Парвардигоро, паноҳ мебарам бар ту, аз он гуше,ки тамоми савту садои дунёро мешунавад вале ҳақиқатро намешунавад!
Парвардигоро, паноҳ мебарам, бар ту,аз он забоне,ки тамоми гуфтаниҳои дунёро мегуяд, вале ҳақиқатро намегуяд!
Парвардигоро паноҳ мебарам бар ту,аз он диле,ки ҳар гуфтаро қабул мекунад, вале ҳақиқатро қабул намекунад!
Ё Аллоҳи меҳрубонам!
Моро аз неъматҳои дунё ва охират баҳраманд гардон ва аз оташи дузах нигоҳ дор.
Худоё! Ман аз ғам ва андӯҳ , ва нотавони ва сусти, ва аз бахиливу тарсонча, ки ба ту паноҳ мебарам
Парвардигоро! Ман аз азоби қабр ва фитнаи зиндагиву марг ба ту паноҳ мебарам.
Худоё! Динамро ислоҳ кун ки тамоми корҳоям ба у вобастаги дорад, ва дунёямро ислоҳ кун, ки зиндагонии ман дар уст, ва охиратамро ислоҳ кун, ки бозгашти ман ба суи уст, зиндагиро дар хайри бисёр ва маргро аз ҳар намуд бадбахтиҳо бароям роҳат бигардон.
Худоё! Аз ту ҳидояту тақво ва покиву бениёзи талаб дорам.
Худоё! Чашм ба Раҳмати ту дорам, пас манро ҳатто микдори як мижа задан ҳам ба ҳоли худам раҳо макун ва ҳамаи умурамро ислоҳ намо ки ҳеҷ маъбуде ба ҳақ чуз ту нест.
Худоё! Манро дар ҳолати истодаву нишаста ва дароз кашида, поянда ба ислом нигоҳ дор ва ҳеҷ душмане ва ҳасадбареро нисбат ба ман шодмон макун.
Худоё! Аз ту ҳамаи некиҳоеро талаб дорам ки хазинаҳояш дар дасти туст Ва ба ту паноҳ мебарам аз ҳама бадиҳое, ки хазинаҳояш дар дасти туст
Худоё! Ман ба худам зулми бисёре кардам ва касе ҷуз ту гуноҳонро омурзандае нест, пас манро биёмурз ва ба ман раҳм кун, ки ту омурзанда ва меҳрубони.
Худоё! Аз диле ки наметарсад ва дуъое ки шунида намешавад ва нафсе ки қаноъат намекунад, ва илме ки фоида намерасонад,
Худоё! Аз ин чаҳор-то ба ту паноҳ мебарам.
Худоё! Илми судманд, ризқу рузии покиза, ва амали мақбул аз ту мехоҳам.
Худоё! Ба нафси ман тақво ато кун, ва онро пок гардон, ки ту беҳтарин пок кунандагони, ва ту молики нафси ман ва соҳиби он асти. Амин ё раббал ъоламин. Nn..)
Аз Дуоъ-и некатон моро ҳама фаромӯш насозед, администрация канал.
"Рамазони" бароҳат хоҳонам ба шумоён.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3