Фильтр
Все темы
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 13:25

Wildberries мехоҳад ба бозори Тоҷикистон ворид шавад.

Татяна Ким, раиси яке аз бузургтарин бозорҳои Русия дар як дидор дар Душанбе бо раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон як ёддошти ҳамкорӣ имзо кардааст.
Тавре сардори Раёсат Ҷамшед Ҷумахонзода ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод, созишнома ҳам барои кушодани бозорҳои нав барои ширкат ва ҳам барои сохтмони маҷмааҳои логистикӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ дар дохили Тоҷикистон муфид хоҳад буд.
"Мо интизорем, ки ёддошт ба тиҷорати электронӣ такони ҷиддӣ бахшида, барои истеҳсолкунандагон ва содиркунандагони тоҷик заминагузорӣ мекунад", - таъкид кард ӯ.
Wildberries мехоҳад ба бозори Тоҷикистон ворид шавад. - 957405895323
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 12:55

Баррасии аз феҳристи созмонҳои террористӣ хориҷ кардани Толибон* дар Русия дар ҳоли анҷомёбист.

Дар ин бора директори ФСБ-и Русия Александр Бортников дар ҷаласаи Шӯрои раҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси кишварҳои узви ИДМ изҳор дошт.
"Мо омодагии Толибон*-ро барои мубориза бо хатарноктарин ҷиноҳи ДИИШ** - "Вилояти Хуросон"**-ро мебинем, ки ҳамчунон аз Ғарб кумакҳо дарёфт мекунад, ки тавоноии гуруҳи террористиро дар амалҳои тахрибкорӣ дар қаламрави мо истифода мебарад", - таъкид кард раиси ФСБ.
*-созмон барои фаъолияти террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.
**-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистону Русия.
Баррасии аз феҳристи созмонҳои террористӣ хориҷ кардани Толибон* дар Русия дар ҳоли анҷомёбист. - 957405178267
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 12:00

“Вилояти Хуросон” қасд дорад, шумори худо дар ИДМ афзоиш диҳад.

Дар ин бора Ермек Сагимбоев, раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон дар нишасти раҳбарони хадамоти вижаи кишварҳои ИДМ, ки дар остона ҷараён дорад, изҳор дошт.
“Ҳамлаҳои ахири террористӣ нишон медиҳанд, ки ин гурӯҳ қасд дорад иқтидори худро афзоиш диҳад ва тамаркузи байналмилалии худро нигоҳ дорад”, - афзуд Сагимбоев.
“Вилояти Хуросон” қасд дорад, шумори худо дар ИДМ афзоиш диҳад. - 957404795803
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 11:30

Тоҷикистон ва Узбакистон якҷоя бо терроризм мубориза мебаранд.

Дар Хуҷанд музокироти намояндагони шӯроҳои амниятии ҷумҳурӣ баргузор шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд.
Ҷонибҳо масъалаҳои мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта, қочоқи маводи мухаддир ва ифротгароиро баррасӣ карданд.
Дар поёни мулоқот котибони Шӯроҳои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Узбакистон Насрулло Маҳмудзода ва Виктор Маҳмудов протоколи машваратҳои дуҷониба ба имзо расониданд.
Тоҷикистон ва Узбакистон якҷоя бо терроризм мубориза мебаранд. - 957404308379
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 10:51
Иҷрокунандаҳои ҳамлаи террористӣ ба "Крокус"-ро ҳадафмандона аз миёни ҷамъияти тоҷикони Русия ҷалб мекарданд. - 957403867291
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 10:20

Толибон* барои машварат дар масъалаи Афгонистон ба Москва омаданд.

Дар чорабинӣ ҳамчунин ҳайатҳои Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон, Чин ва дигар кишварҳо ширкат хоҳанд кард.
Онҳо кори муштаракро бо Кобул дар соҳаҳои гуногун баррасӣ мекунанд.
* Ташкилот барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.
00:13
толибон
74 просмотра
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 09:53

Дар Остона нишасти раҳбарони хадамоти вижаи кишварҳои ИДМ ҷараён дорад.

Роҳбари Қазоқистон, Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар мулоқот бо онҳо таъкид кард, ки табодули иттилооти оперативӣ самаранокии мубориза бо таҳдидҳои амниятро афзоиш медиҳад.
Тоҷикистонро дар ин нишаст, Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон намояндагӣ мекунад.
Дар Остона нишасти раҳбарони хадамоти вижаи кишварҳои ИДМ ҷараён дорад. - 957402173851
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 09:49

Мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонуниро роҳбарони мақомоти амнияти ИДМ баррасӣ карданд

Дар нишасти Остона ҳайатҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, инчунин масъулини кумитаи иҷроия ва Маркази зиддитеррористии ИДМ иштирок доранд.
Таъкид шуд, ки ҳамкориҳо дар мубориза бо таҳдидҳои терроризми байналмилалӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ҷиноятҳои фаромиллӣ, ҷиноятҳои киберӣ ва қочоқи маводи мухаддир бояд таҳким бахшида шавад, иттилоъ дод Кумитаи амнияти Қазоқистон.
Мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонуниро роҳбарони мақомоти амнияти ИДМ баррасӣ карданд - 957402095003
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 09:37

Раиси Суди Олӣ аз додрасҳо хост, забонро тоза нигоҳ доранд

Шермуҳаммад Шоҳиён дар ҳамоиш бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ гуфт, забони давлатӣ рукни асосии соҳибихтиёрии давлат мебошад.
"Аз ин лиҳоз дар шароити ҷаҳонишавӣ софу бегазанд ва беолоишу устувор нигоҳ доштани забони модарӣ, ки заминаи муҳим ва асосӣ дар устувории пояҳои истиқлоли миллӣ мебошад, вазифаи ҳар шаҳрванд аст", - гуфт Шоҳиён.
Дар Тоҷикистон ҳамасола 5 октябр Рӯзи забони давлатӣ ҷашн гирифта мешавад.
Раиси Суди Олӣ аз додрасҳо хост, забонро тоза нигоҳ доранд - 957401728923
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 09:07

Дар Остона нишасти раҳбарони хадамоти вижаи кишварҳои ИДМ ҷараён дорад.

Роҳбари Қазоқистон, Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар мулоқот бо онҳо таъкид кард, ки табодули иттилооти оперативӣ самаранокии мубориза бо таҳдидҳои амниятро афзоиш медиҳад.
Тоҷикистонро дар ин нишаст, Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон намояндагӣ мекунад.
Дар Остона нишасти раҳбарони хадамоти вижаи кишварҳои ИДМ ҷараён дорад. - 957400988827
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 08:51

Баъде, ки амрикоиҳо аз созиши оташбас огоҳ гардиданд, Ҳасан Насруллоҳ кушта шуд

Вазири корҳои хориҷии Лубнон Абдуллоҳ Бу Ҳабиб мегӯяд, ки Ҳасан Насруллоҳро ҳамин ки амрикоиҳо аз тасмими "Ҳизбуллоҳ" барои созиш огоҳ шуданд, куштанд.
Вазири Лубнон ба суол, ки яъне Ҳасан Насруллоҳ ба оташбас розӣ шуд ва фавран пас аз он кушта шуд, посух дод, ки бале.
"Бале, мо ба оташбаси комил розӣ шудем. Раиси мо бо "Ҳизбуллоҳ" суҳбат кард, мо бо онҳо машварат кардем. Ва мо аз ин тасмим ба амрикоиҳо ва фаронсавиҳо хабар додем. Ва онҳо ба мо гуфтанд, ки Нетаняҳу низ розӣ аст", - изҳор дошт ӯ.
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 08:47

"Сипоҳон"-и Эрон ва "Истиқлол"-и Тоҷикистон дар бораи "бародарӣ ва ҳамкорӣ" ба мувофиқа расиданд

Сарони бошгоҳҳои футбол дар заминаи рушди инфрасохтори варзишӣ, баргузории бозиҳои дӯстона, табодули таҷриба, интиқоли эҳтимолии бозигарон ва ташкили семинарҳои омӯзишӣ ёддошти ҳамкорӣ имзо карданд.
"Сипоҳон"-и Эрон ва "Истиқлол"-и Тоҷикистон дар бораи "бародарӣ ва ҳамкорӣ" ба мувофиқа расиданд - 957400680347
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 08:23

Доротарин зани Русия азми роҳёбӣ ба бозори Тоҷикистон дорад.

Дар доираи сафари ҳайати баландпояи Русия ба Душанбе интизор меравад, ки ёддошти ҳамкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва ширкати Wildberries сурат гирад.
Интизор меравад, ки санадро аз ҷониби Русия мудири Wildberries, Татяна Ким имзо кунад.
Доротарин зани Русия азми роҳёбӣ ба бозори Тоҷикистон дорад. - 957400133531
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 07:39

Ҳайати баландпояи Русия вориди Тоҷикистон шуд

Муовини раиси ҳукумати Русия барои мулоқот бо сарвазири Тоҷикистон вориди Душанбе шуд.
Дар маҷлиси комиссияи байнихукуматӣ
Марат Хуснуллин ва Қоҳир Расулзода ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар ва имзои қарордодҳо миёни ширкатҳои бузурги Русия ва Тоҷикистонро баррасӣ мекунанд.
Ҳайати баландпояи Русия вориди Тоҷикистон шуд - 957399264155
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 07:16

Сомонӣ дар баробари евро, рубл ва доллар устувор шуд.

Рубли Русия, доллари амрикоӣ ва евро дар бозори арзи Тоҷикистон рӯй ба коҳиш ниҳодаанд. Тафсилоти бештар дар тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон.
Сомонӣ дар баробари евро, рубл ва доллар устувор шуд. - 957398734491
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 19:41
Кишвари дигари Иттиҳодияи Аврупо аз пуштибонии низомии Киев худдорӣ кард. - 957387869339
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 18:52
  • Класс!2
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:43
Кишварҳои ИИАО худро тақрибан 100% ба маводи ғизоӣ таъмин мекунанд. - 957385433755
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 16:53
Эрон Фаластинро то охир дастгирӣ мекунад. - 957384450715
  • Класс!2
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 15:59
Тоҷикистон дипломатияи варзиширо бо кишварҳои дигари Осиё рушд хоҳад дод. - 957383359643
  • Класс!1
Показать ещё