Шахсе, ки сангу маломат ба миллату Ватани худ мезанад ва ба Ватану, модар хиёнат мекунад, ин аз рӯи одоби инсонӣ нест.
Дар ҷое, ки қадами мубораку ободкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасад, он ҷо бунёдкорию созандагӣ, ғамхорию меҳрубонӣ нисбати Ватан ва миллати худ ҷой дорад. Мо халқи меҳнакашу пуршарафи Тоҷикистон бо боварии том баҳри гулгул шукуфоии Ватани азизамон кӯшиш ба харҷ медиҳем ва намегузорем, ки хоинон ва бадхоҳони миллат ба Ватани азизамон осебе расонанд. Мо аз Пешвои миллати худ ифтихор дорем ва меболем, ки чунин сарвари оқилу доно дорем ва дар арсаи байналмиллалӣ ҳамчун сарвари сиёсатмадор медонанду мешиносанд.
Бо ғамхориву, дастгириҳои Асосгузорӣ сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои халқу- миллаташ ҷони худро дареғ надошта ҳамаи халқи тоҷикро сарҷамь намуданд. Бо ташаббусу ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як Ватани биҳиштосо ва тамаддунофар табдил ёфта сулҳу амонӣ дар сартосари он пойдор аст.
Ба ҳамватанони азизамон муроҷиат карда, як нуктаи муҳимро хотирнишон месозем: модоме ки мо ҳама якҷо як кишвари дар дами ҳалокат қарордоштаро ба қаламрави сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва шукуфоиву ободӣ табдил додем, қодир ҳастем, ки ҳамаи мушкилоти дигарро низ бартараф карда, дар ояндаи наздик Тоҷикистони маҳбубамонро бо заҳмати сарҷамъонаву ватандӯстона боз ҳам ободу пешрафта гардонем ва обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорем.
Аз ин рӯ ба ҳамаи сокинони кишвар, алалхусус ба наврасону ҷавонони кишвар муроҷиат карда гуфтанием, ки ба сулҳу суббот, якпорчагию ваҳдати миллии бо баҳои ҳазорон ҷони ҷавону мардони ватандӯст ба даст омадааст, расем. Шукронаи ин бахту озодӣ ва осудагию амониро карда, ҳеҷ гоҳ фирефтаи амалҳои ғаразноки бегонагон нагардем. Нагузорем ,ки дигар дар кишвари азизамон ба ҷуз шодию нишот ва хушбахтию саодат нишоне аз ҷангу хунрезӣ ва муҳтоҷию дарбадарӣ бошад.
Рустамов Суҳроб,
коршиноси масоили сиёсӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев