Татум (сумоқ): мизоҷи он сарду хушк аст.
Фоидаҳо: қазият меоварад, қандро поён меоварад, нерӯдиҳанда, иштиҳоовар, тақвияткунандаи ласса, зидди микроб, таб, алергия, ремотисм, ниқрис (подагра) фоида дорад, меъда ва рӯдаро қувват мебахшад, ба меъда ва рӯда рехта шудани сафроро манъ мекунад, беҳузур шудани дилро дармон мекунад, хун қай кардан ва хунравиҳои дигарро манъ мекунад, бисёр пешоб карданро танзим ва пешобро кам мекунад, самараи онро кӯфта бо оби хунук нӯшанд ҳам аз боло ва ҳам аз поён рафтани хунро манъ мекунад. Агар бо тухми мурғ ва кашнизи хушк хӯранд исҳоли хунинро манъ мекунад. Агар инро ба дандон бимоланд, милки дандонҳоро мустаҳкам мекунад аз пӯсидани дандон пешгири мекунад, дарди дандонро ором ва мушкилоти даҳонро аз байн мебарад. 25 грамм тухми татумро дар 300 грамм об биҷӯшонанд ва латтаро тар карда ба пешони монанд хунравии биниро манъ мекунад. Самараи татумро бо об ҷӯшонда, он обро кам кам ва бардавом ба ҷойҳои зарбарасида ва латхӯрда бирезанд намегузорад ки он ҷо варам кунад. Татум барои меъдаи сардмизоҷ зарар дорад, ки дар ин маврид бояд арпабодиён хӯранд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев