Предыдущая публикация
Ҷон,ки рафт одам ба хок руҳаш дар осмон будааст.
Аз дари гавҳора то дарвозаи тобуту гӯр,
Ду раҳест аз ин яке ҳамвору осон будааст.
Абру борону ҳавои офтоби фасли сол,
Дар адои хизмати фарзанди инсон будааст.
Одамиро ақл доданду муаллиму китоб,
Ин китобаш на "алифбо" балки Қуръон будааст.
Он муаллим,ки шафоатгар дар рӯзи ҷазост,
Беҳтарин аз мактаби олии Яздон будааст.
Пас чаро аз гуфтаи устод берун по ниҳем,
Ӯ ки моро раҳбаре аз сӯи Раҳмон будааст.
Он,ки сар аз тоъати Аллоҳ кашид берун чу хар,
Ӯ куҷо одам дигар бадтар зи ҳайвон будааст
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев