Худ чаро аз роҳи ҳақ ғофил ба думболи шари,
Шарти инсони ҳамин аст ки ту худ одам шави,
Пас зи одам гаштани худ дар ғами олам шави.
Худ ба сурат оқилию сиратат чун шаб сиёҳ,
Кай ту мебахши ба умри торики худ субҳгоҳ.
Гар ғами касро ба дил ҷо кардани ту орзуст,
Пас чаро исёну шар андар раҳат чун му ба муст.
Пеши мардум метароши аз худат воломақом,
То ки номат зикр гардад дар забони хосу ом.
Пас зи мурданҳо ҷавобе боядат додан яқин,
Куш то қалбу забонат як шавад дар роҳи дин.
Пеши Аллоҳ ҳеҷ коре нест ки мо пинҳон кунем,
Ё амалҳои даруни худ мудом китмон кунем.
Пардаи байни ману ту аз миёнҳо рафтанист,
Дон ки як рузе ҷавоби ҳар нафасҳо гуфтанист,
Ҷони ширин фикр кун аз соъати рӯзи гарон,
То баҳори зиндагониро нагардони хазон.
Як даме андеша кун аз ин ки уммат номи туст,
Шаҳди гуфтори Муҳаммад аз авал дар коми туст.
У туро аз ҷон азизу муҳтарамтар карду рафт,
Уммати худро миёни ҷумла сарвар карду рафт.
Пас ҷавоби он ҳама улфат куҷо шуд ин замон,
Бар ту мегӯям бияндеш як дам аз рӯзи гарон.
Вой аз он соъат ки пайғамбар зи ту созад суол,
Дар ҳаёти худ чаро доди ту шайтонро маҷол?
Андар он соъат чи мегӯи даме андеша кун,
Бо шуҷоъат дар раҳи шайтон табар бар реша кун.
Қиммати худро бидону аз шайотин дур бош,
Пеши нозу неъмати олам мисоли кӯр бош.
То ки дунё масту мағрурат насозад бо фиреб,
Роҳи ҳамвори шариатро нагардонад нишеб.
Ҳамчу асҳоби Муҳаммад дар дилу дар дида бош,
Чеҳраи пӯшидаи ҳар соъате санҷида бош.
Панд омуз аз калому аз суханҳои Расул,
То ки гардад ҷумлаи нозат ба даргоҳаш қабул.
Шеъри иқбол ҷуз ҳақиқат нест чизи дигаре,
Гар ту дори ақлу ҳушу бо худат чашми саре.
Бар равони мо дуо кун ҳар даме пеши Худо,
Неку бадро ҷони ширин боядат кардан ҷудо.
(Шеъри Муҳаммадиқболи Рашти)
-Санаи эҷод -
07-02-2020
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев