Изҳороти ахири дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, ки тайи он ҳушдор дод дар сӯрати истифода аз хоки Кипр барои ҳадаф гирифтани хоки Лубнон, ин кишвар мавриди ҳамла қарор хоҳад гирифт вокуниши ҳамроҳи бо нигаронии Никосияро барангехтааст.
Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон ҳушдор дод, ки агар Кипр ба режими ҷинояткори саҳюнистӣ иҷозаи истифода аз банодир ва фурудгоҳҳои худ барои ҳадаф гирифтани хоки Лубнонро бидиҳад, метавонад мавриди ҳамла қарор гирад. Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон таъкид кард: Мо ба давлати Кипр ҳушдор медиҳем, ки агар фурудгоҳҳо ва пойгоҳҳои худро ба рӯй режими ҷинояткори саҳюнистӣ барои ҳадаф қарор додани Лубнон бигушояд, бахше аз ҷанг хоҳад буд. Мо ба ҳамбастагӣ, ҳимоят ва кумаки худ ба Ғазза идома хоҳем дод ва барои ҳамаи этимолот омодаем ва ҳеҷ чизе моро аз анҷоми ин вазифа боз нахоҳад дошт.
Дар вокуниш, аммо “Никос Кристодулидес“ раиси Ҷумҳурии Кипр рӯзи панҷшанбе эълом кард, ки ин кишвар ҷазирае дар шарқии Медитарана, дар ҳеҷ амалиёти низомӣ дар минтақа ё ҷои дигар дахолат надорад. Ӯ муддаӣ шуд, ки кишвараш бахше аз роҳи ҳал аст на бахше аз мушкил ва нақши Никосия дар каридори башардӯстона барои Ғазза тавассути ҷаҳони Араб ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба расмият шинохта шудааст. https://tajikpress.com/2024/06/21/%d1%81%d0%b0%d0%b9%d0%b8%d0%b4%d2%b3%d0%b0%d1%81%d0%b0%d0%bd-%d0%bd%d0%b0%d1%81%d1%80%d1%83%d0%bb%d0%bb%d0%be%d2%b3-%d0%bb%d1%83%d0%b1%d0%bd%d0%be%d0%bd-%d0%ba%d0%b8%d0%bf%d1%80/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев