🔸 Матни пурсиш:
Оё ҷамъи салотайн дар шаройити оддӣ ҷойиз аст? Агар намози асрро ба зуҳр бичасбонем фазилаташ аз байн меравад?
🔸 Матни посух:
Миёни мусалмонон ихтилофе нест дар инки намозҳои фариза дар панҷ вақт субҳ, зуҳр, аср, мағриб ва ишоъ иқома мешавад ва ин мубтанб бар китоби Худованд аст ки фармудааст: ﴾أَقِمِ الصَّلَاةَ لِدُلُوكِ الشَّمْسِ إِلَى غَسَقِ اللَّيْلِ وَقُرْآنَ الْفَجْرِ﴿[п/1]; «Намозро ба ҳангоми заволи офтоб то авҷи торикии шаб иқома кун ва Қуръон фаҷрро», бо таваҷҷуҳ ба инки бар иқомаи намоз ба ҳангоми заволи офтоб ва пеш аз нимашаб ва ба ҳангоми тулуъи фаҷр далолат дорад ва он намози зуҳр, ишоъ ва субҳ аст ва фармудааст: ﴾وَأَقِمِ الصَّلَاةَ طَرَفَيِ النَّهَارِ وَزُلَفًا مِنَ اللَّيْلِ﴿[п/2]; «Ва намозро дар ду сари рӯз ва оғозӣ аз шаб иқома кун», бо таваҷҷуҳ ба инки бар иқомаи намоз дар авойили рӯз ва авохири он ва дар авойили шаб далолат дорад ва он намози субҳ, аср ва мағриб аст ва фармудааст: ...
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/3453/ 📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев