Фильтр
Все темы
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 18:55

НАТО кайҳо ба Украина нерӯ мефиристод агар як "вале" намебуд.

Ин ҳам бошад, аслиҳаи ҳастаии Русия ҳастанд, мегӯяд маҷаллаи Military Watch дар такя ба суханони раиси Кумитаи низомии Паймон.
"Ман мутмаинам, ки агар русҳо силоҳи ҳастаӣ надоштанд, мо кайҳо дар Украина будем ва онҳоро аз онҷо берун мекардем",- гуфт адмирал Роб Бауэр.
Вай ҳамчунин қайд кард, ки дар пасманзари савгандёдкунии қарибулвуқӯъи Трамп, талафоти шадиди украиниҳо ва муваффақиятҳои Нерӯҳои мусаллаҳи Русия ихтилоф байни сиёсатмадорони ғарбӣ шиддат мегирад.
Ин метавонад ба ояндае расонад, ки дар он манотиқи бузурги Украина таҳти назорати Русия қарор гирад, афзуд ӯ.
НАТО кайҳо ба Украина нерӯ мефиристод агар як "вале" намебуд. - 958430655899
НАТО кайҳо ба Украина нерӯ мефиристод агар як "вале" намебуд. - 958430655899
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 18:25

Раҳмон хостори таъсиси Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба яхшиносӣ дар Душанбе шуд.

Ӯ дар ин бора зимни суханронӣ дар Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим изҳор дошт.
Ба гуфтаи раисҷумҳури Тоҷикистон, дар пайи гармшавии босуръати сайёра масъалаи обшавии босуръати пиряхҳо таваҷҷуҳи махсусро тақозо мекунад.
Раҳмон хостори таъсиси Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба яхшиносӣ дар Душанбе шуд. - 958430556827
  • Класс!2
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:55

Бомбборони Лубнон аз сӯи Исроил идома дорад.

Ин аз навори ҳамлаи имрӯза, ки мушакҳои исроилӣ як баландошёнаро дар канори ҷанубии Бейрут ба замин ҳамвор кард.
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:25

Соли 2024, гармтарин сол сабт шудааст, гуфт Раҳмон дар конфронси иқлимии СММ COP-29.

Ӯ гуфт моро зарур аст, ки барои пешгирии раванди босуръати гармшавӣ чораҳои бештари амалӣ андешем.
Раҳмон зимни суханронӣ хостори таваҷҷӯҳи вижа ба обшавии пиряхҳо шуд.
Соли 2024, гармтарин сол сабт шудааст, гуфт Раҳмон дар конфронси иқлимии СММ COP-29. - 958429996187
  • Класс!2
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 16:55

Дабири кулли СММ аз раҳбарони ҷаҳон даъват кард, ки бо тағирёбии иқлим фаъолонатар мубориза баранд

Ба гуфтаи Антонио Гутерриш, сарони давлатҳо бояд барои ҳифзи мардум аз оқибатҳои харобиовар бештар кор кунанд.
"Танҳо шумо метавонед аз афзоиши беш аз 1,5 дараҷа гармии ҷаҳонӣ пешгирӣ кунед",- гуфт ӯ.
Дабири кулли СММ аз раҳбарони ҷаҳон даъват кард, ки бо тағирёбии иқлим фаъолонатар мубориза баранд - 958429586843
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 16:25

Вазири дифои Тоҷикистон ва ҳамтоёнаш аз ИДМ назди оромгоҳи сарбози номаълум дар Маскав гул гузоштанд

Шералӣ Мирзо ва ҳамтоёнаш барои ширкат дар ҷаласаи муштараки шӯро дар пойтахти Русия ҷамъ омаданд, хабар дод Кумитаи иҷроияи ИДМ.
"Ҷонибҳо ҳамкориҳои бисёрҷонибаи низомиро баррасӣ намуда, фаъолияти ниҳодҳои дифои кишварҳои муштаракулманофеъро барои соли 2024 ҷамъбаст хоҳанд кард", - омадааст дар хабар.
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 15:50

Исроил ҳамлаҳоро ба Лубнон бас намекунад.

Дар ин бора вазири тозатаъйини дифои кишвар дар шабакаи иҷтимоӣ X изҳор дошт.
"Дар Лубнон оташбас вуҷуд нахоҳад дошт. Мо ҳамла ба “Ҳизбуллоҳ”-ро бо нерӯи комил идома хоҳем дод, то замоне ки ба ҳама аҳдофи ҷанг бирасем", - навиштааст Исраил Катз.
Вай гуфт, ки Исроил қасд дорад “Ҳизбуллоҳ”-ро безарар созад, нерӯҳои худро аз дарёи Литанӣ берун кашад ва сокинони минтақаро ба хонаҳояшон баргардонад.
Исроил ҳамлаҳоро ба Лубнон бас намекунад. - 958428751259
Исроил ҳамлаҳоро ба Лубнон бас намекунад. - 958428751259
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 15:25

Бино ба ҷои симо: Толибон* ба навор гирифтанашонро мамнуъ кардаанд.

Бархе аз мақомдорони маҳаллӣ ба хабарнигорон наворбардорияшонро манъ карданд.
Аз ҷумла, онҳо хостаанд, ки на чеҳраи сиёсатмадорон, балки танҳо биноҳои маъмуриро нишон диҳанд, менависад Sputnik Афғонистон.
Ин гуруҳ гуфтаанд, тасмим гирифтанд, ки ба намунаи амири кишвар Ҳибатулло Охундзода пайравӣ кунанд, ки пас аз ба сари қудрат омадани Толибон* амалан худро дар назди мардум намоиш намедиҳад.
*Ташкилот барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.
Бино ба ҷои симо: Толибон* ба навор гирифтанашонро мамнуъ кардаанд. - 958426607259
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 14:50

Кишварҳои ИДМ чорабиниҳои муштараки низомиро тавсеа мебахшанд

Вазири дифои Русия, Белоусов гуфт, ки кишварҳои ИДМ дар соли 2025 беш аз 120 чорабинии муштараки низомӣ баргузор мекунанд.
Кишварҳои ИДМ чорабиниҳои муштараки низомиро тавсеа мебахшанд - 958426037915
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 14:25

Дар ИИАО низоми баҳодиҳии сифати зотпарварии ҳайвоноти хоҷагии деҳот ягона карда шуд.

Ин бояд объективӣ ва эътимоднокии нишондиҳандаҳоро афзоиш диҳад, қайд кард хадамоти матбуоти КИАО.
Кумитаи саноати кишоварзӣ инчунин баррасии таҷрибаи истифодаи селексияи геномиро тасдиқ кардааст.
Дар ИИАО низоми баҳодиҳии сифати зотпарварии ҳайвоноти хоҷагии деҳот ягона карда шуд. - 958425644955
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 13:55

Котиби давлатии ИМА метавонад яке аз мухолифони ҷанги Украина шавад

Департаменти давлатии ИМА-ро шояд яке аз мунаққидони аслии Зеленский дар кишвар раҳбарӣ кунад.
Эҳтимол Антони Блинкенро мехоҳанд бо номзади собиқ ба мақоми президентӣ Вивек Рамасвамӣ иваз кунанд, ки борҳо аз гузаштҳои ҳудудӣ аз Украина ба нафъи Русия ҳимоят мекард, менависад The ​​Hill.
Қаблан вай ҳамчунин дар бораи зарурати хуруҷи Иёлоти Муттаҳида аз НАТО ҳарф зада буд.
Котиби давлатии ИМА метавонад яке аз мухолифони ҷанги Украина шавад - 958425538715
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 13:25

Интиқоли мушакҳои дурпарвоз рафти амалиёти вижаи низомиро тағйир намедиҳад.

Дар ин бора ноиби раиси Шӯрои амнияти Русия, Дмитрий Медведев изҳор дошта, афзуд, ки интиқоли мушакҳои дурпарвоз ба Украина танҳо агонияи режими Киевро тамдид мекунад.
Интиқоли мушакҳои дурпарвоз рафти амалиёти вижаи низомиро тағйир намедиҳад. - 958424542619
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 12:55

Қабули кӯдакони муҳоҷир ба макотиб, ки забони русиро намедонанд, метавонад мамнуъ шавад.

Лоиҳаи қонуни дахлдор ба Думаи давлатӣ пешниҳод шудааст.
Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ, дар шарҳи лоиҳа гуфт, зимни қабул ба муассисаҳои таълимӣ, онҳо аз санҷиши донистани забон ва қонунӣ будани будубоши волидонашон дар қаламрави Русия санҷида мешаванд.
Қабули кӯдакони муҳоҷир ба макотиб, ки забони русиро намедонанд, метавонад мамнуъ шавад. - 958424299419
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 12:25

Дар водиҳои Тоҷикистон борони шадид меборад.

Аз 13 то 14 ноябр тақрибан дар тамоми қаламрави кишвар боришоти шадид, паст шудани ҳарорати ҳаво ва шамоли сахт ба амал меояд, хабар медиҳад КҲФ ҶТ.
Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ хатари фаромадани сел ва сангрезӣ боқӣ мемонад.
Дар водиҳои Тоҷикистон борони шадид меборад. - 958423887259
  • Класс!4
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 12:24

Раҳмон ба макони баргузории Конфронси ҷаҳонии СММ оид ба тағирёбии иқлим COP-29 омад

Илҳом Алиев ва Антонио Гутерриш дар ин ҳамоиш раисиҷумҳури Тоҷикистонро истиқбол карданд.
Худи раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамчун раҳбари давлати пешсаф дар пешбурди ибтикороти ҷаҳонии обу иқлим, яке аз аввалинҳо шуда, гузориш хоҳад дод, хабар медиҳад хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Раҳмон ба макони баргузории Конфронси ҷаҳонии СММ оид ба тағирёбии иқлим COP-29 омад - 958425467547
  • Класс!2
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 11:55

Президенти Тоҷикистон ва имоми "Ал-Азҳар" муттаҳид будани уммати мусалмонро таъкид карданд.

Эмомалӣ Раҳмон дар Боку бо имоми акбари муассисаи “Ал-Азҳар”-и Миср доктор Аҳмад Ат-Тайиб густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд.
Зикр гардид, ки айни замон дар бахшҳои гуногуни муассисаи таълимии “Ал-Азҳар” зиёда аз 200 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил мекунанд.
Ба иттилои дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон, пешниҳод шуд, ки кормандони соҳаи дини ҷумҳурӣ барои табодули илмию амалӣ ва омӯзиши афкори таҳаммулпазирӣ ба давраҳои таълимии муассисаи "Ал Азҳар" ҷалб карда шаванд.
Президенти Тоҷикистон ва имоми "Ал-Азҳар" муттаҳид будани уммати мусалмонро таъкид карданд. - 958423220635
  • Класс!2
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 11:25

Дар Хуҷанд имкон дорад истеҳсоли нерӯи барқ бо коркарди партов сурат гирад.

Ин масъала дар дидори раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо соҳибкорони чинӣ баррасӣ шуд.
Гуфта мешавад, ки ҳоло масъала дар Хуҷанд мавриди омӯзиш қарор мегирад ва дар сурати имконпазир будан ба роҳ монда мешавад.
Ба ин масъала соҳибкори чинӣ Ху Сяоян сари кор хоҳад гирифт, ки ширкаташ бо истифода аз фановариҳои муосир аз боду офтоб ва коркарди партовҳо нерӯи барқ истеҳсол менамояд.
Дар Хуҷанд имкон дорад истеҳсоли нерӯи барқ бо коркарди партов сурат гирад. - 958422620059
  • Класс!2
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 10:55

СММ қатъномаи Русияро дар бораи "мубориза бо ситоиши нозиён" қабул кард

Аз ин қатънома, ки ҳаммуаллифаш Тоҷикистон аст, 116 кишвар пуштибонӣ карда, 54 кишвар мухолиф ва 11 кишвар бетараф монданд.
Ҳуҷҷати иборат аз 74 банд буда, аз зарурати пешгирӣ аз таҷдиди натоиҷи Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ сухан меравад. Муаллифон инчунин даъват мекунанд, ки “ҳар як ҷашни ботантана”-и режими миллатгаро ва шарикони он манъ карда шавад.
Дар миёни афроде, ки мухолифи он раъй додаанд, Канада, Иёлоти Муттаҳида, чанд кишвари Иттиҳодияи Аврупо, Ҷопон ва Украина низ ҳастанд.
Ҳаммуаллифони лоиҳа ҳамчунин кишварҳои Осиёи Марказӣ, яъне Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон буданд.
СММ қатъномаи Русияро дар бораи "мубориза бо ситоиши нозиён" қабул кард - 958422594971
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 10:25

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон барои анҷоми 2 бозии дӯстона бо ҳамсолони худ аз ИМА ба Дубай рафт

Ба гузориши ФФТ ин дидорҳо дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 сурат мегирад.
Рақобатҳои санҷишӣ рӯзҳои 15 ва 18 ноябр дар шаҳри Дубай сурат мегирад.
Мунтахаби олимпии Тоҷикистон барои анҷоми 2 бозии дӯстона бо ҳамсолони худ аз ИМА ба Дубай рафт - 958422550683
  • Класс!2
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 09:35

Қазоқистон содироти гази моеъро барои шаш моҳ манъ кард.

Дар ин борра фармони вазири энергетикаи ин кишвар содир шудааст, ки аз 14 ноябр эътибор пайдо мекунад, хабар медиҳад
Бар асоси қарор истисно танҳо ба шартномаҳои қаблан имзошуда, маҳсулоти аз ашёи хоми Қарачағанак истеҳсолшуда, нақлиёти транзитӣ ва сузишворӣ, ки бо қарори ҳукумат ҳамчун кумаки башардӯстона содир карда мешавад, дахл дорад
Таъкид мешавад, ки фармон тибқи моддаи 29-уми Шартнома дар бораи ИИАО ба имзо расидааст.
Қазоқистон содироти гази моеъро барои шаш моҳ манъ кард. - 958421898139
  • Класс!1
Показать ещё