 2018 ,население таджикистана 2018, новости таджикистан 2018, сегодня, хабархои нави точикистон 2018, хабархои имруз, хабархои нав, ахбор 2018, хабар 2018, хабархои точикистон 2018, душанбе 2018, cипар 2018, худжанд 2018, ахбори точикистон 2018, хабархои нави точикистон 2018, таджикистан новости 2018, душанбе 2018, навгони, нав, хабар, ахбор, ходисахо, точик, курс сомони сегодня