Ставьте КЛАСС, посмотрим сколько НАС в одноКЛАССниках! ;)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2
Бар ахди худ намуда вафо, муттахид шавед.
Бе иттиход меравад аз байн мулки мо,
Хохед агар давому бақо, муттахид шавед.
Бар иззату шараф бирасад қавми муттахид,
Бахри шукухи миллати мо, муттахид шавед.
Аз шеъри Мавлавию зи осори Буали,
Бар чисму чон нихода даво, муттахид шавед.
Шерозабанди сахфаи таърихи хештан,
Бошед чумла дар хама чо, муттахид шавед.
Бегона нест толиби мачду бақои мо,
Бинмуда тарки фикри хато, муттахид шавед.
Душман хамеша дар паи тафриқи миллат аст,
Бар рағми душмани дағо, муттахид шавед.