* Тарҷумаи нома:
Ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар номае барои яке аз ёрони худ навишт:
«بسم الله الرّحمن الرّحیم
Эй бародарзода! Туро суфориш мекунам ба тарс аз Худо дар пинҳониву ошкор ва инки Ӯро бисёр ёд кунӣ; Чароки бисёр ёд кардани Ӯ сипарӣ пос доранда дар баробари гуноҳон аст ва туро суфориш мекунам ба шинохти дин ва огоҳӣ аз ақойид ва аҳкоми он; Чароки ноогоҳӣ аз ақойиди он заминаи гумроҳӣ ва ноогоҳӣ аз аҳкоми он заминаи гуноҳкорӣ аст ва ҳар кас бо дин ошнотар аст ба иқомаи он тавонотар аст ва туро суфориш мекунам ба ҳарфшунавӣ ва фармонбардорӣ аз касоне ки Худованд ононро бар ту гумоштааст; Чароки ҳарфшунавӣ ва фармонбардорӣ аз онон мояи ободнии дунё ва охират ва хайру салоҳи мусалмонон аст ва туро суфориш мекунам ба инки салиқаи худро монанди ақидаи худ надонӣ ва раъйи худро ҷузъӣ аз дини худ напиндорӣ; ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/1786/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев