Моҳи ноябр шоҳиди идомаи ҷиноёти ишғолгарон дар ҳамла ба Масҷидул-Ақсо ва идомаи тарҳҳои яҳудисозӣ ва ғасби замин ва амокуни фаластинӣ ба вижа дар шаҳри Қудс буд.
Ба гузориши Алҷазира, агар чи теъдоди шаҳракнишиноне, ки дар моҳи ноябр ба Масҷидул-Ақсо дар Қудси ишғолӣ ҳамла бурданд нисбат ба моҳҳои гузашта коҳиш ёфт, аммо гуруҳҳои ифротӣ ба таҷовузоти рӯзонаи худ алайҳи қиблаи аввали мусулмонон идома медиҳанд.
Дар тул моҳи ноябри 3879 мард ва зани саҳюнистӣ ифротӣ ба ин масҷиди муборак ҳуҷум бурданд ва маросими Тавротиро анҷом доданд. Онҳо ба баргузории маросими дуо ва ончиро, ки саҷдаи ҳамосӣ меноманд иқдом карданд, дар дохили саҳнаҳо маросим издивоҷ баргузор карданд ва бархе аз хонаводаҳои саҳюнистӣ барои фарзандонашон дар ин масҷид ҷашни булуғ гирифтанд.
Дар оғози ҳамин моҳ, як ифротӣ барои ҷашни пирӯзии Доналд Трамп дар интихоботи Амрико, байни саҳюнистҳо ширинӣ пахш кард ва гурӯҳе аз хохомҳо низ ба масҷид ҳуҷум бурданд. https://tajikpress.com/2024/12/03/фаластин-қудс-масҷидул-ақсо/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев