чашмаю чарогоҳ
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз
боздошти се чӯпон хабар дод, ки дар куштор
муттаҳам мешаванд.
Тибқи иттилои ин ниҳод, куштор 8-уми ноябр,
тахминан соати 08:30 дар мавзеи доманакӯҳҳои
“Қарсанбулоқ”-и деҳаи Коммунизми ноҳияи
Панҷ рух додааст.
Манбаъ мегӯяд, боздоштшудаҳо-чӯпонҳои 21, 30
ва 31-сола барои истифодабарии қитъаҳои
замини чарогоҳ ва чашмаи обдиҳӣ бо чӯпони 40-
сола ва ҷавони 18-сола, сокинони ноҳияи Панҷ
муноқиша карда, бо калтакҳои чупонӣ якчанд
бор ба сару рӯи онҳо мезананд: “Дар натиҷа
марди 40-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ
бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат
расидааст ва ҷавони 18-сола бо ҷароҳати
вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона
бистарӣ шудааст”.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон афзуд, ки
феълан нисбати гумонбарон парвандаи ҷиноятӣ
оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев