Равобити умумии Сипоҳи посдорони инқилоби Исломии Эрон дар хабарномае аз Исмоил Ҳания, раиси Дафтари сиёсии Ҳамос ва яке аз муҳофизони ӯ, дар натиҷаи зарба қарор гирифтани маҳалли истиқомати онон дар Теҳрон хабар дод.
Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҳамос, ки рӯзи гузашта барои ширкат дар маросими савгандёдкунии Масъуди Пизишкиён раисҷумҳури Эрон ба ин кишвар сафар карда буд, бомдоди имрӯз чоҳоршанбе 31.07.2024 дар маҳалли иқоматаш дар Теҳрон Террор шуд ва ба ҳамроҳи яке аз муҳофизонаш ба шаҳодат расид.
Матни иттилоия ба ин шарт аст:
Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим
Инна Лиллаҳи ва Инна Илайҳи роҷиун
Бо арзи таслият ба миллати қаҳрамони Фаластин ва уммати исломӣ ва размандагони ҷибҳаи муқовимат ва миллати шарифи Эрон, бомдоди имрӯз(чаҳоршанбе) маҳалли иқомати ҷаноби оқои доктор Исмоил Ҳания раиси дафтари сиёсии муқовимати исломии Ҳамос дар Теҳрон мавриди ҳамла қарор гирифта ва дар пайи ин ҳодиса ишон ва як наар аз муҳофизони ӯ ба шаҳодат расиданд.
Сабабҳо ва паҳлуҳои ҳодиса дар ҳоли баррасӣ ва натиҷаи он иттилоърасонӣ хоҳад шуд. https://tajikpress.com/2024/07/31/%d0%b8%d1%81%d0%bc%d0%be%d0%b8%d0%bb-%d2%b3%d0%b0%d0%bd%d0%b8%d1%8f-%d1%80%d0%b0%d0%b8%d1%81%d0%b8-%d0%b4%d0%b0%d1%84%d1%82%d0%b0%d1%80%d0%b8-%d1%81%d0%b8%d1%91%d1%81%d0%b8%d0%b8-%d2%b3%d0%b0%d0%bc/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев