Бо таҳаввулоти ҷадид дар Сурия, мардуми ин кишвар ҳоло худашонро дар баробари орзуҳои аз даст рафта ва ояндаи мубҳам мебинанд.
Бо исботи аҳдофи воқеӣ ва ҷоҳталабонаи режими саҳюнистӣ дар Сурия баъд аз суқути давлати қаблӣ ва рӯи кор омадани чандин гурӯҳи мусаллаҳи мухолиф, ки номи саркардаи онҳо дар феҳристи терроризм қарор гирифта буд, мардуми ин кишвар худашонро дар баробари орзуҳои аз даст рафта ва ояндаи мубҳам мебинанд.
Баъд аз суқути давлат Башор Асад дар Сурия, бештарин чизе, ки расонаҳои мухолифи ин давлат дар минтақа ва ҷаҳон таблиғ мекунанд, он аст, ки мардуми Сурия мехоҳанд низомеро, ки худашон мехоҳанд, интихоб кунанд; на низоме, ки дигарон мехоҳанд.
Балое, ки Исроил бар сар мардуми Сурия меоварад
Ин чизе аст, ки метавонад ба моҳияти баҳси ҷорӣ дар хориҷ аз Сурия дар бораи ояндаи ин кишвар кумак кунад ва дар ҳоли ҳозир як муноқишаи воқеӣ миёни касоне, ки ба думболи суқути давлати Башор Асад буданд ва касоне, ки аз мусаллат шудани гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолиф бар Сурия асабонӣ ҳастанд, вуҷуд дорад.
Воқеияте, ки инҷо ошкор мешавад он аст, ки авлавиятҳои мардуми сурӣ бо авлавиятҳои бозигарони хориҷӣ комилан мутафовит аст ва ончи, ки дар хориҷ аз Сурия ба он аҳамият дода мешавад, лузуман чизе нест, ки мардуми Сурия мехоҳанд ва барояшон муҳим аст.
Аз ин рӯ, мумкин аст барои бисёре сахт бошад, ки бихоҳанд дар интизори посухи ин савол бимонанд, ки мардуми Сурия дар муқобила бо таҷовузҳои бесобиқа ва ваҳшиёнае, ки Исроил алайҳи хоки кишвари онҳо анҷом медиҳад, чӣ коре хоҳанд кард ва мавзеи онҳо дар баробари ҳамлаҳои ҳамаҷонибаи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии Исроил ба ин кишвар чист; ҳамалоте, ки танҳо тайи се рӯз ба нобудии бахши зиёде аз тавонмандиҳои низомии Сурия шуд ва онгуна, ки артиши саҳюнистӣ иддао мекунад, 80 дарсади қудрати артиши ин кишвар дар ҳамлаҳои Исроил аз байн рафтааст. https://tajikpress.com/2024/12/14/%d0%be%d1%80%d0%b7%d3%af%d2%b3%d0%be%d0%b8-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d1%83%d0%bc%d0%b8-%d1%81%d1%83%d1%80%d0%b8%d1%8f-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d0%b4%d0%be%d0%bc%d0%b0%d0%bd%d0%b8-%d2%b7%d0%be%d2%b3%d1%82/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев