Аз Худо зӯр набудам, ки зи роҳат дорам,
Қудратам нест, ки аз амри Илоҳат дорам...
Ҳумоюн фарзанди талабида ва нозпарвари падару модар ва аҳли хонавода буд. Дирӯз Гавҳарбону Умарова, ки бори севум аз тавофи Каъба баргаштанд ва пеш аз он ки ба манзили худашон, ба Душанбе баргарданд, ба Хуҷанд, барои таслият гуфтан ташриф оварданд, ёдовар шуданд, ки замоне, ҳанӯз пеш аз таваллуд ёфтани Ҳумоюн Фарзонаро ба чандин ҷойҳои муқаддас раҳнамоӣ кардаанд. Вақте кӯдак ба дунё омад, чеҳраи пурнуре дошт мисли фариштаҳои осмонӣ. Барои ӯро як лаҳза дар бағал доштану оғуш кардан ҳама, хоса апаҳову холаҳову аммаҳо ҳамеша талош мекарданд. Мӯйҳои малларанги мавҷ-мавҷи кӯдак, дасту пойҳои фарбеҳак ва чашмони бузурги пуртабассумаш ногузир ба ёд фариштаҳоеро ба ёд меовард, ки сураташро бо болу пар дар амалҳои рассомон дидаем. Падару модар ба болои ӯ фурӯ буданд, барои модаркалон ӯ набераи ширинтарин ва баргузида буд. Ҳумоюн бо суруду оҳангҳои падар, ашъори диловези волидайн, қиссаҳои зебои модаркалон, дар ҳалқаи муҳаббати азизону муҳиббон ба воя расид.
Ёд дорам, модари мо Бароатбону Ҳоҷибоева соли охири зиндагиашон рӯйи бистар буданд ва ҳар гоҳ Ҳумоюн ба хона ворид мешуд бо садои пасти худ ӯро назди худ мехонданд ва аз чеҳраи зебояш бӯса карда, бо дастонашон сару рӯяшро мемолиданд ва дилашон таскин меёфту эҳсоси шодиву оромиш дар вуҷудашон пайдо мешуд.
Дар мактаб ҳам ӯро муаллимон хеле дӯст медоштанд. Дирӯз устодони мактабаш ташриф оварданд ва гуфтанд, ки хеле кӯдаки фаъол буд, дар тамоми барномаҳои мактабӣ муаллимон ба умеди ӯ буданд, ки суруд мехонад, шеър қироат мекунад ё суханронӣ менамояд.
Ҳанӯз дар синфҳои 7-8 буд, ки шавқаш ба компутеру телефонҳои мобилӣ зиёд буд, аллакай ҳамон рӯзгор барномаҳои заруриро ба компутерҳои ҳамсинфону ҳамсояҳо насб мекард ва телефонҳои вайрони онҳоро дар як лаҳза ба кор медаровард.
Дар синфи 9 мехонд, ки дар озмуни «Шоҳнома»-хонӣ, Мавлавихонӣ ва Саъдихонӣ ширкат карда, соҳиби шоҳҷоиза шуд, зеро истеъдоди фавқулодаи ҳифзи матнро дошт. Ин истеъдод дар ҳифзи сураҳои Каломи Шариф низ падид омад. Ӯ каломи раббониро бо камоли муҳаббат мехонд ва донандагон аз қироаташ ҳамеша эҳсоси қаноатмандӣ доштанд. Азбаски ба чандин забони хориҷӣ, аз ҷумла, забони арабӣ балад буд, Қуръони каримро оя – оя шарҳ медод.
Вақте мактабро хатм кард, падар ба ӯ гуфтанд, ки ҳар донишгоҳеро аз кадом кишваре хоҳад, интихоб кунад, василаи таҳсилро муҳайё мекунанд, аммо ин писари ҳушманд назди падару модар буданро авло донист, зеро медонист, ки онҳо баъди бемории ҷаҳонсӯзи Ковид ҳанӯз ба худ наомада, хоса падар ҳанӯз ба худ наомада буданд. Писари хубу меҳрубон ва такягоҳи боэътимоди волидайн буд ва мо, хешону пайвандон мутмаин будем, ки чароғи манзили аҷдодиро минбаъд ӯ бонӣ хоҳад кард…
Дилбастагӣ ба замин дошт, боғи ҳавлиро бо эҳтиёт нигоҳубин мекард, ниҳолҳо ва гулҳои нав мешинонд. Ҳамасола аз меваҳои дарахтон ҳамаи хешон ва ҳамсоягон даҳон ширин мекарданд ва дуои ҷони ӯро менамуданд. Рӯзи рафтанаш низ як қитъаи заминро нарм карда тухми гул корид, зеро медонист, ки модараш хеле гулҳоро дӯст медорад. Инак, се рӯз аст, ки тухмҳои коштаи ӯ сар задаанд ва интизори боғбон…
Навбаҳор омаду гулҳо ҳама рустанд зи хок,
Ту ҳам аз хок баро, эй гули хандони падар.
Дасти сахояш аз замони наврасӣ боз буд. Ба дарди дигарон наметавонист бетараф бошад. Пули зиёд надошт, аммо ҳарчи дошт, нисори эҳтиёҷмандон мекард. Ҳаргиз некии худро намегуфт. Баъд аз реҳлаташ онҳое, ки барои изҳори ҳамдардӣ меомаданд, пора-пора аз зиндагии кӯтоҳу ибратбахши ӯ ёд мекарданд.
Зане аз деҳаи Ёва ташриф овард. Гуфт, асалфурӯш ҳастам. Ҳумоюн ҳамеша аз ман асали тоза мехарид, баъд фаҳмидам, ки онро ба дӯстони бемори худ мебурдааст.
Ду зан аз деҳаи Хистеварз ташриф овардаанд. Гуфтанд, ки оҳанпора ҷамъ мекунанд. Соле қабл ба манзили Фарзонаву Озарахш омада, оҳанпораҳои бекораро харидорӣ карданӣ буданд, ки Ҳумоюн омад ва аз модар хоҳиш кард, ки аз ин харидорон пул нагиранд. Модар ӯро хотирҷамъ карданд, ки чунин азм надорам. Ҳоло ин занҳо аз ҳосили шоликории худ 3-4 кило биринҷ оварда бо ашки шашқатор хоҳиш карданд, ки онро қабул кунем…
Ҳамсояҳо аз накӯкориҳои Ҳумоюн сухан меронданд. Вақте мошини партовкашонӣ меомад, барои баровардани партови онҳо ҳамеша кӯмак мекард. Аз кори сиёҳ ҳазар намекард. Ба ғаму шодии мардум шарик буд.
Чанд рӯз пеш аз вафоташ ҳамроҳи апааш Шаҳнавоз аз интернет бохабар шуданд, ки дар Бангладеш аз ташнагӣ кӯдакон мурда истодаанд, бинобар ин барои гузаронидани қубури об фонди хайриявӣ боз шудааст. Ҳумоюн бидуни андеша тамоми пули худро ба ин фонд гузаронид ва дар рӯзи ҷанозааш номаи сипос аз ин хазина омад, ки мегуфтанд, хайроти ӯ охирин буд, зеро миқдори зарурии маблағ ҷамъ омад. Аммо Ҳумоюнҷони азизи мо ин номаро дарёфт накарда монд…
Аз зани кабудифурӯше як бандча кабудиро гирифта бар ивазаш 50 сомонӣ пул дод ва бақияро интизор нашуда рафт. Нахост, ки ин пулро садақа кунад ва он занро таҳқир. Дар назари он зани заҳматкаш ӯ харидоре буд бо ҳиммати шоҳона…
Модар ба ӯ либоси гарм – куртка харид ва пас аз чанд рӯз либоси ба ҳамон монандро дар тани ҷавони шиносе дид. Вақте ба писар гуфт, ки фалонӣ ҳам либосе монанд ба либоси ту дорад, Ҳумоюнҷон табассуми нарме кард ва хоҳиш намуд, ки ӯро барои ҳадяи додааш сарзаниш накунанд, зеро он ҷавон ба ин либос эҳтиёҷи бештаре дошт…
Ҳаргиз мӯру морро озор намедод, чи расад ба инсон. Ду сол қабл вақти таъмири хона мори бузурге берун омад ва устоҳо бо белу каланд онро нобуд карданӣ буданд, ки Ҳумоюн дасти онҳоро боздошт ва ба халтае он морро андохта, даҳони халтаро баст ва ба самти дарё давид. Модар парешону ҳаросон аз пайи ӯ медавид то ба дарё. Он ҷо дар шолизори назди дарё даҳони халтаро боз кард ва морро озод намуд…
Дар ҳавлии онҳо 7-8 гурбаи калону хурд худро хеле озод ҳис мекарданд. Инҳо аз гирду атроф ҷамъ шуда, дар ин ҷо муқимӣ шуда, танҳо аз дасти Ҳумоюн хӯрок мехӯрданд. Мо мегуфтем, ки хӯрокҳои пасмондаро ба ин гурбаҳо деҳ. Мегуфт, онҳо ғизоҳои махсусро дӯст медоранд ва аз мағоза барояшон ҳасибҳои беҳтаринро меовард. Мегуфт, ки инҳо мискинанд ва сазовори тараҳҳуми одамон…
Чанд рӯз пеш аз даргузашташ модар ба ӯ гуфт, ки дар хона хеле зиёд мӯрча пайдо шудааст ва барои нест кардани онҳо Ҳумоюн бояд бӯр харида биёяд. Гуфт, ки охир ин мӯрчаҳо аз заҳри бӯр мемиранд. Худаш бо эҳтиёт он мӯрчаҳоро дар сатиле ҷамъ карда ба берун бароварда раҳо кард…
Ҳумоюнҷон садои дилнишину ҷаззоб дошт. Дар чандин асбоби мусиқӣ менавохт, худаш оҳанг ҳам эҷод мекард. Чанд суруди ӯ баъди рафтанаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ гардиш дорад, ки яке шеъри Иқболи Лоҳурист:
Худо он миллатеро сарварӣ дод,
Ки тақдираш ба дасти хеш бинвист.
Ба он миллат сару коре надорад,
Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.
Як суруде дар васфи модар дар рӯзи ҷашнашон хонда буд:
Ҳодии дилам модар,
Шодии дилам модар…
Аз Мавлоно низ бо сӯзу гудоз мехонд:
Ид бар ошиқон муборак бод,
Ошиқон, идатон муборак бод!
Ва боз:
Бегоҳ шуд, бегоҳ шуд,
Хуршед андар чоҳ шуд.
Як рӯз пеш аз ид ба сари қабраш рафтем. (Макони охирати ӯдар канори модаркалону падарбузург дар қабристони Муродбахши маҳаллаи Пахтакор аст). Дар сари қабраш панҷ сабад гули навшукуфта буд. Нафаҳмидем, ки онро кӣ овардааст, касе аз наздикон хабар надорад.
Хамеша мегуфт, ки набояд некии худ ва бадии дигаронро шумарем.
Ҳоло аз даргузашти ӯ 10 рӯз сипарӣ шудааст, аммо сӯзи дили мо ҳар рӯз бештар мешавад:
Бедил, аз сӯзи дилу дасти тиҳӣ шармандаам,
Ҷуз дуо дигар чӣ ояд аз ману сомони ман.
Оҷизона ҳама даст ба дуо ҳастем, ки Худованди меҳрубон ҷои ӯро биҳишти анбарсиришт гардонад.
Соати рафтани ӯ дар шаби ҷумъаи даҳаи севуми моҳи шарифи Рамазон буд. Дуо мекунем, ки дар ин соати муборак азизи мо азизи Худованд шуда бошад.
Ба ҳамаи дӯстон, пайвандон, азизоне, ки ба мо ҳарфи таслият гуфтанду бо ҳузури худ ва номаҳои худ дилҷӯӣ карданд, ҳазорон сипос. Илоҳо, бегазанд бимонед.
Матлубаи Мирзоюнус
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 7