Пас аз мазмуни ин матн: «Миннат Худойро, азза ва ҷалл, ки тоаташ мӯҷиби қурбат аст ва ба шукр андараш мазиди неъмат.»
Мазмуни матн: Сипосу ситоиш он Худованди гиромӣ ва бузургро, ки ибодату пайравӣ аз фармудаҳояш сабаби наздикӣ ба Ӯ мебошад ва шукргузорӣ аз неъматҳояш боиси афзоишу фаровонии неъматҳо мегардад. Яъне, инсон ҳар чӣ бештар ибодат намояд, ба ҳамон андоза ба Худованд наздиктар мешавад ва ҳар чи бештар аз неъматҳои Худованд шукргузорӣ кунад, сарвату неъмати ӯ ҳам зиёдтар мегардад. Ва ин маънӣ ишора аст ба ояи 7-уми сураи «Иброҳим», ки дар бахше аз он мефармояд: «Лаин шакартум лаазиданнакум», яъне, агар шукр бигзоред, бар неъмати шумо меафзоем.
Мы используем cookie-файлы, чтобы улучшить сервисы для вас. Если ваш возраст менее 13 лет, настроить cookie-файлы должен ваш законный представитель. Больше информации
Комментарии 3
Пас аз мазмуни ин матн: «Миннат Худойро, азза ва ҷалл, ки тоаташ мӯҷиби қурбат аст ва ба шукр андараш мазиди неъмат.»
Мазмуни матн: Сипосу ситоиш он Худованди гиромӣ ва бузургро, ки ибодату пайравӣ аз фармудаҳояш сабаби наздикӣ ба Ӯ мебошад ва шукргузорӣ аз неъматҳояш боиси афзоишу фаровонии неъматҳо мегардад. Яъне, инсон ҳар чӣ бештар ибодат намояд, ба ҳамон андоза ба Худованд наздиктар мешавад ва ҳар чи бештар аз неъматҳои Худованд шукргузорӣ кунад, сарвату неъмати ӯ ҳам зиёдтар мегардад. Ва ин маънӣ ишора аст ба ояи 7-уми сураи «Иброҳим», ки дар бахше аз он мефармояд: «Лаин шакартум лаазиданнакум», яъне, агар шукр бигзоред, бар неъмати шумо меафзоем.
Ин маъниро Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ чунин ба назм кашидааст:
Шукри неъмат неъматат афзун кунад,
Куфри неъмат аз кафат берун кунад.