Фильтр
Все темы
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 13:53

Дар Тоҷикистон теъдоди паноҳҷӯён аз Афғонистон коҳиш ёфтааст.

Дар ин бора муовини сардори Хадамоти шиносномадиҳӣ ва бақайдгирии ВКХ Боймаҳмад Раҷабзода дар ҳошияи конфронси "Барҳам додани бешаҳрвандӣ дар Осиёи Марказӣ", ки дар Ишқобод баргузор шуд, хабар дод.
Ба гуфтаи вай, имрӯз дар Тоҷикистон ҳудуди 9,5 ҳазор паноҳҷӯи афғон ба сар мебаранд. Пеш шумораи онҳо аз 15 ҳазор зиёд буд.
"Мо гуреза дорем, асосан шаҳрвандони Афғонистон, 9569 [нафар] <…> инҳо шаҳрвандони хориҷӣ ҳастанд, ки мақоми гуреза доранд", - шарҳ дод Раҷабзода.
Дар Тоҷикистон теъдоди паноҳҷӯён аз Афғонистон коҳиш ёфтааст. - 958353967259
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 12:17

Идомаи сафари Раҳмон ба Хатлон: президент дар Абдураҳмони Ҷомӣ чӣ иншоотҳо ба истифода дод:

🔸бинои Қасри фарҳанг;
🔸муҷассамаи шоир ва мутафаккири тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ;
🔸бинои истиқоматӣ барои хизматчиёни давлат;
🔸бинои нави Нозироти андоз
    Идомаи сафари Раҳмон ба Хатлон: президент дар Абдураҳмони Ҷомӣ чӣ иншоотҳо ба истифода дод: - 958352029851
    Идомаи сафари Раҳмон ба Хатлон: президент дар Абдураҳмони Ҷомӣ чӣ иншоотҳо ба истифода дод: - 958352029595
    Идомаи сафари Раҳмон ба Хатлон: президент дар Абдураҳмони Ҷомӣ чӣ иншоотҳо ба истифода дод: - 958352029339
    Идомаи сафари Раҳмон ба Хатлон: президент дар Абдураҳмони Ҷомӣ чӣ иншоотҳо ба истифода дод: - 958352029083
    Идомаи сафари Раҳмон ба Хатлон: президент дар Абдураҳмони Ҷомӣ чӣ иншоотҳо ба истифода дод: - 958352028827
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 10:58

Кори сафоратхонаи Афғонистон дар Душанбе, ҳатто агар дипломати толибон* таъин шавад дигар намешавад.

Дар ин бора ба @Sputnik_Tajikistan сафир Муҳаммад Зоҳир Ағбар хабар дод.
Вай зикр кард, ки барои ҳалли мушкилоти афғонҳо бо кор ва раводид метавон намояндаи ин ҷунбишро ба Тоҷикистон эъзом кард. Ин махсусан барои соҳибкорон ва сайёҳон муҳим аст.
* Ташкилот барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.
Кори сафоратхонаи Афғонистон дар Душанбе, ҳатто агар дипломати толибон* таъин шавад дигар намешавад. - 958350062491
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 20:05

ИИАО ёддошти ҳамкорӣ бо Сурияр мебандад.

Тафсилоти лоиҳаро дар мулоқот роҳбари департаменти сиёсати тиҷоратии КИАО ва сафири Сурия дар Русия баррасӣ карданд.
"Шарқ барои Сурия афзалияти ҳамкориҳои иқтисодӣ шудааст, аз ин рӯ рушди муносибатҳо бо кишварҳои ИИАО, СҲШ ва БРИКС аз ҷиҳати стратегӣ муҳим аст", - гуфт сафир Башор Ҷаъфарӣ.
ИИАО ёддошти ҳамкорӣ бо Сурияр мебандад. - 958329118107
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 19:10

Орденҳои Шарафу Ғалаба кай таъсис ёфтанду кӣ соҳиб шуд?

81 сол муқаддам дар ИҶШС ду ордени муҳимтарин – ордени "Ғалаба" барои ҳайати фармондеҳии калон ва ордени "Шараф" барои аскарони қаторй ва сержантҳо таъсис дода шуданд.
Ордени «Ғалаба» на фақат пуршараф, балки нодиртарин ва гаронбаҳотарин буд: барои ҳар яки он 300 грамм платина ва камаш 180 алмосу ёқут сарф мешуд.
Ҳамагӣ 22 ордени Ғалаба сохта шуд, ки дутоашон тақдим нашуданд.
Жуков бо ордени “Ғалаба” таҳти №1 мукофотонида шуд.
5 ордени Ғалаба ба фармондеҳони нерӯҳои иттифоқӣ - Тито, Роля-Жимерски, Эйзенхауэр, Монтгомери ва Михай I тақдим гардиданд.
Брежнев охирин бор соли 1978 ин орденро гирифта буд, аммо соли 1989 Горбачёв фармо
  • Класс!2
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 18:05

Эрдуғон бо омадани Трамп умед ба ҳалли низоъ дар Украина кард.

Туркия интизор дорад, ки бӯҳрони атрофи Украинаро дар ҳамкорӣ бо маъмурияти нави ИМА бартараф кунад, изҳор дошт раисҷумҳур, Раҷаб Тайиб Эрдуғон.
Илова бар ин, ӯ қайд кард, ки мехоҳад бо Трамп таҳаввулоти Ховари Миёна, бахусус, амалкарди Исроилро баррасӣ кунад ва изҳори умедворӣ кард, ки Трамп интиқоли силоҳ ба ин давлатро қатъ мекунад.
Эрдуғон инчунин ҷумҳурихоҳро ба Туркия даъват кард.
Эрдуғон бо омадани Трамп умед ба ҳалли низоъ дар Украина кард. - 958318176923
  • Класс!2
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:05

Ифтитоҳи кӯдакистони русию тоҷикӣ дар Хатлон

Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои иловагии кӯдакистони № 6-ро кушод, ки таҳсил дар он бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ сурат мегирад.
Бинои дуошёна аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар муҳлати 1 сол бунёд ёфта, барои 180 кӯдак пешбинӣ шудааст.
Раисҷумҳур зимни ифтитоҳ парасторонро барои дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани насли наврас ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ҳидоят кард.
Ифтитоҳи кӯдакистони русию тоҷикӣ дар Хатлон - 958318113691
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 16:05

Шумораи бекорон дар ИИАО 15% кам шудаст.

Дар ҷамъбасти нуҳмоҳаи аввали соли ҷорӣ иттилоъ дода шуд, ки теъдоди бекорон дар ҳудуди кишварҳои узви созмон ҳудуди 737,7 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Сатҳи умумии бекорӣ то нимаи тирамоҳ 0,8%-ро ташкил додаст, афзуд КИАО.
Шумораи бекорон дар ИИАО 15% кам шудаст. - 958318097563
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 15:05

Раҳмон дар Бохтар корхонаи истеҳсоли гӯгирд кушод.

Иқтидори истеҳсолии корхона, ки бо харҷи 2 млн сомонӣ бунёд шудаст, дар як сол 100-ҳазор қутии шартӣ пешбинӣ шудааст, иттилоъ дод дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон.
Дар корхона 40 нафар сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши баланд таъмин гардидаанд, ки аксарашон занонанд, афзуд манбаъ.
    Раҳмон дар Бохтар корхонаи истеҳсоли гӯгирд кушод. - 958318031259
    Раҳмон дар Бохтар корхонаи истеҳсоли гӯгирд кушод. - 958318031003
    Раҳмон дар Бохтар корхонаи истеҳсоли гӯгирд кушод. - 958318030747
  • Класс!5
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 14:00

Тоннаи маводи мухаддирро, ки тавассути Русия ба Аврупо интиқол доданӣ буданд, боздошт карданд.

Ба иттилои Хадамоти федералии амният - ФСБ, арзиши тахминии он дар бозори сиёҳ 3,5 млрд рубл аст.
Хориҷиҳо кӯшиш карданд, ки як қисми борро ба дар Русия фурӯшанд. Ҳангоми аз махфигоҳ берун овардани маводи мухаддир як шаҳрванди Эстония ва ду шаҳрванди Русия боздошт шуданд, афзуд манбаъ.
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 13:10

Толибон*дар 3 сол 70%-и таҷҳизоти низомии бозмонда аз амрикоиҳоро таъмин кардаанд.

Дар ин бора сардори шуъбаи техникии Вазорати дифои Толибон* ба Tolo News иттилоъ дод.
Дар маҷмуъ, дар ин муддат қариб 6,8 ҳазор аслиҳа ба хидмат баргардонида шуд, гуфт Нақибулло Азизӣ.
*- ташкилот барои фаъолияти террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.
Толибон*дар 3 сол 70%-и таҷҳизоти низомии бозмонда аз амрикоиҳоро таъмин кардаанд. - 958317705115
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 12:40

Ҳудуди 70%-и нерӯи барқи "Роғун" ба хориҷа содир мешавад.

Ин нуктаро вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, Далер Ҷумъа дар ҳамоиши ҳамтоёнаш аз Осиёи Марказӣ дар Остона баён дошт.
Ӯ гуфт, то ҳол ду агрегати фаъоли "Роғун", алакай зиёда аз 7,5 млрд.кВт соат неруи барқ истеҳсол кардаанд.
"НБО "Роғун" дар оянда на танҳо амнияти энергетикии Тоҷикистонро таъмин менамояд, балки дар афзоиши ҳаҷми содирот ба кишварҳои ҳамсоя низ саҳм хоҳад гузошт. Тақрибан 10 млрд.кВт. соат содир мешавад", - гуфт ӯ.
Ҳудуди 70%-и нерӯи барқи "Роғун" ба хориҷа содир мешавад. - 958313236123
Ҳудуди 70%-и нерӯи барқи "Роғун" ба хориҷа содир мешавад. - 958313236123
  • Класс!3
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 12:15

Бисёриҳо бархӯрди Русия ва Чинро дар Осиёи Марказӣ интизор буданд, ки нашуд.

Путин дар нишасти Клуби байналмилалии "Валдай" гуфт, Русия мехоҳад Осиёи Марказӣ устуворона рушд кунад
"Агар Чин ба ин иқтисодҳо кумак кунад, ин натиҷаи ҳамкориҳои иқтисодӣ аст, равандҳои сиёсии дохилӣ ба эътидол меоянд, мо танҳо ба ин манфиатдорем, ки дар он ҷо вазъ муътадил бошаду рушд устувор. Рақобат нест, танҳо ҳамкорӣ", - таъкид кард Путин.
Вай афзуд, ки ин ба рушди равобити суннатии Русия бо Осиёи Марказӣ монеъ намешавад. Кишварҳои минтақа "робитаҳои вижаи мо"-ро қадр мекунанд.
Бисёриҳо бархӯрди Русия ва Чинро дар Осиёи Марказӣ интизор буданд, ки нашуд. - 958313210523
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 10:05

Дар Бохтар Маркази касбомӯзӣ ифтитоҳ шуд, ки русиро низ дар он таълим медиҳанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дар марказ 5 намуди касб, аз ҷумла устои барқ, кафшергар, андовагар, челонгар-сантехник ва устои панелҳои офтобӣ омода мешаванд.
Ҳамчунин таълими забонҳои кореягӣ, англисӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст, афзуд манбаъ.
Дар бино устохонаҳои кафшергарӣ, андовагарӣ ва нигаҳдории таҷҳизоти барқӣ ҷойгир карда шуда, хатмкунандагон соҳиби ҳуҷҷати намунаи давлатӣ мегарданд.
    Дар Бохтар Маркази касбомӯзӣ ифтитоҳ шуд, ки русиро низ дар он таълим медиҳанд. - 958311772059
    Дар Бохтар Маркази касбомӯзӣ ифтитоҳ шуд, ки русиро низ дар он таълим медиҳанд. - 958311771803
    Дар Бохтар Маркази касбомӯзӣ ифтитоҳ шуд, ки русиро низ дар он таълим медиҳанд. - 958311771547
  • Класс!2
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 09:10

Путин гуфт, ки Ғарб тавассути Русия талош кардааст, захоири ҳастаии Чинро коҳиш диҳад.

Изҳороти дигари Путин дар бораи силоҳи ҳастаӣ дар ҷаласаи пленарии клуби "Валдай":
▪️Русия ба муколама оид ба суботи стратегӣ бо Иёлоти Муттаҳида омода аст. Вашингтон бояд бо назардошти манофеи Русия ба ин гуна гуфтушунид софдилона муносибат кунад.
▪️Захоири ҳастаии Британияи Кабир ва Фаронса барин кишварҳо на танҳо афзоиш меёбанд, балки сифатан низ тағйир меёбанд. Инро дар созишномахои оид ба суботи стратеги бояд ба назар гирифт.
▪️Масъалаи ҷилавгирӣ аз яроқи ҳастаӣ ҳоло назар ба 20-30 сол пеш печидатар шудааст. Бо вуҷуди ин, Русия масъулияти худро дарк мекунад.
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 08:20

Русия бо касе бар зидди касе муттаҳид намешавад.

Ин раисҷумҳури Русия, Владимир Путин дар нишасти клуби "Валдай" дар посух ба суол, ки агар Трамп занг занад ва пешниҳод кунад, ки барои шикаст додани Чин нерӯҳоро якҷо кунад, изҳор дошт.
"Мо бо Чин ҳамкорӣ мекунем ва равобити мо алайҳи кишварҳои сеюм, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳида нигаронида нашудааст", - гуфт Путин.
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 07:46

Путин шарти қабули хуби муҳоҷирон аз ҷониби шаҳрвандон дар Русияро тавзеҳ дод.

Агар муҳоҷирон бо забони русӣ ҳарф зананд ва қонунҳои Русияро донанд, нисбаташон муносибати номақбул нахоҳад буд, изҳор дошт раисҷумҳури Русия.
Вай дар ҷаласаи пленарии клуби "Валдай" изҳор дошт, марҳилаи аввали ислоҳоти сиёсати муҳоҷират бояд фароҳам овардани чунин шароит бошад, ки одамоне, ки барои кор ба Русия меоянд, ба ин омодагии кофӣ дошта бошанд.
"Онҳо забони русиро хуб донанд, мо дар ин бора борҳо гуфта будем, ки қонунҳоро донанду риоя кунад", - таъкид кард Путин.
Путин шарти қабули хуби муҳоҷирон аз ҷониби шаҳрвандон дар Русияро тавзеҳ дод. - 958310094235
  • Класс!2
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 07:08

Қурби рубл, доллар ва евро дар бозори арзи Тоҷикистон поин рафт.

Бонки миллии Тоҷикистон аз поинравии қурби се асъори муҳиме, ки дар бозори арзи Тоҷикистон бештар хариду фурӯш мешавад хабар дод. Тафсилоти бештар дар тасвирабаёни Sputnik Тоҷикистон.
Қурби рубл, доллар ва евро дар бозори арзи Тоҷикистон поин рафт. - 958309576603
Қурби рубл, доллар ва евро дар бозори арзи Тоҷикистон поин рафт. - 958309576603
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 7 ноября в 19:45

Дар қаламрави ИИАО истеҳсоли шакар 1,5% афзоиш ёфт

Дар қаламрави ИИАО истеҳсоли шакар 1,5% афзоиш ёфт - 958296692379
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 7 ноября в 19:15

Криштиану Роналду ва Муҳаммад Салоҳ, ворисони эҳтимолии Неймар

Рӯзномаи Saudi Sports навишт, бошгоҳи Ал-Ҳилол, ки ба унвони пурқудраттарин тими футболи Арабистони Саъудӣ дар солҳои ахир маъруф аст, мехоҳад як ситораи бузургеро ҷалб кунад, то хатти ҳамлаи худро пас аз захмҳои пай дар пайи Неймар тақвият диҳад.
Тибқи гузоришҳои нашршуда, Криштиану Роналду ва Муҳаммад Салоҳ ба унвони варианти аслии "Ал-Ҳилол" барои иваз кардани Неймар пешниҳод шудаанд.
Неймар дар бозӣ бо "Истиқлол"-и Эрон захм бардошт ва қарор аст, то ду моҳ муолиҷа гирад. Тибқи гузоришҳо, раҳбарияти "Ал-Ҳилол" дар охири мавсим ҳадафи қатъи шартнома бо бозигарро дорад.
Криштиану Роналду ва Муҳаммад Салоҳ, ворисони эҳтимолии Неймар - 958292384411
  • Класс!3
Показать ещё