Фильтр
Все темы
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 12:55

Дар Бодканд ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои Қирғизистону Тоҷикистон дар марз баргузор шуд

Тарафҳо оид ба тавсифи қитъаҳои боқимондаи сарҳад табодули назар карданд. Вохӯрии навбатӣ дар қаламрави Тоҷикистон баргузор мешавад.
Қаблан маълум шуд, ки Қирғизистону Тоҷикистон дар бораи 94 дарсади марз мувофиқат кардаанд.
Фото
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 12:20

Мунтахаби футзалбозони Тоҷикистон бо тими қаҳрамони ҷаҳон зӯр меозмояд

Баъ аз шикаст аз қаҳрамони Африқо - тими Марокаш, дастаи Тоҷикистон дар бозии дуюмаш дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2024 бо қаҳрамони феълии ҷаҳон - яккачини Португалия сабқат мекунад.
Бозӣ 19 сентябр дар назар мебошад. Дар даври якум дастаи Португалия бар тими Панама бо ҳисоби 10:1 пирӯз шуд.
Фото
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 11:55

Даври шашуми Олимпиадаи ҷаҳонӣ дар Будапешт барои шоҳмотбозони тоҷик бобарор буд.

Дар ин марҳила, натиҷаи тими мардонаи кишвар бо рақибони португалияшон 3-1 буд.
Натиҷаи бозии бонувони кишвар бо бозигарон аз Финляндия 2,5-1,5 гардид.
Ҳамакнун фардо 18-уми сентябр дастаи мардони кишвар бо Бразилия ва яккачини бонувон бо рақибонашон аз Словакия рақобат мекунанд.
Фото
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 11:20

Раҳмон дар Остона аз сӯи Тоқаев гарм истиқбол шуд

Эмомалӣ Раҳмонро дар Қасри истиқлоли Остона, раисҷумҳури кишвари мизбон Қосим-Ҷомарт Тоқаев истиқбол гирифт. Навори мулоқоти президентҳҳоро Акорда нашр кард.
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 10:45

Трамп гуфт, дар дар сурати пирӯзӣ дар интихоботи президентии ИМА, Вашингтон бо Маскав ва Пекин канор

Ӯ дар ин бора бо Форуқ Сармед, як блогнавис, ки дар шабакаи иҷтимоии X пахш шуд, изҳор дошт.
Вай афзуд, ки Чину Русияро душмани Амрико намедонад ва ҳамчунин мехоҳад низоъ дар Украинаро ҳал кунад.
Фото
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 10:15

Ба системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ пайвастани Русия чӣ бартариятҳо дорад?

Ба гуфтаи Борис Мартсинкевич, ин имкон медиҳад:
▪️васеъ намудани содироти нерӯи барқи тиҷоратӣ,
▪️идоракунии ҷараёни байни кишварҳо,
▪️тавозуни системаҳои энергетикӣ дар ҳолати норасоӣ, омилҳои табиӣ ва сарбориҳои зиёд.
Ҳалқаи энергетикии ОМ чӣ гуна кор мекунад?
Ҳалқаи энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ солҳои 1960-1970 ба кор шурӯъ кард ва аз 83 истгоҳ иборат буд.
Тоҷикистон ва Қирғизистон дар фасли зимистон дар обанборҳо об ҷамъ карда, аз Узбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон нерӯи барқ ва энержӣ мегирифтанд.
Дар тобистон онҳо оби ҷамъшударо ба кишварҳои шарик мефиристоданд, то заминҳои киштро обёрӣ кунанд в
Фото
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 09:35

Вилоятҳои Суғду Рязан ҳамкориҳоро таҳким мебахшанд

Ҳайат аз Русия бо роҳбарии муовини раиси вилояти Рязан, Юля Швакова бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода таҳкими ҳамкориро баррасӣ карданд.
Дар мулоқот зарфиятҳои Суғд муаррифӣ гардида, аз худ намудани заминҳо ва бунёди боғҳои интенсивӣ, гармхонаҳои типи нав, ташкили корхонаҳои коркарди мева, пахта ва истеҳсоли матоъ аз пахта, корхонаи коркарди пӯст ва истеҳсоли пойафзол, корхонаи истеҳсоли доруворӣ бо истифода аз гиёҳҳҳои шифобахши Тоқикистон ба миён гузошта шуд.
Фото
  • Класс!2
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 09:18

Ба Идлиби Сурия 250 мутахассиси нерӯҳои мусаллаҳи Украина барои омӯзиши террористон омаданд.

Дар ин бора як манбаи Сурия ба РИА “Новости” хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, украиниҳо алакай ба омӯзиши ҷангҷӯёни гурӯҳи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом”, ки дар Русия мамнӯъ аст, дар истеҳсол ва навсозии ҳавопаймоҳои бесарнишин шурӯъ кардаанд.
Гуфта мешавад, ки дар ин кор ҳамзамон ИМА низ даст дорад, то террористонро зидди нерҳои русӣ истифода баранд.
Фото
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 08:55

Мусобиқаи камонварӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд баргузор гардид

Дар мусобиқа беш аз 60 нафар камонварон аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок карда, тибқи барномаи инфиродӣ миёни ҳам сабқат намуданд.
Мусобиқа дар ду бахш - миёни наврасон ва занону мардон дар алоҳидагӣ ҷараён гирифт.
Раиси вилояти Суғд, раиси Федератсияи камонварии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими ҷамъбасти мусобиқа ширкат варзида, доир ба варзиши камонварӣ ва рушди ин навъи варзиш ибрози андеша намуд. Дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони мусобиқа оид ба камонварӣ мукофотҳои пулӣ супорида шуд.
Фото
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 08:52

Бозии рӯз миёни “Истиқлол” ва “Шарҷа”.

Бошгоҳҳои Тоҷикистон ва АМА дар доираи бозиҳои гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё вориди рақобат мешаванд.
Дидори дастаҳои шоми имрӯз соати 21:00 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мешавад.
Фото
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 08:28

Бозии рӯз миёни “Истиқлол” ва “Шарҷа”

Бошгоҳҳои Тоҷикистон ва АМА дар доираи бозиҳои гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё вориди рақобат мешаванд.
Дидори дастаҳои шоми имрӯз соати 21:00 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мешавад.
Фото
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 08:10

Назари Пизишкиённ дар бораи таҳримҳои ахири Ғарб алайҳи Эрон ба баҳонаи ирсоли мушакҳо ба Русия.

Ӯ зимни як нишасти хабарӣ гуфт, Мо бо Русия муносибат дорем ва хоҳем дошт.
Аммо нуқтаи назари мо дар ҳама ҷангҳо ин аст, ки ҳар кас бояд манфияти худро ҳифз кунад;
Ягон мамлакат набояд ба хоки мамлакати дигар ҳуҷум кунад;
Аммо чаро Русия ин корро кард, аз аврупоиҳо бипурсед, ки чаро НАТО мехоҳад марзҳояшро васеъ кунад?
Худашон шартномаро шикастанд, ҳоло ба Русия мегӯянд, чаро шартномаро вайрон кардед?
Вай гуфт, аз замони омаданаш ба қудрат ба Русия чизе надодаанд, ки Ғарб мехоҳад моро таҳрим кунад.
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 07:58
    null
    null
    null
  • Класс!4
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 07:38
Фото
  • Класс!2
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 19:15
Фото
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 18:45

Шаҳрдори Теҳрон низ мухолифи кӯчонидани пойтахти кишвар нест.

Алиризо Зоконӣ тарҳи кориеро дар ин самт ба ҳукумати Эрон пешниҳод кардааст.
"Агар пойтахт кӯчонида шавад, Теҳрон танҳо ба як маркази нақлиётӣ табдил намеёбад, балки аз трафики нолозим дар дохили шаҳр халос мешавад ва тамоми марказҳои хидматрасонӣ дар як ҷо берун аз он мутамарказ хоҳанд шуд",- гуфт ӯ дар мусоҳиба бо "ИРНА".
Фото
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 18:15

Сохтмони хонаҳои сокинони аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Сурхоби Фархор дар ҳоли анҷомёбист.

Ба гузориши мақомоти маҳаллӣ барои 36 оила манзиҳои нав бунёд шуда, ҳоло 90% корҳо пурра анҷом шудааст дар наздиктарин фурсат супорида мешавад.
Фото
  • Класс!3
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:45

Тоқаев Шолсро аз ҷалб шудан ба муноқишаи Украина ҳушдор дод.

Президенти Қазоқистон дар мулоқот бо садри аъзами Олмон дар Остона ба ӯ аз имконоти Федератсияи Русия ёдовар шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти раҳбари Қазоқистон.
"Русия аз ҷиҳати низомӣ мағлубнашаванда аст", - гуфт Тоқаев.
Вай ҳамчунин афзуд, ки шонси оташбас бо шартҳои хуб ба далели даст кашидан аз тавофуқномаи Истамбул аз даст рафтааст, аммо сулҳро ҳанӯз метавон ба даст овард.
Фото
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:15

Тоҷикон дар Қазон фарҳанги миллии худро муаррифӣ карданд.

Дар ҷашнвораи X миллӣ таҳти унвони "Мозаикаи фарҳангӣ" мусиқиву рақсҳои тоҷикӣ дар иҷрои гурӯҳи Гулрез намоиш дода шуд.
Дар чорабинӣ либосҳои суннатӣ пешниҳод шуда, таомҳои миллӣ омода гардиданд.
    null
    null
    null
  • Класс!3
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 16:45

Тоҷикистон таҷрибаи Қазоқистонро дар соҳаи рақамисозӣ меомӯзад

Нақшаи чорабиниҳои ҳамкориро дар Остона муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ ва муовини вазири молияи Қазоқистон Кенбейл Дауренов баррасӣ ва санаде имзо карданд.
Ин санад бо ҳадафи иҷрои Ёддошти тафоҳум миёни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Қазоқистон имзо шудааст.
Ҳайати Вазорати молияи Тоҷикистон бо таҷрибаи беҳтарини Қазоқистон дар заминаи рақамисозии низоми молии давлатӣ, маблағгузории низоми маориф ва низоми автоматикунонидашудаи хариди давлатӣ ошно шуд.
Фото
  • Класс!1
Показать ещё