Фильтр
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 09:55

Пирӯзии ҷудокорони тоҷик дар мусобиқаи "Judo African Cup-2025".

Муҳаммад Фармонбеков нишони тилои ин мусобиқаро ба гардан овехт ва Ворис Назаров соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Пирӯзии ҷудокорони тоҷик дар мусобиқаи "Judo African Cup-2025". - 960899003547
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 09:16

Трамп аз мулоқоти намояндагони Русия, Украина ва ИМА дар Мюнхен гуфт.

"Фардо дар Мюнхен мулоқот дорем. Русия дар он ҷо бо одамони мо хоҳад буд. Украина низ даъват шудааст. Ман дақиқ намедонам, ки кӣ аз кадом кишвар намояндагӣ мекунад. Аммо мақомдорони баландпояи Русия, Украина ва Амрико дар онҷо хоҳанд буд", - гуфт раисҷумҳури ИМА.
Қаблан иштироки намояндагони Русия дар мулоқоти Мюнхен на дар Маскав, на дар Вашингтон ва на дар Берлин расман эълон нашуда буд.
Трамп аз мулоқоти намояндагони Русия, Украина ва ИМА дар Мюнхен гуфт. - 960897981851
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 08:29

Барои пардохти маош беш аз 11 млрд сомонӣ ё ҳудуди 24%-и буҷаи давлат дар Тоҷикистон равона гардид

Инчунин барои пардохти нафақа 4,7 млрд сомонӣ ва кумакпулиҳо беш аз 808 млн сомонӣ сарф шуд, иттилоъ дод Вазорати молияи Тоҷикистон.
Барои пардохти маош беш аз 11 млрд сомонӣ ё ҳудуди 24%-и буҷаи давлат дар Тоҷикистон равона гардид - 960896600475
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 07:57

Тоҷикистон барои нигоҳдории намояндагиҳои дипломатияш дар хориҷи кишвар 190 млн сомонӣ сарф кард.

Дар умум соли гузашта барои таъмини фаъолияти сиёсати берунаи кишвар беш аз 280 млн сомонӣ харҷ шуд, иттилоъ дод Вазорати молияи Тоҷикистон.
Аз ҷумла беш аз 90 млн сомонӣ ҳамчун ҳаққи узвияти ҷумҳурӣ дар созмонҳои байналмилалӣ пардохт гардидаст, афзуд манбаъ.
Тоҷикистон барои нигоҳдории намояндагиҳои дипломатияш дар хориҷи кишвар 190 млн сомонӣ сарф кард. - 960895383707
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 07:22

Рублу доллар дар Тоҷикистон арзон шуданд.

Қимати евро майли болоравӣ дорад. Тафсилотро дар тасвирбаён бубинед.
Рублу доллар дар Тоҷикистон арзон шуданд. - 960894281627
Рублу доллар дар Тоҷикистон арзон шуданд. - 960894281627
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 18:07

Барои таҷлили Рӯзи ошиқон чӣ нақшаҳо доред?

Маъмулан дар ин ид ошиқон ба ҳамдигар туҳфа ҳадя мекунанд, ҳамроҳ ба сайру сайёҳат мераванд.
Албатта барои ҳамаи ин пул масраф мешавад. Барои сабукии ҳамвандон Sputnik Тоҷикистон хароҷоти ин ҷашнро ҳисоб кард.
Барои таҷлили Рӯзи ошиқон чӣ нақшаҳо доред? - 960880015515
Барои таҷлили Рӯзи ошиқон чӣ нақшаҳо доред? - 960880015515
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:20
Созишномаи ИИАО бо Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи минтақаи озоди тиҷоратӣ бояд имсол ба имзо расад - Вазири савдои КИАО - 960876798363
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 16:55

Ҳарифони ҷудокорони тоҷик дар Тоскулоҳи бузурги Боку муайян шуданд.

Дар асоси қуръакашӣ Абубакр Шеров бо ҷудокори хорватӣ ва Муҳиддин Асадуллоев бо намояндаи Гурҷистон нерӯ месанҷанд.
Ҳамчунин, Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯз Хоҷазода рақобатро аз даври дуюм бо ҷудокорони Олмон оғоз мекунанд.
Ҳарифони Ҷаҳонгир Маҷидов ва Кароматулло Ҳакимов варзишгарон аз Қазоқистон ва Маҷористон ҳастанд.
Ба ҷудокорони тоҷик пирӯзӣ таманно дорем!
Ҳарифони ҷудокорони тоҷик дар Тоскулоҳи бузурги Боку муайян шуданд. - 960878141083
  • Класс!2
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 16:29

Боз як шаби муқаддас барои мусалмонон фаро мерасад.

Шаби Барот тибқи суннати исломӣ дар рӯзи 15- уми моҳи Шаъбон ҷашн гирифта мешавад. имсол ин сана ба шаби 13 ба 14 феврал рост омад.
Мусалмонон дар ин шаб имкон доранд, аз бахшишу мағфирати Худованд баҳравар гардида, аз гуноҳҳои содиркардаи худ тавба кунанд.
Дар ин шаб барои мусалмонон чӣ ҷоиз ҳасту чӣ не аз тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон бинед.
Боз як шаби муқаддас барои мусалмонон фаро мерасад. - 960877610907
Боз як шаби муқаддас барои мусалмонон фаро мерасад. - 960877610907
  • Класс!3
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 15:06

Дар Душанбе ҳаво абрӣ, вале гармтар мешавад.

То рӯзи ҷумъа ҳарорат рӯзона то +10 дараҷа ва шабона то +3 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво сард боқӣ мемонад: рӯзона тақрибан -23 вале шабона то -30 дараҷа хунукӣ пешгӯӣ мешавад.
Дар Душанбе ҳаво абрӣ, вале гармтар мешавад. - 960875651483
Дар Душанбе ҳаво абрӣ, вале гармтар мешавад. - 960875651483
  • Класс!3
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 14:58

Муҳриддин дар дидор бо Лавров аз чӣ гуфт?

Ҳама гуна чорабиниҳо дар соҳаи муҳоҷират дар Русия ва дигар кишварҳо бояд дар доираи эҳтироми ҳуқуқҳои шаҳрвандони хориҷӣ гузаронида шавад, таъкид кард Муҳриддин.
Ӯ гуфт, ки ҷонибҳо бояд дар соҳаи муҳоҷирати корӣ бештар ҳамкорӣ кунанд.
Ба таъкиди вай дар бораи гузаронидани муоинаи тиббӣ дар қаламрави Тоҷикистон тавофуқ ҳосил шуд, масъалаи ҷойгир кардани муассисаи тиббии Федератсияи Русия дар Душанбе мусбат ҳал мешавад,
Русия муроҷиатҳои Тоҷикистонро дар соҳаи муҳоҷират бодиққат баррасӣ мекунад ва кӯшиш мекунад тавзеҳоти ҳамаҷониба диҳад - Лавров.
Вай афзуд, ки Тоҷикистон тадбирҳое, ки дар Русия барои ба низом даровардани муҳоҷират андешида мешав
  • Класс!3
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 13:51

Сироҷиддин Муҳриддин аз эҳсоси зидди муҳоҷирон дар Русия изҳори нигаронӣ кард.

"Мутаассифона, афроди алоҳида, аз ҷумла сиёсатмадорони алоҳида, қонунгузорон, арбобони ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма таблиғоти зиддимуҳоҷиратро ба вуҷуд меоранд", - гуфт вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон.
Ба гуфтаи ӯ Душанбе тадбирҳое, ки дар Русия барои ба низом даровардани муҳоҷират андешида мешаванд, зери суол намебарад.
"Аммо онҳо набояд дар ҷомеа ва фазои иттилоотӣ асабониятро ба вуҷуд оранд", - таъкид кард вазир.
Сироҷиддин Муҳриддин аз эҳсоси зидди муҳоҷирон дар Русия изҳори нигаронӣ кард. - 960873985435
  • Класс!4
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 13:33

Боздошти Иброҳим Сафаров, машҳур бо “Боим” тасдиқ шуд.

Ӯ дар Туркия дастгир ва барои ҷавобгарӣ ба Тоҷикистон истирдод шуд, гуфт вазири корҳои дохила зимни нишасти хабарияш.
Ба иттилои Рамазон Раҳимзода, алайҳи дастгиршуда 15 парвандаи марбут ба муомилоти маводи мухаддир боз шудааст.
Боздошти Иброҳим Сафаров, машҳур бо “Боим” тасдиқ шуд. - 960873637787
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 12:37

Нукоти муҳими гуфтаҳои Лавров дар дидор бо Муҳриддин.

▪️Русия мавқеи мутавозин ва объективии Тоҷикистонро нисбат ба Украина қадр мекунад
▪️Маскав аз Тоҷикистон барои муносибати эҳтиёткоронааш ба хотираи Ҷанги Бузурги Ватанӣ изҳори сипос мекунад ва дар Паради Ғалаба қӯшунҳои тантанавии артиши кишварҳои узви СПАД ширкат хоҳанд кард.
▪️“Кишварҳои мо иттифоқчиёни санҷидашуда мебошанд.
▪️Мо барои муносибатҳои эътимодбахши Путин ва Раҳмон арзиш қоил ҳастем. Мо мавқеъи усулӣ ва айнии Тоҷикистонро дар бисёр масъалаҳо мебинем”, - гуфт Лавров дар мулоқот бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар Маскав.
  • Класс!2
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 12:18

Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Ғалабаро дар Маскав таҷлил мекунад.

Дар ин бора Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқот бо Сергей Лавров изҳор дошт.
Нукоти дигари изҳороти муҳриддин:
Масъалаи муҳоҷират миёни Русия ва Тоҷикистон хуб рушд мекунад.
Масоили амниятӣ ва ҳамкориҳои ҳарбию техникӣ дар муносибатҳои Федератсияи Русия ва Тоҷикистон, бахусус дар заминаи таҳаввулот Афғонистон, мавқеи асосиро ишғол мекунанд.
Тоҷикистон қасд дорад равобити ҳамаҷониба бо Русияро афзоиш диҳад.
Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Ғалабаро дар Маскав таҷлил мекунад. - 960872022171
  • Класс!3
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 12:14

Дар Маскав дидори вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия вараён дорад

Сергей Лавров дар мулоқот бо Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, ки Русия бузургтарин шарики сармоягузор дар Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Ӯ ҳамзамон афзуд, ки кишвараш аз дастгирии ташаббусҳо оид ба густариши дастрасии таҳсилоти русӣ дар Тоҷикистон хеле миннатдор аст.
Вай гуфт, Русия интизори ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни Рӯзи Ғалаба дар Маскав аст.
Вазири хориҷаи ФР таъкид кард, ки ба раёсати муваффақи Тоҷикистон дар ИДМ бовар дорад ва аз авлавиятҳои ҷумҳурӣ пуштибонӣ мекунад.
Дар Маскав дидори вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия вараён дорад - 960871896475
Дар Маскав дидори вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия вараён дорад - 960871896475
  • Класс!2
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 11:52

Исроил метавонад дар соли 2025 ба таъсисоти ҳастаии Эрон ҳамла кунад.

Истихбороти ИМА ба ин боварӣ дорад, менависад The ​​Wall Street Journal.
Аввалин гузориш аз Хадамоти иктишофӣ аз ҷониби маъмурияти Байден гирифта шуд, аммо ҳуҷҷати дуюми шабеҳ дар рӯзҳои аввали раёсати ҷумҳури Трамп омад.
Нашрия қайд мекунад, ки низомиён боварӣ доранд, ки Исроил барои ҳамла ба лавозимоти ҷангӣ ва дастгирии низомии ИМА ниёз дорад.
Исроил метавонад дар соли 2025 ба таъсисоти ҳастаии Эрон ҳамла кунад. - 960871265947
Исроил метавонад дар соли 2025 ба таъсисоти ҳастаии Эрон ҳамла кунад. - 960871265947
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 11:11

Додситонии кулли Тоҷикистон дар робита ба кушторҳои Конибодом парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Дар ин бора Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон изҳор дошт.
"Чанд нафар ҳамчун гумонбар дастгир карда шуда, баъзеи дигар дар ҷустуҷӯ қарор доранд", - гуфт ӯ.
Додситонии кулли Тоҷикистон дар робита ба кушторҳои Конибодом парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. - 960870328987
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 10:50
  • Класс!3
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 10:34
🇹🇯 Ошӯб дар зиндони Ваҳдат аз ҷониби аъзои як созмони террористии исломӣ ташкил шудааст, гуфт Рамазон Раҳимзода, раҳбари ВКД Тоҷикистон ба @Sputnik_Tajikistan. - 960869624987
  • Класс!0
Показать ещё