Фильтр
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 09:20

Беш аз 150 косатка дар Тасманияи Австралия худро ба соҳил задаанд.

Ин аввалин чунин ҳодиса дар 50 соли охир аст, иттилоъ додаанд расонаҳои маҳаллӣ. Таъкид мешавад, ки аксарияти онҳо ҳанӯз зиндаанд ва тадбирҳо барои наоҷташон амалӣ шуда истодаанд.
Беш аз 150 косатка дар Тасманияи Австралия худро ба соҳил задаанд. - 961034441627
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 08:50

Русия ба як литсейи Хуҷанд боз бастаҳои китоби нави дарсӣ ҳадя кард.

Хонаи Русия ва Консулгарии генералии Русия ба литсейи "Гулчини маърифат"-и Хуҷанд, ки дар он 572 хонанда таҳсил мекунанд, беш аз 700 маҷмӯи адабиёти таълимӣ ва бадеӣ додаанд.
Аз ҷумла, китобхонаи литсей бо китобҳои нави дарсӣ ва маводи дидактикӣ аз фанҳои алгебра, информатика, забон ва адабиёти рус барои хонандагони синфҳои 1 то 11, инчунин асарҳои классикони рус ва шӯравӣ комил гардид, шарҳ дод "Россотрудничество".
Русия ба як литсейи Хуҷанд боз бастаҳои китоби нави дарсӣ ҳадя кард. - 961034425499
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 08:15

"Истиқлол" ва КМВА-и пойтахт дар финали Ҷоми ФФТ-2025 рақобат мекунанд.

Сандуқи ҷоизавии мусобиқа 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, иттилоъ дод ФФТ.
Дастаҳои "Сомон" ва "Панҷшер" барои ҷои сеюм рақобат мекунанд. Ин бозиҳо рӯзи 22 феврал баргузор мешаванд, иттилоъ дод ФФТ.
"Истиқлол" ва КМВА-и пойтахт дар финали Ҷоми ФФТ-2025 рақобат мекунанд. - 961033717403
"Истиқлол" ва КМВА-и пойтахт дар финали Ҷоми ФФТ-2025 рақобат мекунанд. - 961033717403
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 07:45

Зеленский, агар бихоҳад, ки дар сари мизи гуфтушунид бошад, бояд интихобот баргузор кунад - Трамп.

Ба гуфтаи вай, Украинаро на Русия ба сӯи интихобот тела медиҳад, чунон ки Зеленский иддао мекунад, балки худи вазъият чунин аст.
"Роҳбар дар Украина куҷост? Ман аз гуфтани он хуш надорам, аммо сатҳи ҷонибдории Зеленский то 4% поин рафтааст. Кишвар харобазор аст. Он ба як майдони азими тахрибӣ монанд аст. Оё мардуми Украина набояд гӯянд, ки мо муддати тӯлонӣ интихобот надоштем?", - гуфт ӯ.
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 07:04

Рублу доллар дар Тоҷикистон гарон шуданд.

Қимати евро баръакс майли поинравӣ дорад. Тафсилотро дар тасвирбаён бубинед.
Рублу доллар дар Тоҷикистон гарон шуданд. - 961033359259
Рублу доллар дар Тоҷикистон гарон шуданд. - 961033359259
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 19:33

Оверчук кишварҳои ҳавзаи Хазарро ба наздикшавӣ бо ИИАО даъват кард.

Вуруди Эрон ба ИИАО ба ҳайси кишвари нозир ба таҳкими равобити иқтисодӣ дар минтақа мусоидат мекунад, гуфт муовини нахуствазири Русия дар Анҷумани сеюми иқтисодии Хазар.
"Ман дигар кишварҳои панҷгонаи Хазарро даъват мекунам, ки дар бораи манфиатҳои наздикшавӣ бо ИИАО фикр кунанд", - гуфт Оверчук.
Оверчук кишварҳои ҳавзаи Хазарро ба наздикшавӣ бо ИИАО даъват кард. - 961023152027
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 18:50

Музди меҳнати кормандони кироя охири соли 2024 дар Тоҷикистон 2960 сомониро ташкил додаст.

Агентии омор мегӯяд, ин дар муқоиса бо нишондодҳои моҳи ноябри соли 2024 ҳудуди 12,6% ва нисбат ба моҳи декабри соли 2023 беш аз 24% зиёд мебошад.
Музди меҳнати кормандони кироя охири соли 2024 дар Тоҷикистон 2960 сомониро ташкил додаст. - 961019670171
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 18:20

Русия ва Иёлоти Муттаҳида тарҳи семарҳилаии сулҳро дар Украина пешниҳод мекунанд

Аз ҷумла оташбас, интихобот дар Украина ва баъдан имзои созишномаи ниҳоиро дар бар мегирад.
Ҷониби ИМА дар мавриди натиҷаҳои музокироти Риёз инчунин иттилоъ додаст:
▪️Русия ва Иёлоти Муттаҳида ба мувофиқа расиданд, ки поёни низоъ дар Украина бояд пойдор, устувор ва барои ҳама ҷонибҳо қобили қабул бошад.
▪️Тарафҳо дар алоҳидагӣ ҳамкориҳои ояндаи иқтисодӣ, аз ҷумла нархҳои ҷаҳонии энержиро баррасӣ карданд.
▪️Ба мувофиқа расиданд, ки замина барои ҳамкорӣ ва сармоягузории оянда пас аз анҷоми низоъ дар Украина омода шавад.
▪️Ба мувофиқа расиданд, ки барои ба эътидол овардани кори намояндагиҳои дипломатӣ чораҳои
Русия ва Иёлоти Муттаҳида тарҳи семарҳилаии сулҳро дар Украина пешниҳод мекунанд - 961019598491
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:45

Аз масъулини гумрук хостанд, мубориза бо вуруди силоҳу аслиҳаро тақвият диҳанд.

Хадамоти гумрук дар пешгирии вуруди ғайриқонунии силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва маводи тарканда нақши муҳим дорад, гуфт намояндаи додситонии Суғд зимни мулоқот бо кормандони ин ниҳод.
Вай зимни баррасии мубориза бо ифротгароию терроризм гуфт, ки мақомоти гумрук бояд дар ҳамкорӣ бо мақомоти амниятӣ барои ошкор ва безараргардонии гуруҳҳои террористӣ мусоидат менамояд.
Аз масъулини гумрук хостанд, мубориза бо вуруди силоҳу аслиҳаро тақвият диҳанд. - 961017383323
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:15

Нерӯҳои Русия дар Донетск боз пеш рафтанд

Артиши Русия минтақаи Ямполовкаи Ҷумҳурии мардумии Донетскро озод карданд - Вазорати дифои Русия.
Нерӯҳои Русия дар Донетск боз пеш рафтанд - 961017351835
Нерӯҳои Русия дар Донетск боз пеш рафтанд - 961017351835
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 16:45

Собиқ раисҷумҳури Гурҷистон, Саломе Зурабишвилиро дар фурудгоҳи Тифлис бо тухм заданд

Вайро "хоин" ва "ғулом” низ хонданд, бармеояд аз наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудаст.
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 16:15

Ҳадафи созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ ноором кардани давлат аст.

Ин нуктаро масъули додситонии Суғд дар мулоқот бо кормандони мақомоти гумрук баён дошт.
Вай дар ин самт аз ангехтани низоъҳои иҷтимоӣ ва мазҳабӣ дар кишвар ҳушдор дод.
Ҳадафи созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ ноором кардани давлат аст. - 961017171867
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 15:45

Аврупо сари "мизи кӯдакон" барои музокирот дар бораи Украина боқӣ монд

Барои ин худаш айбдор аст, гуфт роҳбари консерни олмонӣ Армин Паппергер дар мусоҳиба бо Rheinmatall.
Ба гуфтаи вай, ҳама аз он сабаб, ки кишварҳо барои дифоъ дар шароити ҷанг кам сармоягузорӣ карданд, ки ин боис шуд, ки ба онҳо чун кӯдакон муносибат кунанд.
"Дар анборҳои Аврупо ва Украина захираи силоҳ боқӣ намондааст", - афзуд саноатчӣ.
Аврупо сари "мизи кӯдакон" барои музокирот дар бораи Украина боқӣ монд - 961017120923
Аврупо сари "мизи кӯдакон" барои музокирот дар бораи Украина боқӣ монд - 961017120923
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 15:38

Гуфтушуниди 4,5-соатаи Русия ва ИМА дар Риёз бо чӣ анҷомид

Нуктаҳои асосии изҳороти Юрий Ушаков дар бораи музокироти Русияву Амрико дар Риёз:
▪️Музокироти Русия ва ИМА хуб гузашт;
▪️Русия ва Иёлоти Муттаҳида мувофиқат карданд, ки манфиатҳои ҳамдигарро ба инобат гиранд;
▪️Ҳанӯз гуфтан душвор аст, ки мавқеи Русия ва Иёлоти Муттаҳида наздик мешаванд, аммо дар ин бора сухан рафт;
▪️Санаи мушаххаси мулоқоти Путин ва Трампро номбар кардан душвор аст. Вохӯрии Путин ва Трамп ба гумон аст, ки ҳафтаи оянда баргузор шавад;
▪️Гурӯҳҳои ҷудогонаи музокиракунандагони Русия ва ИМА оид ба Украина вориди тамос мешаванд. Ҳанӯз маълум нест, ки дар миёни музокиракунандагон кӣ хоҳад буд. Инро президент ҳал х
Гуфтушуниди 4,5-соатаи Русия ва ИМА дар Риёз бо чӣ анҷомид - 961019016859
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 15:10

Додситон дар Суғд тақвияти фарҳанги истифодаи интернетро таъкид кард.

Намояндаи додситонӣ дар мулоқот бо кормандони мақомоти гумрук таъкид кард, ки аз мутолиа ва паҳн кардани маводи марбут ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ худдорӣ карда шавад.
Дар ҷараёни ҳамоиш гуфта шуд, ки бояд барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва иштироки онҳо дар муноқишаҳои хориҷӣ чораҳои зарурӣ андешида шаванд, иттилоъ дод Хадамоти гумруки кишвар.
Додситон дар Суғд тақвияти фарҳанги истифодаи интернетро таъкид кард. - 961017076635
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 14:45

ИМА дигар намехоҳад барои ҷанг дар Украина пул сарф кунад, бинобар ин, он бояд хотима ёбад

Ин нуктаро вазири тандурустии ИМА, Роберт Кеннедии хурдӣ дар муроҷиатномаи кушодаш ба Зеленский дар шабакаи иҷтимоии Х баён доштаст.
"Мардуми Амрико намехоҳад долларҳои андоз, ки бо заҳмат ба даст оварда шудаанд, сарфи муноқишаҳои беохир гарданд. Вақти сулҳ расид. Маблағгузории абадӣ тамом шуд!", - таъкид кардаст ӯ.
ИМА дигар намехоҳад барои ҷанг дар Украина пул сарф кунад, бинобар ин, он бояд хотима ёбад - 961016897179
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 14:15

Савдои Тоҷикистон бо кишварҳои ҳавзаи Хазар дар соли 2024 тақрибан 20% афзоиш ёфтааст.

Ин нуктаро сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Анҷумани саввуми иқтисодии Хазар дар Теҳрон баён дошт.
Савдои Тоҷикистон бо кишварҳои ҳавзаи Хазар дар соли 2024 тақрибан 20% афзоиш ёфтааст. - 961016579483
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 13:45

Русия асабонияти Ғарбро аз тамосҳои Русияву Амрико мушоҳида мекунад.

Ин тамосҳо боиси таҳлука гардидаанд, изҳор дошт сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия, Мария Захарова.
Русия асабонияти Ғарбро аз тамосҳои Русияву Амрико мушоҳида мекунад. - 961016522651
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 13:10

Русия бар хилофи Аврупо ва маъмурияти қаблии ИМА, ба ҳалли мусолиматомези низоъ дар Украина моил аст

Инро сухангӯи раисҷумҳури Русия, Дмитрий Песков баён дошт:
▪️Барои Русия чизи асосӣ ин аст, ки ба ҳадафҳои худ дар Украина, беҳтараш бо роҳи осоишта ноил шавад.
▪️Баъзе тахминҳо дар бораи санаи эҳтимолии мулоқоти Путин ва Трамп дар мулоқоти ҳайатҳо дар Риёз пайдо мешаванд.
▪️Дар бораи изҳорот дар бораи таъсиси артиши Иттиҳоди Аврупо: чунин нақшаҳо бояд бодиққат назорат карда шаванд ва хулосаҳо бароварда шаванд.
Русия бар хилофи Аврупо ва маъмурияти қаблии ИМА, ба ҳалли мусолиматомези низоъ дар Украина моил аст - 961015583643
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 12:45

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон барои қабули шикоятҳои шаҳрвандон маркази тамос таъсис додааст

Акнун сокинони ҷумҳурӣ метавонанд бо телефонҳои 40-30 шабонарӯзӣ бо саволу пешниҳодҳои дахлдор тамос гиранд, хабар медиҳад ин ниҳод.
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон барои қабули шикоятҳои шаҳрвандон маркази тамос таъсис додааст - 961014997915
  • Класс!1
Показать ещё