Бе Шумо мондам сағир, хокам ба сар!
Бе Шумо ман меравам роҳи сафар,
Бе Шумо ман мекашам оҳи дигар,
Бе Шумо ман мешавам хуни ҷигар,
Эй Падар, ҷонам Падар, ҷонам Падар,
Бе Шумо мондам сағир, хокам ба сар!
Бе Шумо ҳар субҳи ман гардида шом,
Бе Шумо ҳар кори ман гардида хом,
Бе Шумо ҳар дони ман гардида дом,
Эй Падар, ҷонам Падар, ҷонам Падар,
Бе Шумо мондам сағир, хокам ба сар!
Бе Шумо ин манзилам вайрона аст,
Бе Шумо ин оламам ғамхона аст,
Бе Шумо ин мулку дар бегона аст,
Эй Падар, ҷонам Падар, ҷонам Падар,
Бе Шумо мондам сағир, хокам ба сар!
Бе Шумо ин кулбаи ман пурғам аст,
Бе Шумо ин дидаи ман пурнам аст,
Бе Шумо ҳар рӯзи ман рӯзи ғам аст,
Эй Падар, ҷонам Падар, ҷонам Падар,
Бе Шумо мондам сағир, хокам ба сар!
Бе Шумо ман бедару бехонаам,
Бе Шумо ман бепару белонаам,
Бе Шумо ман бесару сомонаам,
Эй Падар, ҷонам Падар, ҷонам Падар,
Бе Шумо мондам сағир, хокам ба сар!
Бе Шумо хуршеди ман тобанда нест,
Бе Шумо умеди ман поянда нест,
Бе Шумо имрӯзе ҳаст, оянда нест,
Эй Падар, ҷонам Падар, ҷонам Падар,
Бе Шумо мондам сағир, хокам ба сар!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 2