Фарзона ними шаб аз хоб дод зада бедор шуду
чарогро даргиронд. Писаракаш масти хоби ширин буд.
-Худоё, ин чи хобе буд, ки ман дидам. Таъбираш чи
бошад?Дилам аз зиккиву танхои хозир аз тарс
мекафад. Охир 5 сол аст, ки Хуршед аз ман дур аст.
Чунин зиндагии ба ном дилгирам кард. Писарам
аллакай 9 сола шуду аз сини 4 солаги руйи падарро
надидааст.
Фарзона дар хоб шавхарашро дид, ки дар як лаби
дарё нишаста мохи медорад. Ногахон аз даруни об як
аждахои калон пайдо шуда уро фуру бурд. Сабаби
дод зада бедор шудани Фарзона хамин лахза буд.
Фарзона бо Хуршед таввасути телефон шинос шуда
буданд. Баъди ду мохи сухбати телефони онхо
вохурда, бо як дидан ба хамдигар мехр бастанду
байнашон мухаббати сузон пайдо гардид. Гарчанде,
ки падари Хуршед зидди ин хонадоршави бошад хам,
Хуршед онхоро охири охирон рози кунонду тую
тамошо шуд. Фарзона баъди хатми Донишгохи
омузгори хост, ки дар ягон мактаб муаллима кор
кунад, аммо шавхараш нагузошт, ки у кор кунад.
Хамин тавр диплом штаги сандук монду Фарзона
хонанишин шуд.Дере нагузашта у сохиби писарчаи
дуструе гардид. Писари миёнаро хонадор карданду
хавли барои келинхо танги кард. Миёни ду келин
доимо чанчол буд. Хуршед кори мухандисиро
партофта рузе гуфт, ки ман бо як хамсинфам
гапзанон кардам, ба мухочират меравам. Чойи кор
хуб будааст дар шахри Маскав, хамин ки кор хуб шуд,
туро хам омада бо писарчаамон мебарам.
Инак аз байн 5 сол гузаштаасту аз Хуршед дараке
нест. Яке хабар овард, ки зиндаву саломат асту дар
шахри Архангелски Русия зани русу фарзанд
дорад.Дигари хабар овард, ки Хуршедро дар шахри
Маскав мошин задаасту у маъбу маслук гашта дар
хонаи бесохибон аст. Умуман, касе дар бораи Хуршед
гапи анике гуфта наметавонист. Фарзона баъди
фикри дурудароз ба хулосае омад, ки шавхарашро
кофтани ба Русия меравад. Бо хусуру хушдоманаш
маслихат кард. Аммо онхо рози нашуда гуфтанд, ки
агар рави, писаратро мону худат хамон хел баромада
рав. Фарзона бо дили пур писарашро бо хусуру
хушдоманаш гузошта, худ ба чангу пуписаи онхо нигох
накарда, рохи Русияро пеш гирифт. Аввал ба
нишонии дусти шавхараш рафт. Дусти шавхараш уро
хуб пешвоз гирифта гуфт, ки се соли охир Хуршедро
боре надидааст.
-Рости гап панч сол пештар ба хонаи ман омада буд.
Чойи кор ёфтамаш, аммо у беакли карда думи беваи
киргизеро гирифта ба шахри Тверь рафта буд.Дигар
надидамаш.
Дили Фарзона баъди шунидани ин суханон ба дард
омада аз дусти у илтимос кард, ки барояш ягон
сарпанохи муваккати ёбад. Онхо барои у хонаи кироя
ёфта доданд. Фарзона бо хамрохии кампираки руссе
зиндаги мекард. Хам ба кори хонаи у кумак мекарду
хам дар магозае фарроши намуда пули калон меёфт.
Баъди пулхояшро чамъ кардан нисфашро ба хусуру
хушдоманаш фиристоду нисфи дигарашро захира
кард. Дар дил накша кашид, ки ба чустучуйи шавхар
мебарояд. Ин чо бо мухочирзани молдавание шинос
шуд. Наташа ба у маслихат дод, ки таввасути
интернет шавхарашро кобад. Баъди кофтукоби зиёд
аз як дехаи дурдасти шахри Воронеж ба номаш нома
омад, ки чунин марди точикро дар як хонаи
сарватманде дидаанд.Фарзона чипта хариду ба шахри
Воронеж сафар кард. Шавхарашро дар хонаи шахси
машхуру криминалие дарёфт, ки ба гуломи машгул
буд. Мухофизони ин марди руси нав уро ба даруни
хавли даромадан нагузоштанд. У бо забони руси
баланд-баланд дод зада мегуфт, ки шавхарашро ин
чо гайриконуни нигох медоранд. Ногахон сохиби хона
садои баланди уро шунида давида баромаду пурсон
шуд,к и ин зани точик чи мехохад?
-Ман зани Хуршед аз Точикистон хастам. Шунидам,
ки уро шумо ин чо хамчун гулом нигох медоред.
-Тавба, ту чи хел исбот карда метавони, ки чунин
точик дар хонаи ман кор мекунад?
-Медонам. У инчост.
-Медони, ман сад хонаву кушк дорам. Дар кадомаш
бошад, ман намедонам. Чунки ман вакти бо гуломон
сухбат карданро надорам. Аммо чанде пештар як
нафар гуломи точикро барои бо зани собикам
ишкварзи карданаш чазо дода бурда дар як бешазор
мисли саг партофта будам. Шояд ин гулом шавхари
ту бошад?
-Не, хато мекуни, шавхари ман чунин одам нест.
-Шояд. Аммо барои часуриат ман туро муваккатан
барои занам хамчун хизматгор ба кор мегирам.
Шавхаратро ки ёфти, чавобатон медихам. Аммо
бемузд кор мекуни, ту розии, ман аз пасат одам
мемонам, то туро хуб биёмузад. Ана баъд
шавхаратро мекобам, ки дар кадом кушкам гулом
бошад?
-Албатта розиям. Барои ман шавхарам бошад, шуд.
Фарзона харгиз бовар намекард, ки шавхараш
хиёнаткор бошад.Чунки, у сахт бовар дошт, ки
шавхараш уро самими дуст медорад. Хеч гох ба гушаи
хаёлаш намеовард, ки Хуршед ба у хиёнат карда
бошад. Зани сохиби хона аслан аз Украина буду дар
рафтору кирдор хеле чавонзани зебову нозанину нек
буд. У бо Фарзонаи хушчакчак зуд унс гирифта
дугонаи чони гардид. Рузе дар танхои Фарзона аз
Татьяна илтимос кард, ки барои дараки шавхарашро
ёфтан кумакаш намояд. Татьяна уро бо мухофизи
шавхараш шинос карда илтимос кард, ки тамоми
аксхои гуломони шавхарашро барояш нишон дихад.
Дар ин аксхо ягон акси шавхараш набуд.Боз аз
Татьяна илтимос кард, ки дараки шавхари
гумкардаашро ёбад.Татьяна гуфт, ки медони , ин чо
пеш аз ман ба ин хона омадан шавхарам зани чавону
зебое дошту як нафар гуломи точик ошики шайдои у
шуда уро дуздидани мешавад. Аммо шавхарам аз ин
вокеа сари вакт бохабар шуда, уро бо ин зани
хиёнаткораш ба кучое бадарга карда ба фикрам катл
кардагист. Шояд ин марди гуломи точик шавхари ту
бошад?
-Не,шавхари ман чунин одам нест.Фарзона ашкрезон
акси дар рузи туйи аруси гирифтаашонро ба у нишон
дод. Аммо Татьяна то ин вакт чунин мардеро дар ин
хавли надида буд.
-Медони, дугона гамгин машав, шояд шавхарат ба
наздики ёфт шавад. Чунки дар Русия чунин мардони
точики дар хар тараф саргардон хеле бисёранд.Ин
аксро ба ман дех, шаб ба шавхарам нишон дихам.
Шабона Татьяна ба шавхараш акси онхоро нишон
доду зори кард, ки у барои ёфтани шавхари ин зани
точик ёрдам кунад.Ногахон гуё Матвейро кувваи барк
зада бошад,ки дод зада гуфт:
-Хайвон, охир ин чавони дар акс буда хамон палиди
хиёнаткор аст.
-Чи?
-Бале, ин хамон гуломи точики ман аст охир.
-Наход?Охир ин зан чунон шавхарашро таърифу
тавсиф мекунад, ки..
-Ман хам дар вакташ Машаро таъриф мекардам, хеч
бовар намекардам, ки у рузе бо як чавони камбагали
точик аз ин хавлии бошукух гурехта рафтани
мешавад. Ман уро чунон сахт дуст медоштам, ки
барои хар як суханаш хозир будам, тамоми дунёро
бубахшам.Аммо Маша ин хама дустдории маро ба як
чавони бечизу бесохиб иваз кард. Ана, холо бо ин
палид дар як чохи сарду дузахи хардуро занчирбанд
карда азоб дода истодаам.
-Онхо зиндаанд?
-Бале, агар онхоро мекуштам, ин осонтарин чазо
буд.Барои хамин онхоро чазои сахт дода истодаам.
Аз зинда будан мурданро зори мекунанд. Вале, ман
онхоро азобу машаккат дода ба катл хохам расонид.
-Охир ин корат хуб нест. Бехтараш онхоро чавоб дех.
Ин мард дар ватанаш зану писар дорад. Холи
хамсарашро бубин.
-Ман аз рузи аввал дарк карда будам, ки ин зан
хамсари хамон марди курнамак мебошад. Инак
гувохии дили ман рост баромад.
-Илтимос Матвей, уро чавоб дех.Ба ин зани точики
саргардон дилам месузад.
-Татьяна, ман мардам ва як гап дорам. Ман ин ду
нафар ошикони пургунохро азоби дузах дода
мекушам.
То субх Татьяна бо шавхар сухбат карда аз у илтимос
мекард, ки шавхари Фарзонаро чавоб дихад. Субх
Матвей каме мулоимтар шуда гуфт, ки «майлаш ба
хотири ту ин палидро чавоб медихам, аммо Машаро
якумра мисли гулом нигох медорам».
-Чи , ханузам дусташ медори?
-Ин саволи ту чавоб надорад. Ба ин зан бигу, ки
баъди нисфирузи омода шавад, уро мухофизон
омада ба фурудгохи хавои мебаранд, он чо
шавхарашро низ мебарем. Хамрох зудтар аз ин чо
парида ба Точикистонашон раванд. Вагарна, ин
навбат хамаашонро мекушам.
-Аммо илтимос, ба ин зан дар бораи хиёнати
шавхараш чизе накл накунед.
-Татьяна, медони ту бехтарин зани.
Татьяна баъди ба кор рафтани шавхараш ба Фарзона
гуфт, ки тайёр шавад, имруз хам шавхарашро
мебинаду хам боу ба ватан бармегардад.
-Чи хел?
-Ангурро хуру богашро напурс. Дар ватанат аз
шавхарат бипурс, ки кучо буди, мегуяд.
Фарзона аз хурсандии зиёд Татьянаро ба огуш кашид.
Баъди нисфирузи ба фурудгохи хавои омаду интизор
истод. Баъди ним соат мухофизони Матвей Хуршедро
бо мошин оварданд. Аммо Хуршед дар ин муддат
тамоман дигар шуда буд. Муйхои сип-сиёхаш сап-
сапед шуда, поини чашмонаш пури ожанг буд.
Чашмонаш хаставу абгору гирён метофт. У баробари
Фарзонаро дидан ба гиря даромад мисли кудак.
-Фарзоначон, ин туйи, писарчаамон чи хел аст? Туро
ёд кардам. Маро бубахш. Ин чи хиёнате буд, ки ман
содир кардам.
Аммо Фарзонаро хамин бас буд, ки шавхарашро
зиндаву саломат дарёфт. Барои у дигар мухим набуд,
ки дар ин панч сол шавхараш чи гуноху хиёнате содир
кардааст. Барои ин зани дехотии точик мухим факат
он буд, ки Хуршед зинда асту болои сари писараш
такягохе дорад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 18