Фильтр
Все темы
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 08:09

▪️Теъдоди қурбониёни таркишҳои дастгоҳҳои мухобиротӣ дар Лубнон ба 32 нафар расид. Камаш 450 нафар м

  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 07:46

Эмомалӣ Раҳмон бо Рустами Эмомалӣ ба Данғара рафт.

Ба гузориши котиботи раисҷумҳур, президент ва шаҳрдори Душанбе ба корҳои сохтмони бинои Маркази ҷавонон дар ноҳия оғози расмӣ бахшиданд.
Гуфта мешавад, ки бино 7 ошёна шуда, дар он Марказҳои ҷавонон, омӯзишиву тайёрии касбӣ, забономӯзӣ, китобхона, гӯшаи варзишӣ ва меҳмонхона ҷой дода мешавад.
    Эмомалӣ Раҳмон бо Рустами Эмомалӣ ба Данғара рафт. - 956984360347
    Эмомалӣ Раҳмон бо Рустами Эмомалӣ ба Данғара рафт. - 956984360091
    Эмомалӣ Раҳмон бо Рустами Эмомалӣ ба Данғара рафт. - 956984359835
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 07:24

"Равшан"-и Кӯлоб бозиро бо қаҳрамони Ҳиндустон - бошгоҳи "Моҳун Баган" мусовӣ (0:0) кард.

Ин рақобати марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё буд, ки дар Калкута гузашт.
Ҳамин тариқ, ноибқаҳрамони Тоҷикистон бо ин мусовӣ дар сафар як имтиёз ба даст овард.
"Равшан"-и Кӯлоб бозиро бо қаҳрамони Ҳиндустон - бошгоҳи "Моҳун Баган" мусовӣ  (0:0) кард. - 956983739547
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 07:09
Сомонӣ дар қиболи асъори хориҷӣ тақвият меёбад. - 956983345819
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 18:55

Тоҷикистон боз дар тамринҳои СПАД ширкат хоҳад кард.

Вазорати дифои Ҷумҳурии Қазоқистон хабар дод, ки аз 26 сентябр то 7 октябр дар тамрингоҳи "Берег"-и вилояти Алмаато "Бародарии тахрибнашуда -2024" баргузор мешавад.
Аллакай ба тамрингоҳ ворид шудани контингентҳои низомии кишварҳои узви СПАД шурӯъ кардаанд.
Тоҷикистон боз дар тамринҳои СПАД ширкат хоҳад кард. - 956962407323
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:55

Дар мактабҳои русӣ шумораи кӯдаконе, ки забони русиро намедонанд, маҳдуд карда мешавад.

Вазорати маорифи Федератсияи Русия аз пешниҳоди ҳизби "Русияи одил" пуштибонӣ кард, гуфт муовини аввали раиси Кумитаи Думаи Давлатӣ оид ба маориф.
"Ба минтақаҳо тавсияҳо фиристода шудаанд, ки на бештар аз се мактабхони хориҷӣ, ки забонро намедонанд, ба синф қабул карда шаванд", - шарҳ дод Яна Лантратова.
Ӯ гуфт, шумораи зиёди ингуна хонандагон ба раванди таълим таъсири манфй мерасонад.
Дар мактабҳои русӣ шумораи кӯдаконе, ки забони русиро намедонанд, маҳдуд карда мешавад. - 956959799963
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:15

Ҳамкории Покистон бо кишварҳои узви ИИАО баррасӣ мешавад.

Ноиби сарвазири Русия, Алексей Оверчук дар садри як ҳайати ҳукуматӣ вориди Исломобод шуд.
Дар доираи ин сафар аз ҷумла баррасии имкони таъсиси минтақаи озоди тиҷоратӣ миёни Покистон ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баррасӣ хоҳад шуд.
Ҳамкории Покистон бо кишварҳои узви ИИАО баррасӣ мешавад. - 956958805915
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 16:25

СПАД Арманистонро то ҳол шарики худ медонад.

Дар ин бора дабири кулли созмон хабар дод.
"Мо барои муколама бо ҳамкасбони Ереван оид ба тамоми маҷмӯи масъалаҳои ҷорӣ омодаем", - шарҳ дод Имангали Тасмагабетов.
Қаблан Арманистон ширкат дар СПАД -ро мутаваққиф карда буд, аммо Никол Пашинян дар нишасти ин созмон дар Қазон дар моҳи октябр ширкат хоҳад кард.
СПАД Арманистонро то ҳол шарики худ медонад. - 956958606491
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 15:55

Барномаи СПАД барои таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон то охири соли 2024 қабул мешавад.

Дар ин бора дабири кулли созмон Имангалӣ Тасмағамбето хабар дод.
Вай қайд кард, ки ҳоло барои беҳтар намудани амният дар ин минтақа тадбирҳо фаъолона андешида мешаванд.
"Санҷишҳои кунунӣ ба давлатҳои мо кӯмак мекунанд, ки манфиатҳои дастгирии мутақобила ва муносибати дастаҷамъонаро пурра дарк кунанд", - афзуд Тасмағамбетов.
Барномаи СПАД барои таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон то охири соли 2024 қабул мешавад. - 956956884123
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 15:48

Додситони кулли Русия вориди Душанбе шуд

Игор Краснов дар ҷаласаи IX Шӯрои байнидавлатии мубориза бо фасод иштирок мекунад.
Илова бар ин, ӯ бо ҳамкасбони хориҷӣ як қатор мулоқотҳо анҷом медиҳад, хабар дод Прокуратураи Русия.
00:32
Краснов
86 просмотров
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 15:25

Маскав таркиши пейҷерҳо дар Лубнонро маҳкум кард.

Русия таркишҳои пейҷерҳо дар Лубнонро як амали ҷанги гибридӣ медонад ва онро маҳкум мекунад, изҳор дошт Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар.
Маскав ҳамчунин ҷонибҳоро ба худдорӣ аз шиддати минбаъдаи авзоъ даъват кардааст.
Маскав таркиши пейҷерҳо дар Лубнонро маҳкум кард. - 956956707995
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 14:55

Дар Санкт-Петербург Анҷумани IV занони Авруосиё оғоз шуд.

Зиёда аз 2 ҳазор за барои баррасии масоили ҷаҳонӣ ва таҳкими ҳамкорӣ ҷамъ омадаанд, хабар дод мухбири Sputnik Тоҷикистон.
Мавзӯи аслии чорабинӣ "Занон ҷонибдори эҷоди эътимод ва ҳамкории ҷаҳонӣ" мебошад.
Дар доираи чорабинӣ ҷаласаҳои пленарӣ, мубоҳисаҳо ва вебинарҳо, инчунин Форуми занони БРИКС пешбинӣ шудааст.
00:43
ок
56 просмотров
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 14:05

Толибон* дар Покистон дучори таниши дипломатӣ шуданд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе пайдо шуд, ки дар он консули генералии Толибон* дар Пешовар Муҳибулло Шокир ва ёвари ӯ суруди миллии Покистонро нодида гирифта, дар курсиҳои худ нишастаанд.
Дар ҳоле ки тибқи одоб ва оини дипломатӣ онҳо бояд аз ҷой бархезанд.
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Покистон, Мумтоз Заҳро Балуҷ гуфтааст, чунин рафтор хилофи меъёрҳои дипломатӣ аст ва эътироз ҳам ба сафорати Толибон* дар Исломобод ва ҳам ба Вазорати хориҷаи онҳо дар Кобул расонда мешавад.
*-Ин созмон барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 13:50

Дар Ӯзбекистон бар сари хару хӯрдани гӯшташ баҳс сар зад.

Хабарҳо паҳн гардиданд, ки гӯиё палатаи қонунгузор лоиҳаи қонунеро қабул кардааст, ки ин ҳайвонҳоро ба рӯйхати ҳайвоноти ғизоӣ дохил мекунад.
Аммо муовини раиси порлумон Одилҷон Тоҷиев тавзеҳ дод, ки санади мавриди баррасӣ дар бораи гӯшт не, балки дар бораи бақайдгирӣ ва ҳисоби ин ҳайвонот мебошад.
Дар Ӯзбекистон бар сари хару хӯрдани гӯшташ баҳс сар зад. - 956954942363
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 13:20

Дар Маскав кормандони идораи муҳоҷирати ВКД барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ боздошт шуданд.

Ба иттилои Кумитаи тафтишот, боздоштшудаҳо барои муҳоҷирони корӣ, корт, варақаи огоҳинома ва дигар аснодро ба таври ғайриқонунӣ омода мекарданд.
Бо кӯмаки онҳо 14 шаҳрванди хориҷӣ имкон пайдо карданд, то дар Русия ғайриқонунӣ иқомат ва кор кунанд.
Дар Маскав кормандони идораи муҳоҷирати ВКД барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ боздошт шуданд. - 956954874267
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 12:55
Пашинян: Арманистон ширкат дар СПАД -ро ба далели он ки ин сохтор "ба истиқлолияти ҷумҳурӣ таҳдид эҷод кард",  мутаваққиф кард - 956954333339
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 12:20

Ҳаҷми гардиши мол миёни ИИАО ва Чин ба $300 млрд расид.

Ҳамагӣ 10 сол пеш ин рақам аз $100 млрд доллар зиёд набуд, гуфт вазири савдои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.
"Ин афзоиш, аз ҷумла, ба шарофати иртибот бо ташаббуси "Як камарбанд - як роҳ" ба даст омад", - шарҳ дод Андрей Слепнев.
Ҳаҷми гардиши мол миёни ИИАО ва Чин ба $300 млрд расид. - 956954128027
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 11:55

Қазоқистон ба Тоҷикистон гӯшти гов ирсол кард: нарх арзон мешавад?

Ба иттилои Вазорати кишоварзии Қазоқистон, аллакай 16 тон гӯшт ба Тоҷикистон фиристода шуд ва он ҳоло дар роҳ аст.
Манбаъ афзуд, Қазоқистон ният доранд, то охири сол ба Тоҷикистон 5 ҳаор тон гӯшти гов фурӯшад.
Қазоқистон ба Тоҷикистон гӯшти гов ирсол кард: нарх арзон мешавад? - 956954071195
  • Класс!4
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 11:20

Байни Душанбе ва Тошканд долони нави ҳавоӣ пайдо мешавад.

Созишномаи дахлдор дар бораи масири нави ҳавоӣ байни пойтахтҳоро "Тоҷикаэронавигатсия" ва “Узаэронавигатсия” имзо карданд.
Раёсатҳо қайд мекунанд, ки масири нав аз ҷиҳати сарфаи вақт ва сарфи сӯзишворӣ барои интиқоли мусофирон хеле муфид аст.
Байни Душанбе ва Тошканд долони нави ҳавоӣ пайдо мешавад. - 956952330139
  • Класс!2
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 10:55

Маскаву Душанбе созишномаи мубориза бо коррупсияро имзо мекунанд

Имзои созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Русия дар назар аст.
Маросими имзо 19 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон дар доираи ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия баргузор мегардад.
Маскаву Душанбе созишномаи мубориза бо коррупсияро имзо мекунанд - 956949646747
  • Класс!0
Показать ещё