Оятуллоҳ Хоманаӣ субҳи имрӯз дар солрӯзи иди саиди Ғадир дар дидор бо ҳазорон нафар аз мардум дар Теҳрон воқеаи Ғадирро заминасози истимрори ҳокимияти исломӣ ва тадовуми улгӯи зисти исломӣ баршумурда ва бо баёни бархе фазоили Амири муъминон Алӣ ибни Абитолиб, таъкид кард: Мардумӣ будани низоми исломӣ ва эътиқод ба таъсири ҳузури фард-фарди мардум дар сарнавишти кишварро аз мавлои худ омухтаем.
Раҳбари Инқилоби Исломии Эрон ҳамчунин бо ишора ба интихоботи бисёр муҳими рӯзи ҷумъа, мушорикати ҳадди аксарии мардум ва интихоби аслаҳро сабаби сарафрозии миллат ва Ҷумҳурии Исломӣ баршумурда ва бо табйини вижагиҳои номзади аслаҳ, ҳамаро ба ҳузур дар пои сандуқҳои раъй фаро хонд ва таъкид кард: Ҳар кас ба Эрони қавӣ ва сарафроз алоқаманд аст ва ҳар кас муътақид ба ҳимоят аз низом аст, дар интихобот мушорикат кунад.
Оятуллоҳ Хоманаӣ бо табрики «идуллоҳи ал-акбар» ба ҳамаи миллати Эрон ва мусулмонони ҷаҳон, баргузории ҷашнҳои мардумии иди шарифи Ғадир дар маобири умумиро ибтикори бисёр хубе хонда ва маъюс шудани кофирон аз шикаст додани Исломро таъбири бисёр барҷастаи Қуръон дар мавзуи иди Ғадир ва эъломи хилофату вилояти Амири муъминон (Саломи Худо ба ишон бод) баршумурд ва афзуд: Тадовуми ҳокимияту сиёсати исломӣ, ки дар имомат ҷилвагар аст, истимрори рӯҳи Ислом аст. https://tajikpress.com/2024/06/25/%d0%be%d1%8f%d1%82%d1%83%d0%bb%d0%bb%d0%be%d2%b3-%d1%85%d0%be%d0%bc%d0%b0%d0%bd%d0%b0%d3%a3-%d1%82%d0%b5%d2%b3%d1%80%d0%be%d0%bd-%d1%8d%d1%80%d0%be%d0%bd/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев