Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, идомаи ҳамлаҳои режими саҳюнистиро ба азизони гурезон дар Ғазза маҳкум намуда, даъват кард, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ барои қатъ кардани наслкушӣ ва муҳокимаи раҳбарони ин режим барои ҷиноятҳои ҷангӣ фавран амал кунад.
Ба гузориши ТоҷикПресс, Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, идомаи ҳамлаҳои ваҳшиёнаи режими саҳюнистиро ба ҷойгоҳҳо ва хонаи гурезагон дар Ғазза, аз ҷумла дар урдугоҳи Нусайрат, ки боиси шаҳодат ва захмӣ шудани даҳҳо инсонҳои бегуноҳ, аз ҷумла кӯдакони бегуноҳ гардид, сахт маҳкум кард.
Бақоӣ, беамалии давомдори ниҳодҳои байналмилалӣ ва Шӯрои Амнияти СММ дар баробари геносидҳои доимии фаластиниҳо бо сабаби дастгирии ҳамаҷонибаи Амрико аз режими саҳюнистиро шармандагӣ хонд.
Вай даъват намуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ барои қатъ кардани наслкушӣ дар Ғазза ва муҳокима ва ҷазо додани раҳбарони режими ишғолгар барои анҷоми ҷиноятҳои шадид, фавран амал кунад.
Вай бо ёдоварии ҳукмҳои содиршуда аз ҷониби Додгоҳи байналмилалии ҷиноятӣ барои таъқиби ҷиноятӣ ва боздошти мақомҳои аршади Исроил бо иттиҳоми анҷоми додани ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳои зидди башарият бар манъи наслкушӣ таъкид кард. https://tajikpress.com/2024/12/16/%d1%8d%d1%80%d0%be%d0%bd-%d0%b8%d0%b4%d0%be%d0%bc%d0%b0%d0%b8-%d2%b3%d0%b0%d0%bc%d0%bb%d0%b0%d2%b3%d0%be%d0%b8-%d0%b8%d1%81%d1%80%d0%be%d0%b8%d0%bb-%d0%b1%d0%b0-%d0%b3%d1%83%d1%80%d0%b5%d0%b7%d0%b0/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев