Вазъияти эпидемиологӣ дар кишвар зери назар аст, аммо сармои субҳу шом эҳтимолияти ба вуҷуд омадани бемориҳои шамолхӯрӣ, роҳҳои болоии нафас шудаистодааст ва муроҷиатҳо низ ҳастанд, гуфт Наврӯз Ҷаъфаров, муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Тоҷикистон ба @Sputnik_Tajikistan.
“Озмоишгоҳҳои вирусологии мо таҳқиқотҳоро бурдаистодаанд ва тавре мо ҳафтаи гузаштаро таҳлил кардем, ба истиснои мавҷудияти вируси зуком, ковид ва метапневмовирус, боқимонда аденовирус, реновирус, вирусҳои ба зуком монанд вуҷуд доранд”,- гуфт ӯ.
Тибқи муроҷиатҳо ба гуфтаи вай, зиёдтар кӯдакони то 5-сола ва афроди калонсол ба бемориҳои шадиди роҳҳи нафас гирифтор мешаванд. Афроди синну соли миёна ин бемориҳоро осонтар мегузароннад, бинобар ҳамин муроҷиат ҳам намекунанд.
Мутахассис аз аҳолӣ даъват кард, ки ташвиши зиёд накашанд, аммо аз худтабобаткунӣ эҳтиёт намоянд ва дар ҳолати зарурӣ ба муассисаҳои тиббӣ муроҷиат кунанд.
Ҳамзамон тавсия дод, ки қоидаҳои одии санитарию гигиенӣ ва муҳофизати шахсиро риоя кунед ва дар ҳолатҳое, ки зарур аст ниқоб пӯшед, то на худ сироят нашаванду на бемориро ба хона наёред.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев