Фильтр
Все темы
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 13:20

Дар Маскав кормандони идораи муҳоҷирати ВКД барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ боздошт шуданд.

Ба иттилои Кумитаи тафтишот, боздоштшудаҳо барои муҳоҷирони корӣ, корт, варақаи огоҳинома ва дигар аснодро ба таври ғайриқонунӣ омода мекарданд.
Бо кӯмаки онҳо 14 шаҳрванди хориҷӣ имкон пайдо карданд, то дар Русия ғайриқонунӣ иқомат ва кор кунанд.
Дар Маскав кормандони идораи муҳоҷирати ВКД барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ боздошт шуданд. - 956954874267
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 12:55
Пашинян: Арманистон ширкат дар СПАД -ро ба далели он ки ин сохтор "ба истиқлолияти ҷумҳурӣ таҳдид эҷод кард",  мутаваққиф кард - 956954333339
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 12:20

Ҳаҷми гардиши мол миёни ИИАО ва Чин ба $300 млрд расид.

Ҳамагӣ 10 сол пеш ин рақам аз $100 млрд доллар зиёд набуд, гуфт вазири савдои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.
"Ин афзоиш, аз ҷумла, ба шарофати иртибот бо ташаббуси "Як камарбанд - як роҳ" ба даст омад", - шарҳ дод Андрей Слепнев.
Ҳаҷми гардиши мол миёни ИИАО ва Чин ба $300 млрд расид. - 956954128027
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 11:55

Қазоқистон ба Тоҷикистон гӯшти гов ирсол кард: нарх арзон мешавад?

Ба иттилои Вазорати кишоварзии Қазоқистон, аллакай 16 тон гӯшт ба Тоҷикистон фиристода шуд ва он ҳоло дар роҳ аст.
Манбаъ афзуд, Қазоқистон ният доранд, то охири сол ба Тоҷикистон 5 ҳаор тон гӯшти гов фурӯшад.
Қазоқистон ба Тоҷикистон гӯшти гов ирсол кард: нарх арзон мешавад? - 956954071195
  • Класс!3
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 11:20

Байни Душанбе ва Тошканд долони нави ҳавоӣ пайдо мешавад.

Созишномаи дахлдор дар бораи масири нави ҳавоӣ байни пойтахтҳоро "Тоҷикаэронавигатсия" ва “Узаэронавигатсия” имзо карданд.
Раёсатҳо қайд мекунанд, ки масири нав аз ҷиҳати сарфаи вақт ва сарфи сӯзишворӣ барои интиқоли мусофирон хеле муфид аст.
Байни Душанбе ва Тошканд долони нави ҳавоӣ пайдо мешавад. - 956952330139
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 10:55

Маскаву Душанбе созишномаи мубориза бо коррупсияро имзо мекунанд

Имзои созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Русия дар назар аст.
Маросими имзо 19 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон дар доираи ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия баргузор мегардад.
Маскаву Душанбе созишномаи мубориза бо коррупсияро имзо мекунанд - 956949646747
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 10:20

Дар соҳили Сирдарё дар Хуҷанд макони нави истироҳатию фароғатӣ бунёд мешавад

Бо ҷараёни корҳо, раиси Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода шинос шуд.
Аз пули куҳна то пули "Ҷашнӣ" бо дарозии 2 км ва паҳноии 8 метр роҳи пиёдагард ва макони истироҳативу фароғатӣ фароҳам мешавад, иттилоъ дод мақомоти вилоят.
Аҳмадзода барои ҳарчи зудтар ба охир расонидани корҳо, бо тарҳу ороиши хос омода намудани нишастгоҳу суҳбаткадаҳо супоришҳо дод.
    Дар соҳили Сирдарё дар Хуҷанд макони нави истироҳатию фароғатӣ бунёд мешавад - 956949497755
    Дар соҳили Сирдарё дар Хуҷанд макони нави истироҳатию фароғатӣ бунёд мешавад - 956949497499
    Дар соҳили Сирдарё дар Хуҷанд макони нави истироҳатию фароғатӣ бунёд мешавад - 956949497243
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 09:50

Қазоқистон ба Тоҷикистон ҳаҷми рекордии ғалла фиристод.

Тайи 8 моҳ Қазоқистон ба кишварҳои дигари Осиёи Миёна 2,5 млн тон ғалла фиристод. Аз ин 1,8 млн тон ба Узбекистон, 600 ҳазор тон ба Тоҷикистон, 100 ҳазор тон ба Туркманистон ва Қирғизистон фиристода шудааст, хабар медиҳад @sputnikKZ.
"Дар 12 рӯзи моҳи сентябр ба кишварҳои Осиёи Марказӣ 132 ҳазор тонна ғалла фиристода шуд, ки ин нисбат ба моҳи сентябри соли 2023 2,5 баробар зиёд аст. То охири моҳ ҳаҷми интиқоли ғалла тақрибан 250 ҳазор тоннаро ташкил хоҳад дод", - иттилоъ дод ширкати миллии роҳи оҳани Қазоқистон.
Қазоқистон ба Тоҷикистон ҳаҷми рекордии ғалла фиристод. - 956949001883
  • Класс!2
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 09:05

Масъулини мубориза бо фасод дар ИДМ дар Душанбе ҷамъ меоянд

Рӯзи 19 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия баргузор мегардад.
Дар ҳамоиш иштироки намояндагони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Арманистон ва Беларус дар назар аст. Масъулин таҳкими ҳамкорӣ бо фасодро баррасӣ хоҳанд кард.
Масъулини мубориза бо фасод дар ИДМ дар Душанбе ҷамъ меоянд - 956948800667
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 08:30

Тоҷикистон ният дорад, ҳар сол 100 ҳазор бех ниҳоли павлонияро парвариш кунад

Бо ин ҳадаф Барномаи рушди парвариши павловния барои солҳои 2024-2028 оғоз гардида, масоҳати плантатсияҳои саноатӣ алакай ба 43,4 гектар расонда шудаст.
Ҳадаф аз ин иқдом таъмини чӯби корӣ, захираи хӯроки чорво, зиёд намудани истеҳсоли асали молӣ, аз бодлесӣ нигоҳ доштани заминҳои кишоварзӣ ва беҳбуди шароити экологии ҷумҳурӣ арзёбӣ шудаст.
Тоҷикистон ният дорад, ҳар сол 100 ҳазор бех ниҳоли павлонияро парвариш кунад - 956948680091
  • Класс!2
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 07:55

Теъдоди кушташудагон бар асари таркиши пейҷерҳо дар Лубнон ба 11 нафар расид

Шумори маҷруҳон дар ҳолати вазнин 400 нафар гуфта мешавад.
Al Jazeera бо такя ба як манбаъ дар нерӯҳои амниятӣ гузориш медиҳад, ин дастгоҳҳо тақрибан шаш моҳ пеш бо тақрибан 20 грам маводи тарканда муҷаҳҳаз шудаанд.
Ҳоло мақомот фарзияи даст доштани хадамоти истихбороти Исроил дар ҳамлаи террористиро тафтиш мекунанд ва нашрияи “Yedioth Ahronoth” хабар медиҳад, ки нерӯҳои захираии исроилӣ дастури изтирорӣ гирифтаанд, ки фавран ба пойгоҳҳо ҳозир шаванд.
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 07:05

Нархи рубл дар Тоҷикистон поинравиро идома дод

Қимати доллар ва евро баръакс майли болоравӣ доранд. Тафсилот дар тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон.
Нархи рубл дар Тоҷикистон поинравиро идома дод - 956941633691
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 18:00

Володин ваъда дод, ки ба ҳамлаҳо ба шаҳрҳои Русия бо "силоҳи пурқувваттар" посух хоҳад дод.

Ба гуфтаи раиси Думаи давлатӣ, агар Украина бо силоҳҳои ғарбӣ ба Русия ҳамла кунад, НАТО комилан ба ин низоъ ҷалб хоҳад шуд ва иштирокчии он мешавад.
"Онҳо фикр мекунанд, ки ин ба онҳо таъсир намерасонад. Мо барои посух додан силоҳи пурқувватаре дорем, ки дар ҳолати омодагӣ қарор дорад", гуфт ӯ.
Володин ваъда дод, ки ба ҳамлаҳо ба шаҳрҳои Русия бо "силоҳи пурқувваттар" посух хоҳад дод. - 956933973659
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 16:50

Сарони минтақаҳои кишварҳои узви СҲШ таҳкими ҳамкориҳоро баррасӣ мекунанд.

Аз 17 то 19 сентябр дар шаҳри Омск Форуми IV сарони минтақавии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай ҷараён хоҳад дошт.
Дар он кариб 500 нафар, аз ҷумла намояндагони 17 вилояти кишварҳои хориҷӣ иштирок доранд, изҳор доштанд масъулини Омск.
Дар феҳрасти кишварҳои иштирокдор дар баробари минтақаҳои Русия ҳамчунин ҳайатҳои Чин, Ҳиндустон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Тоҷикистон зикр шудаанд.
Сарони минтақаҳои кишварҳои узви СҲШ таҳкими ҳамкориҳоро баррасӣ мекунанд. - 956926933147
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 16:25

Авҷи бемориҳои мавсимӣ дар Тоҷикистон ҳафтаи дуюми моҳи октябр дар назар аст.

Барои Тоҷикистон бемориҳои шадиди роҳҳои нафас дар фасли тирамоҳ хос аст, гуфт ноиби сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ба Sputnik Тоҷикистон.
Авҷи бемориҳо тибқи пешгӯиҳои эпидемиологӣ ҳафтаи дуюми октябр дар назар буда, феълан вазъ муътадилу таҳти назорат мебошад, гуфт Наврӯз Ҷаъфаров.
Ҳарчанд соли хониш оғоз шуд ва ҳаво каме сардтар гардид, аммо мёни ду ҳафтаи охир ягон тағйироте дар раванди гирифторшавӣ ба бемориҳои мавсимӣ нест, афзуд ӯ.
Авҷи бемориҳои мавсимӣ дар Тоҷикистон ҳафтаи дуюми моҳи октябр дар назар аст. - 956926907803
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 15:50

Дар вилояти Маскав ба муҳоҷирон машғул шудан ба фурӯши шаурма ва машруботро манъ мекунанд.

Аз 1 январи соли 2025 маҳдудиятҳо барои кори шаҳрвандони хориҷӣ тибқи патент ҷорӣ мешаванд.
"Дар тӯли се сол ба мо шикоятҳои тиҷоратӣ дар робита ба нерӯи кории хориҷӣ ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфт... Мо мехоҳем ба 22 минтақае ҳамроҳ шавем, ки кор бо патентро комилан мамнӯъ кардаанд", - гуфтанд дар ҳукумати вилоят.
Дар вилояти Маскав ба муҳоҷирон машғул шудан ба фурӯши шаурма ва машруботро манъ мекунанд. - 956926771355
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 15:20

ИИАО нақша гирифтааст, ки меъёрҳои воридоти бидуни боҷ тавассути ҳаворо коҳиш диҳад.

Дар ҳоли ҳозир воридоти ҳавоӣ ба шахсони воқеӣ 10 ҳазор евроро ташкил медиҳад, гуфт раиси Кумитаи гумруки Беларус Владимир Орловский.
"Рақамҳо дар пешниҳодҳои кишварҳо ҳоло ҳам хеле гуногунанд", - шарҳ дод ӯ.
ИИАО нақша гирифтааст, ки меъёрҳои воридоти бидуни боҷ тавассути ҳаворо коҳиш диҳад. - 956924192667
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 14:50

Шумори нақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанбе 20% зиёд карда шуд.

Ин иқдом ба далели зиёд шудани мусофирон аз 1 сентябр татбиқ шудаст, иттилоъ дод "Душанбенақлиётхадамотрасон".
Теъдоди автобусҳо аз 305 ба 375, троллейбусҳо аз 55 ба 75, микроавтобусҳо сад адад зиёд шуда ба 1050 адад расид, афзуд манбаъ.
Ҳамчунин шумори таксиҳо аз 3200 адад то 3350 адад зиёд гардидаст.
Шумори нақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанбе 20% зиёд карда шуд. - 956924141211
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 14:20

Дар Тоҷикистон беш аз 815 ҳазор нафар нафақа мегиранд.

Пардохти миёна дар кишвар ҳудуди 370,6 сомониро ташкил медиҳад. Аммо он дар ҳар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо аз ҳам фарқ мекунад.
Нафақаи зиёдтарро сокинони Душанбе мегиранд. Маълумот дар бораи нафақаи сокинони Суғду Хатлон ва ВМКБ, НТҶ аз тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон бинед.
Дар Тоҷикистон беш аз 815 ҳазор нафар нафақа мегиранд. - 956933513371
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 13:50

Тайи даҳ соли охир беш аз 4 ҳазор офати табиӣ дар Тоҷикистон сабт шудаанд.

Раиси КҲФ Тоҷикистон гуфт, дар натиҷа 411 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 500 млн доллар хисорот ворид гардид.
Дар ин давра шумораи офатҳои табиӣ 2,3 баробар ва ҳаҷми хисорот 1,2 баробар афзудааст, гуфт Рустам Назарзода зимни ҳамоиши ҳамтоёнаш аз кишварҳои СҲИ дар Душанбе.
Тайи даҳ соли охир беш аз 4 ҳазор офати табиӣ дар Тоҷикистон сабт шудаанд. - 956923867035
  • Класс!1
Показать ещё