Вафоти ӯ барои санъати ҳар ду кишвар талафоти калон аст.
Бобомурод Ҳамдамов воқеан санъаткори асил буд, ки бо овози нотакрор ва суруду таронаҳои ӯзбекӣ, туркманӣ, тоҷикиву ҳиндӣ байни мардуми кишварҳои Осиёи Марказӣ ва берун аз он маҳбубияти хоса дошт.
Эҷодиёти ӯ ба хазинаи тиллоии санъати Ӯзбекистон дохил шуда, сурудҳои дилпазираш байни мардуми минтақаи Осиёи Марказӣ вирди забон аст. Ба хусус сурудҳои машҳури “Ким экан”, “Лазгӣ”, “Бор манинг”, “Девона” ва ғайраҳо дар маъракаҳои халқҳои гуногун садо медиҳад ва садҳо ҳунармандон онро месароянд. Саҳми ӯ дар рушду пешрафти санъати сарояндагии Ӯзбекистон хеле назаррас мебошад.
Бобомурод Ҳамдамов пеш аз бо сурудҳои мондагораш, бо хулқу атвори намунавиаш, бо тарбияи даҳҳо шогирдон ва муносибати самимию дӯстонааш бо санъаткорони ҳамаи миллатҳо дар дилу дидаи мо дӯстону ҳамкасбон ва мухлисонаш абадан боқӣ монда, номи ӯ ба ҷовидонаҳо сабт гардид.
Ба аҳли оила ва хешу пайвандон, шогирдону ҳамкасбони дӯсти ҳунармандам Бобомурод Ҳамдамов ҳамдардии амиқ изҳор намуда, барояшон аз даргоҳи Худованди бузург сабри ҷамил хоҳонам!
Ёдаш ба хайр ва манзили охираташ обод бошад!
Ҳунарманди Халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 30