Ҷавоб: ба муроҷиати ду сенатори Амрико
Бӯҳрони Украина сиёсати ҷаҳони Ғарбро нисбати кишварҳои Осиёи Марказӣ тағйир дод. Ҷиҳати нуфуз пайдо кардан бо ҳар роҳу восита ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварҳои минтақа таъсир гузошта истодаанд. Хусусан, Тоҷикистон дар барномаи онҳо мавқеи марказиро ишғол намудааст. Умури дохилаи Тоҷикистонро зери заррабини худ қарор додаанд ва пайваста қарорҳои онро зери тозиёнаи танқид мегиранд. Боз таҳти шиорҳои демократӣ баромад намуда, Тоҷикистонро ба таъқибу хушунати ба гуфтаи онҳо хабарнигорон ва маҳдудиятҳо дар озодии баён гунаҳгор карда истодаанд. Яъне, чун ҳарвақта аз худ муҳофизи ҳуқуқу озодиҳои инсон тарошида истодаанд.
Дар асл назди онҳо на инсон ва на ҳуқуқу озодиҳои ӯ ҳеҷ арзише надорад. Онҳое, ки имрӯз дар паси панҷараҳои зиндон қарор доранд ва ҷаҳони Ғарб хабарнигору блогерашон мехонанду барои озодии онҳо талош доранд, танҳо василаи амалишавии мақсадҳои эшон аст. Пас аз беҷавоб мондани дастурҳои Ғарбиён ҷиҳати фавран озод кардани онҳо гузаштаанд ба таҳдид. Дар матлаби нашрнамудаи Радиои Озодӣ ду сенатори амрикоӣ дар муроҷиати худ ба роҳбарияти Тоҷикистон изҳор намудаанд, ки: “Ин вазъ ба халалдор шудани пешравие, ки кишварҳои мо барои равобити наздиктар ва судманд ба даст овардаанд, таҳдид мекунад”. Яъне, ин ба чунин маъност, ки агар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мактубҳои онҳоро беҷавоб гузорад, муносибати худро тағйир хоҳанд дод. Ё худ метавон гуфт, ки маҷбуран иродаи худро болои як давлати мустақил бор карда истодаанд. Агар маҷбуран бор намудани иродаи худ болои як давлати дигар поймолшавии арзишҳои демократӣ набошад, дигар чӣ буда метавонад. Гарчанде аз худ ҳомии демократия метарошанд, вале ҳеҷ яке аз қавонини онро риоя намекунанд.
Вале дар баробари ин қайд карданиам, ки озодии сухан дар Қонуни асосии кишвар кафолат дода шудааст ва кафили дар амал татбиқ гардидани он худи давлат аст. Ва агар имрӯз онҳое, ки дар паси панҷараҳои зиндон қарор доранд, ҳатман ба хотири он аст, ки аз чорчӯбаи муайянкардаи қонун баромадаанд.
Баъдан қобили зикр аст, ки агар инсон ҳамчун арзиши олӣ эътироф шудааст, миллиардҳо долларе, ки барои корҳои дигар истифода мешаванд, барои пешигирии фоҷиаҳои инсонӣ дар мамлакатҳои ҷангзадаю қашшоқ аз ҷумла, Афғонистон ва мамлакатҳои Африқо сарф карда шаванд, беҳтар аст. Бояд барои сохтани ҷомеаи обод талош кард, на харобкардани чунин ҷомеаҳо.
Зубайдулло Д,
коршиноси масоили сиёсӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев