• Мунтазири ҳеҷ дасте дар ҳеҷ ҷойе аз ин дунё мабош ва ашкҳоятро бо дастони худат пок кун. (ҳама роҳгузаранд).
• Забон устухон надорад вале онқадар қавӣ аст, ки метавонад ба осони қалберо бишканад. (муроқиби ҳарфҳоят бош).
• Ба касоне, ки пушти сарат ҳарф мезананд, бе эътино бош, онҳоро ҷояшон ҳамонҷо аст, дақиқан пушти сарат. (гузашт дошта бош).
• Гоҳе Худованд барои ҳифзи ту касе ё чизеро аз ту мегирад, исрор ба баргаштанаш накун, пушаймон хоҳӣ шуд.
(Худованд вуҷуд дорад, пас ҳикматашро қабул кун).
• Умри ман 70-сол аст вале мисле, ки дар 7-дақиқа гузашт, ва дорад ба охир мерасад. (ту дар ин дақиқаҳои кам, касеро аз худат нороҳат накун).
• На сафеди баёнгари зебоӣ аст ва на сиёҳӣ нишонаи зиштӣ, кафан сафед, аммо тарснок аст, вале Каъба бо он сиёҳӣ, маҳбубу дустдоштанист.
• Инсон ба ахлоқаш шинохта мешавад, на ба мазҳараш.
• Агар садои баланд нишонаи мардонагӣ буд, саг сарвари мардон мебуд.
• Агар бесатрӣ ва урёнӣ зебогии занонро нишон медод, пас маймун аз ҳамаи занон зеботар буд.
• Қабл аз ин, ки саратро боло бубарӣ ва аз надоштаҳоят пеши Худо шикоят кунӣ, назаре ба поин дошта бош ва барои доштаҳоят шукрона кун.
• Инсон бузург намешавад ҷуз ба василаи афкораш.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев