Фильтр
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:55

Ҳисоби пули интиқолдодаи муҳоҷирон имкон надорад - раиси Бонки миллии Тоҷикистон.

Интиқоли маблағҳо тариқи кортҳо, ҳамёнҳо ва ғайра ба чанд бонк сурат мегирад, гуфт Фирдавс Толибзода ба Sputnik Тоҷикистон ва тавзеҳ дод, ки таҳлилу таҷзияи маълумот дар бораи маболиғ, ки чӣ миқдор ба муҳоҷирин меҳнатӣ тааллуқ дорад ва чӣ қадар ба афроди дигар, вуҷуд надорад.
"Аз ин хотир, вақте имкони ҳисобу китоб ва табақабандии маболиғ вуҷуд надорад, мо ҳам наметавонем рақами мушаххасро эълон кунем”, - гуфт раиси Бонки миллии Тоҷикистон.
Ҳисоби пули интиқолдодаи муҳоҷирон имкон надорад - раиси Бонки миллии Тоҷикистон. - 960908875675
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:15
Дар Тоҷикистон корхонае, ки як замон калонтарин истеҳсолкунандаи орд дар Осиёи Марказӣ буд дубора фаъол мешавад. - 960907800731
Дар Тоҷикистон корхонае, ки як замон калонтарин истеҳсолкунандаи орд дар Осиёи Марказӣ буд дубора фаъол мешавад. - 960907800731
  • Класс!2
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 16:25

Заҳролудшавии оммавӣ дар як хобгоҳи Маскав рух дод.

Дар беморхонаи бемориҳои сироятӣ 20 нафар бистарӣ шудаанд ва миёнашон шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд.
Гуфта мешавад, ҳамаи заҳролудшудагон дар ҷои корашон дар майдони сохтмон хӯрок мехӯрданд.
Роспотребнадзор тафтишоти эпидемиологиро оғоз кардааст.
Заҳролудшавии оммавӣ дар як хобгоҳи Маскав рух дод. - 960908130459
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 15:40

Бонки марказии Русия меъёри бозтамвилро дар сатҳи 21% ҳифз кард.

Ин ниҳод дурнамои меъёри миёнаи бозтамвилро барои соли 2025 аз 17-20%-и қаблӣ то 19-22% боло бурд.
Таварруми солона дар Русия, тибқи ҳисобҳо то 10 феврал, 10%-ро ташкил дод.
Бонки марказӣ афзуд, таварруми солона соли 2025 то 7-8% коҳиш ёфта, дар соли 2026 ба 4% хоҳад расид.
Ин ниҳод ҳамчунин пешгӯии афзоиши қарздиҳии ипотекиро дар соли 2025 аз 8-13%-и қаблӣ то 3-8% коҳиш дод.
Бонки марказии Русия меъёри бозтамвилро дар сатҳи 21% ҳифз кард. - 960906696603
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 14:25

Даҳҳо мансабдор бо гумони дуздии 120 млн сомонии Вазорати дифоъ ҷавобгар шуданд.

Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонсии мубориз бо фасод дар нишасти хабарӣ гуфт, аз зарари расонидашуда тахминан 107,8 млн сомонӣ ба буҷети давлат барқарор карда шуда, вобаста ба 14,8 млн сомонӣ барои барқарар кардани зарар аризаи даъвоӣ ба судҳо пешниҳод гардид.
“Дар инҷо 43 нафар аз ҳисоби кормандони Вазорати мудофиа, 3 нафар аз Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, 2 нафар аз Вазорати молия боз аз дигар вазорату сохторҳои дигар ҳам дар ҳамин парвандаи ҷиноятӣ ҳамиштирок буданд,” - афзуд ӯ.
Даҳҳо мансабдор бо гумони дуздии 120 млн сомонии Вазорати дифоъ ҷавобгар шуданд. - 960905498267
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 14:03

15 феврал дар Душанбе ҳаво абрӣ мешавад.

Ҳаво рӯзона то 13 ва шабона то 3 дараҷа гарм мешавад.
15 феврал дар Душанбе ҳаво абрӣ мешавад. - 960905610139
15 феврал дар Душанбе ҳаво абрӣ мешавад. - 960905610139
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 13:47

Соз нашуд, савдо шуд: Устои мошин дар Душанбе "Тойота"-и мизоҷро ба ҷои таъмир, фурӯхтаст.

Таъмиргари 31-сола дар пойтахт мебоист мошинро давоми ду ҳафта таъмир карда, бармегардондаст, иттилоъ дод мақомоти милисаи Душанбе.
"Аммо нақлиёти мазкурро дар нуқтаи фурӯши нақлиётҳои корношоям ба маблағи 30-ҳазор сомонӣ ба фурӯш гузошта, ба манфиати худ сарф намудааст", - иттилоъ дод манбаъ.
Тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи усто бо моддаи қаллобӣ идома дорад.
Соз нашуд, савдо шуд: Устои мошин дар Душанбе "Тойота"-и мизоҷро ба ҷои таъмир, фурӯхтаст. - 960905227675
Соз нашуд, савдо шуд: Устои мошин дар Душанбе "Тойота"-и мизоҷро ба ҷои таъмир, фурӯхтаст. - 960905227675
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 12:55

Кумитаи андоз номи қарздорони калонро эълон кард.

Нусратулло Давлатзода, раиси ин ниҳод дар нишасти хабарӣ гуфт, аз ҳама зиёд Шабакаҳои тақсимоти барқ аз молиёт қарздор аст ва вомаш ба 177 млн сомонӣ расидааст.
Ӯ номи корхонаҳои дигари қарздорро номбар кард:
Корхонаҳои зертобеи Оҷонсии беҳдошти замин - 81 млн сомонӣ,
Корхонаҳои зертобеи Идораи манзилию комунналӣ - 32,6 млн сомонӣ,
"Сангтӯда-1" - 26 млн сомонӣ,
Кони Яғноб - 11 млн сомонӣ,
ҶСП “Алюминсохтмон” - 9,9 млн сомонӣ.
Кумитаи андоз номи қарздорони калонро эълон кард. - 960903621531
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 12:15

Қарзи давлатии Тоҷикистон ба 3,6 млрд доллар расид.

Аз ин 3,2 млрд доллар қарзи хориҷӣ ва 382 млн доллар қарзи дохилӣ мебошад, иттилоъ дод Вазорати молияи Тоҷикистон.
Дар умум қарзи давлатии ҷумҳурӣ ба 25%-и ММД-и кишвар баробар шудаст.
Қарзи давлатии Тоҷикистон ба 3,6 млрд доллар расид. - 960901532827
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 11:20

Трамп мегӯяд, хориҷ шудани Русия аз G7 хатои Обама буд.

"Ман мехостам, ки Русия ба G7 баргардад", - гуфт ӯ.
Трамп гуфт, Маскав бояд дар сари миз ҷой дошта бошад, зеро "тамоми гуфтугӯҳои G7 дар бораи Русия аст."
Айни замон ба форумҳои G7 Британияи Кабир, Олмон, Италия, Канада, ИМА, Фаронса ва Ҷопон шомиланд.
Трамп мегӯяд, хориҷ шудани Русия аз G7 хатои Обама буд. - 960901313435
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 10:35
Оқибати ҳамлаи "Крокус": Фақат аз фурудгоҳҳои Русия беш аз 17,8 ҳазор тоҷикистонӣ бозпас гардонда шудаанд. - 960900013211
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 10:15

Директори Агентии "Тоҷикстандарт" даргузашт.

Абдулваҳобзода Темурҷон чанд моҳи ахир аз беморӣ ранҷ мекашид ва як соли пеш берун аз Тоҷикистон ҷарроҳӣ шуда буд.
Агентӣ ба пайвандони марҳум изҳори ҳамдардӣ карда, хабар дод, ки ҷаноза намози пешин дар Масҷиди калони Душанбе хонда мешавад.
Директори Агентии "Тоҷикстандарт" даргузашт. - 960899067291
Директори Агентии "Тоҷикстандарт" даргузашт. - 960899067291
  • Класс!2
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 09:55

Пирӯзии ҷудокорони тоҷик дар мусобиқаи "Judo African Cup-2025".

Муҳаммад Фармонбеков нишони тилои ин мусобиқаро ба гардан овехт ва Ворис Назаров соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Пирӯзии ҷудокорони тоҷик дар мусобиқаи "Judo African Cup-2025". - 960899003547
  • Класс!3
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 09:16

Трамп аз мулоқоти намояндагони Русия, Украина ва ИМА дар Мюнхен гуфт.

"Фардо дар Мюнхен мулоқот дорем. Русия дар он ҷо бо одамони мо хоҳад буд. Украина низ даъват шудааст. Ман дақиқ намедонам, ки кӣ аз кадом кишвар намояндагӣ мекунад. Аммо мақомдорони баландпояи Русия, Украина ва Амрико дар онҷо хоҳанд буд", - гуфт раисҷумҳури ИМА.
Қаблан иштироки намояндагони Русия дар мулоқоти Мюнхен на дар Маскав, на дар Вашингтон ва на дар Берлин расман эълон нашуда буд.
Трамп аз мулоқоти намояндагони Русия, Украина ва ИМА дар Мюнхен гуфт. - 960897981851
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 08:29

Барои пардохти маош беш аз 11 млрд сомонӣ ё ҳудуди 24%-и буҷаи давлат дар Тоҷикистон равона гардид

Инчунин барои пардохти нафақа 4,7 млрд сомонӣ ва кумакпулиҳо беш аз 808 млн сомонӣ сарф шуд, иттилоъ дод Вазорати молияи Тоҷикистон.
Барои пардохти маош беш аз 11 млрд сомонӣ ё ҳудуди 24%-и буҷаи давлат дар Тоҷикистон равона гардид - 960896600475
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 07:57

Тоҷикистон барои нигоҳдории намояндагиҳои дипломатияш дар хориҷи кишвар 190 млн сомонӣ сарф кард.

Дар умум соли гузашта барои таъмини фаъолияти сиёсати берунаи кишвар беш аз 280 млн сомонӣ харҷ шуд, иттилоъ дод Вазорати молияи Тоҷикистон.
Аз ҷумла беш аз 90 млн сомонӣ ҳамчун ҳаққи узвияти ҷумҳурӣ дар созмонҳои байналмилалӣ пардохт гардидаст, афзуд манбаъ.
Тоҷикистон барои нигоҳдории намояндагиҳои дипломатияш дар хориҷи кишвар 190 млн сомонӣ сарф кард. - 960895383707
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 07:22

Рублу доллар дар Тоҷикистон арзон шуданд.

Қимати евро майли болоравӣ дорад. Тафсилотро дар тасвирбаён бубинед.
Рублу доллар дар Тоҷикистон арзон шуданд. - 960894281627
Рублу доллар дар Тоҷикистон арзон шуданд. - 960894281627
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 13 февраля в 18:07

Барои таҷлили Рӯзи ошиқон чӣ нақшаҳо доред?

Маъмулан дар ин ид ошиқон ба ҳамдигар туҳфа ҳадя мекунанд, ҳамроҳ ба сайру сайёҳат мераванд.
Албатта барои ҳамаи ин пул масраф мешавад. Барои сабукии ҳамвандон Sputnik Тоҷикистон хароҷоти ин ҷашнро ҳисоб кард.
Барои таҷлили Рӯзи ошиқон чӣ нақшаҳо доред? - 960880015515
Барои таҷлили Рӯзи ошиқон чӣ нақшаҳо доред? - 960880015515
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 13 февраля в 17:20
Созишномаи ИИАО бо Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи минтақаи озоди тиҷоратӣ бояд имсол ба имзо расад - Вазири савдои КИАО - 960876798363
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 13 февраля в 16:55

Ҳарифони ҷудокорони тоҷик дар Тоскулоҳи бузурги Боку муайян шуданд.

Дар асоси қуръакашӣ Абубакр Шеров бо ҷудокори хорватӣ ва Муҳиддин Асадуллоев бо намояндаи Гурҷистон нерӯ месанҷанд.
Ҳамчунин, Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯз Хоҷазода рақобатро аз даври дуюм бо ҷудокорони Олмон оғоз мекунанд.
Ҳарифони Ҷаҳонгир Маҷидов ва Кароматулло Ҳакимов варзишгарон аз Қазоқистон ва Маҷористон ҳастанд.
Ба ҷудокорони тоҷик пирӯзӣ таманно дорем!
Ҳарифони ҷудокорони тоҷик дар Тоскулоҳи бузурги Боку муайян шуданд. - 960878141083
  • Класс!2
Показать ещё