Ман дар хонаи бачаҳо тарбия ёфтаам ва кӣ будани падару модарамро намедонам. Пас аз хатми мактаб –
интернат дар курси шашмоҳаи фурӯшандагӣ таҳсил намуда, дар мағозае ба ҳайси фурӯшанда ба кор
даромадам. Солҳои Шӯравӣ барои мо барин шахсон аз тарафи давлат хобгоҳ ҷудо карда мешуд. Банда низ
дар ҳуҷраяки танги хобгоҳе зиндагӣ мекардам.
Корам хуб буду аз чизе танқисӣ намекашидам, тақдир маро бо ҷавоне рӯ ба рӯ намуда, ки мисли худам бе
касу кӯй буд.
Носир ронанда буду бисёр ҷавони сахӣ ва дасткушод. Бо ёрии ҳамкорону дӯстон маъракаи хоксоронае
ороста, зану шавҳар шудем.
Мо дар канори шаҳр ҳавличаеро иҷора гирифта, ба зиндагӣ оғоз намудем.
- Азизам, баъди шаш моҳ аз тарафи автобаза ба ман хонаи дуҳуҷрадор медиҳанд. Насиб бошад, туро
хушбахт мекунам – ваъдаҳои ширин медод Носир.
Ман аз дӯстдориҳои шавҳари меҳрубонам гул – гул шукуфта, шукри Худовандро мекардам, ки чунин
зиндагии ширину гувороро насибам гардондааст.
Солҳои 92- юми асри гузашта буду дар ҷумҳурӣ нотинҷиҳо сар заданд. Дар ҳамин айёми кашмакашиҳо ман
ҳомиладор шудам. Носир кӯшиш мекард, ки ташвишҳои ӯро пай набарам, аммо ҳис мекардам, ки ҳузни
ботинӣ азобаш медиҳад.
Дар пойтахт майдоншиниҳо сар шуду гурӯҳҳои силоҳдор зиндагии осоиштаи мардумро халалдор месохтанд.
Дар як шоми торику хунбор Носири ман қурбони тири дайдуе гашт. Марги шахси азизу ягона пайвандам
маро аз ақл бегона сохт. Ба садамаи сахти рӯҳӣ гирифтор гаштам.
Як ҳафта баъд аз марги ҳамсарам маро дарди зодан фаро гирифт. Ҳамсоязанони дилсӯз пиёдаю савора
маро то таваллудхона бурданд. Он ҷо касе набуд, баъди чанд соат ду нафар зани хилъати сафедпӯш наздам
омаданд.
Рӯйи дастони онҳо духтарчаи зебояке тавлид кардам. Ду рӯз пас маро ҷавоб доданд, зеро дар шаҳр
тирпарониҳо идома доштанд.
- Ман кӯдакамро намегирам,- гуфтам бо ашки сӯзон қисмати талхамро ба духтурзан нақл карда.
- О – чӣ хел?! – аз тааҷҷуб чашмонашро калон кушода пурсид духтур.
- Ана ҳамин хел, ман як хонабардӯшам гуфтам ноилоҷ.
Пас аз чанд соат духтурзан бо зани зебое наздам омада, каме хӯрокворӣ ва як миқдор пул ба дастам
доданду он зан кӯдакамро гирифта рафт.
Мани ғамзадаю бемор оҳиста – оҳиста ба сӯйи хонаи бачаҳо роҳ пеш гирифтам, он ҷоро баста ёфта ба хонаи
мураббияамон Лида – хола рафтам.
Пиразан маро бо хурсандӣ пешвоз гирифта гуфт, ки писару келинаш аз тирпарониҳо тарсида, ӯро танҳо
гузошта ба Русия рафтанд.
Ман худамро ба оғӯши ӯ партофта гириста – гириста фоҷиаи ба сарам омадаро нақл кардам.
Лида – хола маро барои аз духтаракам даст кашидан сарзаниш карда, гуфт, ки каме ба худ биё, рафта
кӯдакро мегирем.
Баъди се рӯз ба беморхона рафтем, аммо духтурзан хабар дод, ки оилаи духтари маро гирифтагӣ ба
Тошканд кӯч бастанд...
Сарсониҳои зиёдеро аз сар гузаронида, ба давраҳои тинҷӣ расидем. Аз сақичфурӯшӣ сар карда, баъдтар
мағозаи хурди хӯрокворӣ кушодам. Лида – холаи пиру нотавонро нигоҳубин мекардам. Пиразан вафот карду
келинаш омада хонаашро фурӯхта рафт, боз дар кӯча мондам. Кулбачаи фарсудаеро ба иҷора гирифтам,
рӯзи дароз ба по рост меистодаму шабона хотираҳо азобам медоданд. Дарди виҷдон вуҷудамро месӯзонд,
охир, ман аз фарзандам даст кашида будам...
Як субҳ ба ҷои корам шитоб доштам, ки писарчаи 4-5 солае аяҷон гӯён пойҳоямро ба оғӯш гирифт.
Дасту по гум кардам, ҳамин вақт марди ҷомапӯши лоғарандоме аз дасти ӯ кашида зорикунон гуфт:
- Далерҷон, биё хона равем...
Аммо кӯдак бо гиряи талх посух дод:
Аяма ҳам мебарем, набошад намеравам...
Ман хам шуда ашкони ӯро тоза намуда, аз рухсораҳояш бӯсидам ва аз дасташ гирифта беихтиёр аз қафои
мард равон шудам.
Дар роҳ кӯдак он қадар саволу ҷавобе кард, ки ман тахминан фоҷиаи ба сари ин оила омадаро фаҳмидам.
Хонаи онҳо ду истгоҳ дуртар будааст, аз дарвоза даромада нарасидани гармии дастони соҳибхонаро дар ин
макон ҳис кардам.
Ҳамин тавр бо падари Далерҷон Хушнуди муаллим ошноӣ пайдо намуда, саргузашти талхамро нақл кардам.
Ба ӯ гуфтам, ки агар хоҳад ба Далерҷон модар мешавам...
Ман аз ин издивоҷ баракати зиёде дидам, хусуру хушдомани собиқи Хушнуд маро духтар хонданд. Ту ба
Зулайхои мо ин қадар монандӣ гӯён садқаю бандаам мешуданд. Хусуру хушдомани худам низ борони
меҳрубониро бар сарам мерехтанд.
Тамоми муҳаббати модаронаамро ба Далерҷон бахшида, ӯро ба воя расондам. Ҳангоми дар курси сеюми
донишгоҳ хонданаш, иброз дошт, ки ба духтаре ошиқ шудаасту бояд дӯстдоштаашро ба ӯ фотиҳа кунем. Бо
ҷону дил розӣ шудам. Дастархони калоне карда ҳамроҳи падараш ба хостгорӣ рафтем. Чун модари
келиншаванда ба пешвозамон баромад, дилам сахт – сахт ба тапиш даромад, охир ӯ ҳамон зане буд, ки
духтараки навзоди маро гирифта буд. Зан ҳамон хел тозаву тар ва зебо буд, фақат каме фарбеҳ шуда буд...
Шавҳарам дар хонаи дигар бо падари арӯсшаванда монду ман танҳо бо бонуи хонадон . Дилам тоқат
накарду гумону тахминамро ба ӯ гуфтам.
Симои зан тағйир ёфту рангаш парид ва бо лабханди сард гуфт:
- Баъди ҳаждаҳ сол ҳам маро шинохтед? Ман ашкамро дошта натавониста аз пушаймониҳоям қисса кардам.
Зан гуфт, ки даҳ сол дар Тошканд зиста, боз ба ватан баргаштанд...
Худованд оҳи маро шуниду Шукрияи нозанинамро ба ман бозгардонд. Ману қудоям маҷбур шудем, то
ҳақиқатро ба Шукрияву Далерҷон кушоем.
Инак, шаш моҳ боз ман бо духтар-келину писар – домодам зиндагӣ дорам ва аз ифтихору шодмонӣ сарам
ба осмон мерасад.
Ҳангоме ки ин рози шодиомези диламро ба гурўҳи «Бихон фақат гиря макун» менавиштам, шавҳарам
норизоӣ баён кард, аммо мехоҳам, тамоми дунё донад, ки ҳар касе дили шикастаи ятимеро марҳам шавад,
Худованд ба ӯ подоши хостаашро медиҳад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2