Фильтр
Все темы
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 19:05

30 сол пеш, 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул шуд.

Аз он вақт инҷониб ҳамасола дар кишвар Рӯзи Конститутсия ҷашн гирифта мешавад. Конститутсияи Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат аст.
Дар он Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоӣ бо шакли идории президентӣ муайян шудааст.
Забони тоҷикӣ ба ҳамчун давлатӣ сабт шуда, русӣ мақоми забони муоширати байни миллатҳоро гирифт. Тафсилоти бештарро дар мавриди қонуни асосӣ дар навор бубинед.
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 18:10

Бархӯрди роҳбари нави ИМА дар мавриди Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ низ таъсир мегузорад.

Сиёсати ИМА нисбат ба Осиёи Марказӣ дастхуши тағйироти хосе нахоҳад шуд, бештар чигунагии рӯйкарди раисҷумҳури нави ИМА дар баробари рақибони геополитикиаш, монанди Русия ва Чин, ки ҳамсояҳои наздик ва шарикони асосии иқтисодӣ ва тиҷории кишварҳои Осиёи марказӣ ҳастанд, ба минтақа таъсир хоҳад гузошт, гуфт коршиноси масоили минтақаӣ, Қосими Бекмуҳаммад.
"Манзур пеш аз ҳама коҳиш ё афзоиши сатҳи таҳримҳо нисбати Маскав ва Пекин аст, ки метавонад ба мизони гуногун ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ асар гузорад", - гуфт таҳлилгар.
Вашингтон тасаллути иқтисодии Русиву Чинро дар Осиёи Марказӣ қабул
Бархӯрди роҳбари нави ИМА дар мавриди Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ низ таъсир мегузорад. - 958266936475
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:30

Трамп гуфт, ки "нияти оғози ҷангҳоро наддорад, балки ба онҳо хотима медиҳад".

"Дар тӯли 4 сол, мо ҳеҷ гуна ҷангро намедонистем, ба истиснои шикасте, ки дар ба ДИИШ расондем", - шарҳ дод номзади президенти ИМА.
*-ташкилоти террористӣ, ки дар Тоҷикистон ва Русия мамнуъ аст.
  • Класс!2
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 16:45

6 ноябри соли 1943 қӯшунҳои шӯравӣ истилогарони фашистиро аз Киев пеш карданд.

Таҳияи нақшаи амалиёт дар муддати кӯтоҳ сурат гирифт. Барои омодагӣ ба он ситод ба Жуков ва Ватутин ҳамагӣ як ҳафта мӯҳлат дод. @SputnikLive нақл мекунад, ки амалиёт чӣ гуна гузаронда шуд.
▪️Ҳуҷум 1 ноябри соли 1943 оғоз ёфт. Зарбаи асосӣ дар шимол — аз самти Вишгород расонда шуд. Дар истифодаи снарядҳо камчинӣ набуд. Дар як километри ҷабҳа зиёда аз 300 тӯп оташфишонӣ доштанд. Дафъаи дигар чунин зичии оташи тӯпхонаӣ танҳо дар муҳориба барои Берлин дида шуд.
▪️Ин имкон дод, ки мудофиаи немисҳо зуд рахна гардад. Аввалин шуда, ба маркази Киев отряди зодаи вилояти Киев сержанти гвардия Никифор Шолуденко ворид гардид
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 15:30

Натиҷаи интихоботи президентии ИМА эътироз алайҳи сиёсати мақомоти феълӣ мебошад.

Дар ин бора раиси Шӯрои Федератсия, Валентина Матвиенко изҳор дошт.
Ба гуфтаи вай, набояд аз омадани Трамп ба қудрат зиёд интизор шуд, аммо Русия ба ҳамкорӣ моил аст.
Матвиенко афзуд, ки Русия омода аст масъалаҳои амнияти ҷаҳониро баррасӣ кунад.
Натиҷаи интихоботи президентии ИМА эътироз алайҳи сиёсати мақомоти феълӣ мебошад. - 958262392219
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 14:34

Сармоягузорон метавонанд мустақиман ба ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат кунанд, агар мушкиле бинанд.

Механизми нави ҷалби сармоя ба бахши истихроҷи маъданҳои Тоҷикистонро Тимур Ёрибек, сардори бахши равобити байналмилалии Вазорати саноати ҷумҳурӣ ба Sputnik Таджикистан
 тавзеҳ дод.
Дар баробари таъсиси Маркази миллии сарватҳои зеризаминии Тоҷикистон, ҳукумат қоидаҳои навро таҳия кардааст, ки тибқи он сармоягузорони калон метавонанд барои гирифтани имтиёзҳои иловагӣ ё ба таври мушаххас бартараф намудани ин ё он монеа ба мақомот муроҷиат намоянд.
"Ширкатҳои калон метавонанд аз ҳукумати кишвар имтиёзҳои иловагӣ талаб кунанд, агар онҳо боварӣ дошта бошанд, ки баъзе мушкилоте мавҷуданд, ки барои зу
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 13:36

Селу борони шадид бархе қисматҳои масири Душанбе - Чаноқро хароб кард.

Зарари офати табиӣ, алалхусус дар минтақаи Зарафшон, километрҳои 100 - 108 чашмрас буда, баъзе қитъаҳои роҳ пурра вайрон шуданд, хабар дод ширкати роҳбони IRS.
Манбаъ афзуд, ки техника ба маҳалли ҳодиса сафарбар гардида, бартарафсозии паёмадҳо идома дорад.
Таъкид шуд, ки феълан ҳаракати тамоми намуди нақлиёт таъмин аст.
  • Класс!2
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 13:33

Парламенти онрӯза бозичаи дасти неруҳои манфиатҷӯй буд ва раъйпурсии умумихалқӣ зарур буд

Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суҳбат дар бораи шеваи қабули қонуни асосӣ гуфт, баъзеҳо аз ҷониби парламент қабул кардани Конститутсияро беҳтар медонистанд ва гурӯҳи дигар ҷонибдори қабули он тавассути раъйпурсии умумихалқӣ буданд.
"Дар чунин шароит ба назар гирифтани майлу иродаи мардум, ки аз тариқи раъйпурсӣ изҳор мешавад, барои тамоми неруҳои сиёсӣ ва ҳар як фарди ҷомеа қатъӣ ва ҳатмӣ мегардад", - зикр намуд ӯ.
Шашуми ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ 94,4% шаҳрвандон иштирок намуда, 87,6%-и онҳо ба тарафдории қабули Конститутсия овоз доданд, афзуд Эмомалӣ Раҳмон.
Парламенти онрӯза бозичаи дасти неруҳои манфиатҷӯй буд ва раъйпурсии умумихалқӣ зарур буд - 958260801691
  • Класс!3
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 11:20

Рустами Эмомалӣ шаҳрвандонро бо Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон шодбош гуфт.

Шаҳрдори Душанбе зикр намуд, ки 6 ноябри  соли  1994 Конститутсияи Тоҷикистон дар шароити бисёр печидаву мураккаби сиёсии кишвар тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.
Ҳамаи моро зарур аст, ки бо садоқат ба ғояҳои конститутсионии давлати худ, ҷиҳати иҷрои босифату самараноки уҳдадриҳои вазифавӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ тамоми кӯшишро равона намоем, гуфт ӯ.
Рустами Эмомалӣ шаҳрвандонро бо Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон шодбош гуфт. - 958253602971
  • Класс!2
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 10:20

Дар Душанбе бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсия ҳамоиши бузург баргузор шуд.

Дар ҷамъомади тантанавӣ дар баробари дигар мақомдорони баландпоя ва фаъолони ҷамъиятӣ, инчунин раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ иштироку аз аҳамияти қонуни асосии кишвар гуфт.
    Дар Душанбе бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсия ҳамоиши бузург баргузор шуд. - 958253482907
    Дар Душанбе бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсия ҳамоиши бузург баргузор шуд. - 958253482651
    Дар Душанбе бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсия ҳамоиши бузург баргузор шуд. - 958253482395
    Дар Душанбе бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсия ҳамоиши бузург баргузор шуд. - 958253482139
  • Класс!2
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 09:39

New York Times пирӯзии Трампро бо эҳтимолияти қариб садфоизӣ пешбинӣ кард.

Ҷонибдорони Ҳаррис дар ҳолати "маросими дафн" дар ҳолест, ки расонаҳо дар бораи натиҷаҳои интихоботи президентии ИМА гузориш медиҳанд, менависад NBC News
Рӯзномаи New York Times пирӯзии Трампро дар интихоботи президентии ИМА бо эҳтимоли беш аз 95% пешгӯӣ кардааст. Дар пешгӯии қаблӣ нашрия шонси пирӯзии ӯро 72% арзёбӣ карда буд.
New York Times пирӯзии Трампро бо эҳтимолияти қариб садфоизӣ пешбинӣ кард. - 958253950619
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 09:25

Маркази Тел-Авив пас аз барканории вазири дифоъ ба нооромиҳо дучор шуд.

Дафтари нахуствазир гуфт, Нетаняҳу Галантро барканор кард ва ба ҷои ӯ собиқ вазири корҳои хориҷӣ Катзро таъйин намуд.
Худи Галант барканории худро бо ихтилофоти марбут ба раҳоии гаравгонҳо дар Ғазза ва таҳқиқи ҳодисаҳои 7 октябри соли 2023 шарҳ медиҳад.
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 08:46

Аз қабули Конститутсияи Тоҷикистон соҳибистиқлол 30 сол сипарӣ шуд.

6 ноябр ҳамчун Рӯзи Конститутсия таҷлил мегардаду таътил мебошад.
Ба муносибати ин санаи муҳим мо тасмим гирифтем, ки далелҳои муҳимтарини қонуни асосии кишварро ёдовар шавем.
Аз қабули Конститутсияи Тоҷикистон соҳибистиқлол 30 сол сипарӣ шуд. - 958252780443
Аз қабули Конститутсияи Тоҷикистон соҳибистиқлол 30 сол сипарӣ шуд. - 958252780443
  • Класс!2
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 07:34

Натиҷаҳои интихоботи ИМА то соати 9:00 бо вақти Душанбе. Маълумотро Ассошиэйтед Пресс нашр кард.

Дар ҳамин ҳол, New York Times эҳтимоли пирӯзии Трампро 87% пешгӯӣ мекунад.
Барои пирӯзӣ 270 овози интихобкунандагон (аз 538 овоз) лозим аст, дар ҳоле ки тақрибан ҳамаи иёлатҳои калаванда (93 овози интихоботӣ) ҳанӯз аз Трамп пуштибонӣ мекунанд.
Натиҷаҳои интихоботи ИМА то соати 9:00 бо вақти Душанбе. - 958251125659
Натиҷаҳои интихоботи ИМА то соати 9:00 бо вақти Душанбе. - 958251125659
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 07:26

Вазири дифои Исроил, Галант барканор шуд.

Нетаняҳу гуфт, ки ӯ тасмим гирифтааст, вазири умури хориҷаи Исроил, Катзро ба мақоми вазири дифоъ таъйин кунад.
Нахуствазири Исроил афзуд, ба вазири бидуни портфел, Гидеон Саар пешниҳод кардааст, ки вазифаи вазири хориҷаро ишғол кунад.
Вазири дифои Исроил, Галант барканор шуд. - 958250838939
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 5 ноября в 20:05

Путин нияти мулоқоташ бо раҳбарони кишварҳои ИДМ-ро дар моҳи декабр тасдиқ кард.

"Аз рӯи анъана мо дар охири моҳи декабр ҷамъ омада, натиҷаҳои солро ҷамъбаст намуда, нақшаҳои ояндаро муайян мекунем", - гуфт раисҷумҳури Русия.
Вай зикр намуд, ки соли оянда 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҷлил мешавад, ки дар он мардуми тамоми кишварҳои ИДМ саҳм гузоштаанд.
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 5 ноября в 19:15

Путин дастур дод, ки мизони донистани забони русӣ барои муҳоҷирон мушаххас шавад.

Раисҷумҳури Русия дар ҷаласаи Шӯрои назди президент оид ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи дастгирии забони русӣ ва забонҳои халқҳои Русия ба забондонии муҳоҷирон таваҷҷуҳ намуд.
"Қоидаҳои умумӣ дар бахши донистани забон барои онҳое, ки ба Русия барои кор меоянд, мушаххасу мустаҳкам шаванд. Бо назардошти эҳтиёҷоти воқеии шуғл, ҳангоми муошират дар ҳаёти ҳаррӯза, бо назардошти меъёрҳои иҷтимоию фарҳангии рафтор", - гуфт Путин.
Путин дастур дод, ки мизони донистани забони русӣ барои муҳоҷирон мушаххас шавад. - 958237323675
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 5 ноября в 18:55

ИИАО меъёрҳои техникии нафту газро тамдид кард.

Сухан дар бораи муқаррароти давраи гузариш меравад, ки муҳлати амалашон мебоист соли 2024 ба охир мерасид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.
Ҳоло муҳлати амали муқаррароти техникӣ то моҳи январи соли 2027 тамдид шудааст, афзуд манбаъ.
ИИАО меъёрҳои техникии нафту газро тамдид кард. - 958236259739
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 5 ноября в 18:20

"Лимит"-и барқ дар Суғд алоқаи мобилиро низ халалдор кард.

Ба далели нарасидани нерӯи барқ шабакаҳои мобилӣ дар минтақа низ ба таври фосилавӣ ба кор шурӯъ кард, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
"Тавассути симкорти ягон оператор наметавон муътадил суҳбат кард, баробари хомӯш шудани барқ алоқаи мобилӣ низ аз байн меравад", - гуфт як зодаи ноҳияи Деваштич.
Дар Истаравшан, Айнӣ, Мастчоҳи Кӯҳӣ ва дигар ноҳияҳо низ ҳамин ҳолат боқӣ мемонад.
Ҳамаш аз он сабаб, ки барои провайдерҳо нигоҳ доштани кори истгоҳҳо дар деҳаҳои дурдаст фоидаовар нест.
"Лимит"-и барқ дар Суғд алоқаи мобилиро низ халалдор кард. - 958235501723
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 5 ноября в 17:45

Дар Эрон гуфтанд, ки афроди интиҳорӣ аз Тоҷикистону Афғонистонро куштаанд.

Муҳамад Покпур Фармондиҳи неруи заминии Сипоҳи посдорон афзуд, 18 нафар дар манотиқи марзии Сиистони Балуҷистон нобуд карда шуданд
Ба таъкиди генерал, онҳо шаҳрвандони Афғонистон ва Тоҷикистон буданд, ки қасди анҷоми ҳамла интиҳорӣ дар Эронро доштанд.
Оқои Покпур гуфт, ин афрод дар "пушиш сӯхтбарон" аз марз убур мекарданд ва қасди "иқдоми террористӣ" дар Эронро доштанд.
Дар Эрон гуфтанд, ки афроди интиҳорӣ аз Тоҷикистону Афғонистонро куштаанд. - 958235381659
  • Класс!0
Показать ещё