иқдомоти эҳёӣ дар давраи нави таърихӣ
Ҳар як миллат тайи таърихи мавҷудият давра ва мароҳили бозсозию бозофаринии зеҳнию ақлониро пушти сар мекунад, ки дар қолаби Эҳё ё Ренесанс мунсаҷим мешавад. Дар олами ислом, ки дар асрҳои миёна қаламрави ҷуғрофиёию фарҳангии мо таҳти тасаллути он қарор дошт, низ замони эҳё вуҷуд доштааст ва он дар китоби донишманди урупоӣ Адам Метс (ниг.: Адам Мец. Мусульманский Ренесанс. Москва: Наука, 1973) муфассал шарҳу баён ёфтааст. Дар он давра, ки истилоҳан Эҳёи мусулмонӣ номгузорӣ шудааст, таҳаввулоти фикрӣ ва тағйироти назарию маданӣ дар қаламрави хилофати исломӣ ба мушоҳида мерасад. Назар ба қавли манобеъи асримиёнагии исломӣ, дар давраи яке аз сарафрозтарин халифаҳои Аббосӣ Маъмун (786 - 833) роҳи гуфтугў ва муколамаҳои фарҳангӣ байни қишрҳои гуногуни динӣ, мазҳабӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ кушода шуд. Маъмун барои гуфтугўйи тамаддунҳои ғайриарабӣ ва ғайриисломӣ дар миқёси хилофат фазо ва шароити мусоиди фарҳангӣ ба вуҷуд овард. Дар ин давра, кор то ба ҷойе расида буд, ки бархе аз намояндагони шадидтарин ҳаракати миллигаройии иронӣ - шуубия дар “Байтулҳикма” - и Маъмун мақому мансабе доштанд (ниг.: Зарринкўб, Абдулҳусайн. Ду қарни сукут. Теҳрон, 1381. С. 289-301). Ба ин тартиб, дар давраи амири Аббосӣ Абўҷаъфар Мансур (754-775) наҳзати тарҷумаи осори юнонӣ, мисрӣ, ҳиндӣ шурўъ шуда, ин раванд дар замони ҳукуматдории Ҳорунаррашид (786-809) ва Маъмун (813-833) густариш ёфта, муносибати амирони Аббосӣ ба илму ҳикмат ва олимону донишмандон муътадил гардид ва шароити бози фарҳангӣ барои тарвиҷи илму фалсафа дар қаламрави хилофат ба вуҷуд омад. Дар ин давра китобҳои Уқлидус, Афлотун, Арасту, Буқрот, Ҷолинус ва соири донишмандону файласуфони юнонию румӣ тарҷума шуданд ва майдони баҳсу муҷодилаҳои илмӣ-фалсафӣ густарда гардид (ниг.: Сафо Забеҳуллоҳ. Таърихи улуми ақлӣ дар тамаддуни исломӣ то авосити қарни панҷум. Муҷаллади аввал.Теҳрон:Интишороти Донишгоҳи Теҳрон, 1371. -С.44-45).
Вале замони Эҳёи мусулмонӣ дар мароҳили дигари таърихӣ ва салтанати амирони минбаъда варшикаста ва роҳи илму маориф аз тариқи омўзиши улуми фалсафӣ ва табиӣ-риёзӣ баста мешавад. Амир Мутаваккил (847-861) ба аҳли ҳадис ва суннат эътиқод карда, хуни ононеро, ки ба баҳси холиқ будан ё набудани Қуръон иштиғол меварзиданд, мубоҳ кард. Ў таълиму тарбияи мутавассити аҳли замма (яҳудиён, масеҳиён, зардуштиён)-ро мамнўъ эълом дошта, хондани фарзандони ононро дар мадориси мусулмонон қатъиян манъ кард. Ҳамчунин китобфурўшонро савганд дод, ки китобҳои фалсафӣ ва соири осореро, ки дар хусуси масоили каломӣ ва ҷадалӣ иттилоъ медоданд, нафурўшанд (ниг.: Султонзода Ҳусайн. Таърихи мадориси Ирон аз аҳди бостон то таъсиси Дорулфунун. Теҳрон, 1364. –С.71).
Қатъи назар аз фишору таарӯзи сиёсию мафкуравӣ мардуми форсу тоҷик ба сӯйи пеш гом бардоштанд ва дар бозсозии фикрию маданӣ ва ба вуҷуд овардани Эҳёи тоҷикӣ саҳми муносиб гузоштанд. Донишманд ва файласуфи тоҷик устод Акбар Турсон нимаи аввали солҳои ҳаштодуми асри бист доир ба Давраи Эҳё ё Ренесанси тоҷик китоби махсусе таҳти унвони “Эҳёи Аҷам” (ниг.: Турсунов, Акбар. Эҳёи Аҷам: руҷӯи таърихию публисистӣ. – Душанбе: Ирфон, 1984. – 208 с.) таълиф намуда буд, ки миёни ҷомеаи илмию мадании вақти миллӣ ҳамсадоӣ пайдо кард. Муаллифи китоб кӯшидааст, ки бар мабнои манобеи таърихию адабӣ ва илмию фалсафӣ Даврони Эҳёи миллиро таъйин намояд ва тавассути мисолу намунаҳои мушаххаси илмию назарӣ ва адабию ҳунарӣ раванди бозофаринии миллиро дар шароити нави таърихӣ нишон диҳад. Воқеан, замони салтанати сулолаҳои миллии Тоҳирӣ, Саффорӣ ва Сомонӣ майдони муборизоти сиёсию фикрӣ ва маъанвию маданӣ боз шуд ва шароити муътадили бозофаринии забонию фарҳангӣ фароҳам омад. Албатта, дар фароҳам омадани чунин шароите нақши амирони хирадпарвари Тоҳирӣ, Саффорӣ ва Сомонӣ бузург мебошад. Аз ҳама муҳим, асрҳои нуҳу даҳуми мелодӣ дар қаламрави сиёсию фарҳангии Сомонӣ даврони Эҳё ё Ренесанси миллӣ муаррифӣ гардидааст. Дар давраи салтанати Сомониён ба забони миллӣ, таҳким ва густариши он аҳамияти хосса дода мешуд. Амирони хирадпарвари Сомонӣ бевосита дар ин раванд саҳм мегирифтанд ва ҷараёни омўзишу густариши забони миллиро ҷиддӣ назорат мекарданд. Дар он давра забони арабӣ, ки он замон забони илму маориф ва дин маҳсуб мешуд, тавассути сиёсати фарҳангии амирони дурандеши Сомонӣ ба маҳдудият мувоҷеҳ гардид, то ҷое, ки бо амри Мансур ибни Нўҳи Сомонӣ (961-984) «Тафсири кабири Табарӣ» ба забони дарӣ, яъне забони миллӣ тарҷума карда шуд. Уламо ва фақеҳони миллатдўсти Мовароуннаҳр дар ин амр ба чунин фатво ҷасорат карданд: «Раво бошад хондан ва набиштани тафсири Қуръон ба порсӣ мар-он касро, ки ў тозӣ надонад» (ниг.: Малоирӣ М. Таърих ва фарҳанги Эрон дар даврони интиқол аз асри Сосонӣ ба асри исломӣ. Ҷилди аввал. -Теҳрон, 1372. -С. 138). Ин навъ ибткорот аз ҷуръату ҷасорати фарзандони барӯманди миллат дар замону макони мушаххасти таърихӣ дарак медиҳад.
Мутафаккирон ва шоироне, ки дар давраи салтанати хонадони Сомониён зиндагӣ ва эҷод кардаанд, дар фазои бози фарҳангӣ аз силоҳи муқаввои фикрӣ – забони миллӣ истифода намуда, онро ба забони илму ҳикмат табдил дода, бо ин забон ҷомеаро аз фарҳангу маънавиёти миллӣ огоҳ гардониданд. Рўдакӣ, Шаҳиди Балхӣ, Абўшакури Балхӣ, Кисоии Марвазӣ, Фирдавсӣ ва Носири Хусрав барин абармардони майдони сухан, забон ва ҳикмат, бо андешаи баланди фалсафӣ раванди таҳаввули андешаи миллӣ ва бедории фарҳангии ҷомеаро такмил, таҳким ва густариш дода, саҳифаи тозаи Давраи Эҳёи миллиро рақам заданд. Бозгашт ба фарҳанги пешазисломӣ ва эҳёи тамаддуни бостонии миллӣ, ки тайи ду қарни тасаллути сиёсати арабӣ ба сукут гироида буд, аз мушаххасоти Эҳёи Сомонӣ мебошад. Ҳамчунин, аз таъсири мафкураи бегона тадриҷан раҳонидани зеҳни мардум ва дар айни замон, ба фарҳанги пешинаи аҷдодӣ таваҷҷуҳ зоҳир кардани аҳли адабу фарҳанги миллии замон аз ибтикороти ҷиддии замони Сомонӣ маҳсуб мешуд. Виҷдони озод ва интихоби мустақилонаи адёну ақоид, ки дар даврони Сомониён машрӯият касб карда буд, вежагии дигари Эҳёи миллӣ ба шумор мерафт (ба ёд меоварем Дақиқии зардуштӣ, Абусаҳли Масеҳӣ ва соири адибону донишмандони замонро, ки озодона ба мазоҳиб ва боварҳо гироиш пайдо мекарданд). Хуллас, давлатмардони Сомонӣ бо ба вуҷуд овардани фазою шароити мусоиди сиёсию фарҳангӣ неруҳои миллиеро рӯйи кор оварданд, ки дар бедории фикрӣ ва таҳаввули андешаи миллии ҷомеаи давр саҳми калидӣ гузоштанд. Лекин ин вазъи солими сиёсиву фарҳангӣ, ки дар партави сиёсати миллии фарҳангӣ ба вуҷуд оварда шуда буд, бо васвасаи дастгоҳи таҷассусии хилофати Бағдод тавассути Қарахониёну Ғазнавиёни бегона тағйир дода шуд ва боиси ба вуҷуд омадани таассубу хурофоти динӣ, мазҳабӣ, иҷтимоӣ ва сиёсию мафкуравӣ гардид.
Бегонапарастӣ ва раванди беҳувиятӣ, ки бо “ташаббуси” пешвоёни мазҳабӣ ва фурсатталабони сиёсӣ ташаннуҷ пайдо карда буд, оқибат ба сустӣ ва заъфи давлатдории Сомонӣ мунҷар гардид ва Даврони пурбори Эҳёи миллиро ба шикаст мувоҷеҳ сохт. Академик Бобоҷон Ғафуров дар мавриди шикасту заволи давлати Сомониён таваққуф намуда, дастнависеро, ки марбут ба нақли шоҳиди воқеа ва ҳол Ҳилол-ас-Сабӣ буда, ҳикояти ӯро аввалин маротиба В.Р.Розин овардааст, мисол зада, аз забони Ҳилол-ас-Сабӣ (ки шоҳиди ҳол будааст) менависад: “Вақте ки лашкари Хон (манзур Қарахониён аст – Н.Н.) сар даровард, ман дар Бухоро будам. Он вақт хатибон ба минбари масҷидҳои ҷомеъ баромада, мардумро ба ҷиҳод даъват мекарданд ва аз номи Сомониён мегуфтанд: “Охир шумо медонед, ки мо чӣ тавр ба шумо муносибати хуб доштем ва чӣ тавр ба нармӣ муомила мекардем. Инак, акнун душман ба мо таҳдид мекунад, шуморо лозим аст, ки ба мо ёрӣ кунед ва барои мо биҷангед. Барои ба мо мадад расонидан ва пуштибонӣ кардан аз Худо баракат бихоҳед”. Қисми зиёди аҳолии Бухоро ба мисли (умуман) сокинони Мовароуннаҳр бо худ силоҳ доранд. Мардум инро шунида, ба назди онҳое, ки фақеҳ мехонанд, рафтанд ва хоҳиш карданд, ки дар бобати ҷанг кардан ё накардан (ниг.: Ғафуров, Бобоҷон. Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи нав. –Душанбе: Нашриёти муосир, 2020. С.388) ба онҳо фатво диҳанд. Лекин онҳо ҷангиданро манъ карда, гуфтанд: “Агар Хониён (бо Сомониён) дар роҳи дину мазҳаб низоъ медоштанд, бар зидди онҳо ҷангидан савоб мебуд. Чун ҳоло байни онҳо дар талоши неъмати дунё задухӯрд ба амал омадааст, худро нобуд кардан ва сар ба теғ додани мусулмон гуноҳ аст, тариқи зиндагии ин мардум (яъне Хониён – Б.Ғ.) хеле хуб ва эътиқоди онҳо бенуқс аст. (бинобар ин) беҳтар аст (ба ҳама гуна мудохила) худдорӣ кард”. Ин буд яке аз сабабҳои асосии ҳокимиятро ғасб кардани Хониён ва фирору нузули Сомониён” (ниг.: Ғафуров, Бобоҷон. Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи нав. –Душанбе: Нашриёти муосир, 2020. С.388-389).
Бавежа, дар давраи Абдумалик ибни Нуҳ (954-961) нуфузи сиёсии сардорони турк дар давлати Сомониён меафзояд ва онҳо амалан соҳиби комили мамлакат гардиданд. Дар ин замон сардори гвардия ва феодали калон Алптегин ҳоҷиби бузург шуд, ки ҳамроҳи вазир Абўалии Балъамӣ тамоми ҳокимиятро ихтиёрдорӣ мекард. Рўҳониён ва ашрофони қаламрави Сомониён, махсусан Бухоро ҳангоми бурузи мушкилоти сиёсӣ ва таҳоҷумӣ амири охирини Сомонӣ Абуиброҳими Мунтасирро дастгирӣ накарданд (ниг.: Нўъмон Неъматов. Давлати Сомониён: тоҷикон дар асрҳои 1Х-Х. –Душанбе: Ирфон, 1989. -С.143-149). Охирин амири Сомонӣ амир Мунтасир (Абуиброҳим Исмоил ибни Нуҳ ибни Наср) дар баробари амир ва найзавар будан шоири ватанпараст низ будааст. То соли 1004 алайҳи туркону аҷнабиён ҷангида, барои барқарории давлати Сомониён талош варзидааст. Ба ин порашеъри ӯ таваҷҷуҳ мекунем, ки саршор аз ҷасорат ва меҳанпарастист:
Бо наъраи гурдон чӣ кунам лаҳни муғаннӣ?
Бо пӯяи аспон чӣ кунам маҷлиси гулшан?!
Ҷӯши майю нӯши лаби соқӣ ба чӣ кор аст?
Ҷӯшидани хун бояд бар ғайбаи ҷавшан.
Асп асту силоҳ аст маро базмгаҳу боғ,
Тир асту камон аст маро лолаву савсан.
(ниг.: Султон, Ҳасан. Забони давлати Сомониён. –Душанбе: МН “Дониш”, 2020. С.57)
Ҳамин тариқ, баъди сари қудрат омадани сулолаҳои турктабор ва муғулнажод дар минтака як навъ халои фарҳангӣ ҳукмфармо гардид ва неруҳои ақлонӣ ва зеҳнӣ, ки масъулияти рафъи заъфу зулми фарҳангиро бар уҳда доштанд, пароканда ва ё гирифтори мушкилоти шахсии худ шуданд. Ҳарчанд равшанфикроне буданд, ки бо забони буррову гиро талош варзиданд, ки мардуми минтақаро аз ҷаҳлу нодонӣ ва бегонапарастӣ наҷот диҳанд, вале ба таври куллӣ, раванди такмил ва таҳкими андешаи миллӣ ва Эҳёи суннатҳои аҷдодӣ аллакай ба бунбаст мувоҷеҳ гардида буд.
Дар муддати қариб ҳазор сол, ки тоҷик аз давлат ва ҳукуматдорӣ бенасиб буд, Эҳёи миллӣ ба нокомӣ мувоҷеҳ гардид ва тасмимоту ибтикороти мутафаккирону адибони миллӣ дар доираҳои маҳдуди иҷтимоӣ тадовум пайдо карду халос. Дар садаи бист устод Айнӣ, академик Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода барин фарзандони фарзонаи миллат роҳи Эҳёи фарҳангу тамаддуни тоҷикиро тай намуда, дар ин масир устуворона қадам бардоштанд. Вале ҷанги ҳамватанӣ, ки солҳои навадуми асри гузашта ба вуқуъ пайваст (солҳои 1992-1997), тамоми ибтикороту ташаббусоти миллиро ба ҳам зад ва давлату ҷомеаро дар ҳоли карахтию беҳаракатӣ нигоҳ дошт.
Аз нимаи дуюми солҳои навадуми асри гузашта тасмимоти раҳбарияти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар симои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештар сари Эҳёи миллӣ ва фарҳангикунонии ҷомеа аз тариқи таҷлили солрўзи бузургтарин чеҳраҳои илмӣ, адабӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ қарор гирифта, дар заминаи омўзиш ва таҳқиқи осори гузашта солгардҳои шоирону мутафаккирони бузурги миллӣ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ҳаким Умари Хайём, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Абуабдуллоҳи Рўдакӣ, Камоли Хуҷандӣ, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, Муҳаммад Закариёи Розӣ ва дигарон дар сатҳи баланди сиёсӣ ва фарҳангӣ доир шуд. Баргузории Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ ба унвони тадбири сиёсӣ ва фарҳангӣ (ниг.:Тамаддуни ориёӣ ва худшиносии миллӣ. //Маҷмўаи мақолаҳо. –Душанбе: «Деваштич», 2008. -С.3), ки таҷлили саросарии он дар соли 2006 иттифоқ афтода буд, гардиши куллиеро дар самти шинохт ва муаррифии мероси арзишманди тамаддуни ориёӣ дар марҳилаи ваҳдатсозии миллӣ ба вуҷуд овард. Илова бар ин, дар замони таҳкими ваҳдати миллӣ ва пойдории суботу амнияти иҷтимоӣ таҷлили вусъатноки ҷашну маросимҳои бостонии миллӣ, назири Наврўз, Меҳргон ва Сада аз авлавиятҳои давлатӣ шинохта шуд. Бавижа, таҷлили ҷашни бостонии Наврўз дар саросари кишвар ва ба ҷашни байналмилалӣ бадал шудани он ҳодисаи нави таърихӣ дар масири фарҳанггустарӣ ва давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад.
Бо ба вуҷуд омадани шароити хуби омўзишӣ ва таҳқиқӣ масъалаи муаррифӣ ва тарғиби ғояҳо, арзишҳо ва маросимоти милллию мардумӣ дар сатҳи ба талаботи замон ҷавобгў ба миён омада, дар ин замина, тадбирҳои судманд андешида шуда истодаанд. Таҷлили ҷашнҳои бостонии Наврўз, Сада, Меҳргон, Тиргон, Ялдо ва амсоли инҳо, ки дар хотираи таърихии миллати мо ҳифз шуда, ба умри миллат ва мардум баробаранд (ниг.:Разӣ Ҳошим. Гоҳшуморӣ ва ҷашнҳои Ирони бостон. –Теҳрон: Беҳҷат, 1380. -С.17), тақозои замон мебошад ва дар раванди ҷаҳонишавӣ бозсозӣ ва ба сатҳи миллӣ ва фаромиллӣ расонидани иду маросимоти мардумӣ аз авлавиятҳои сиёсати давлатӣ ба шумор меояд. Дар баробари таҷлили саросарии ҷашну маросимоти миллӣ, масъалаи ҳифзи мерос ва арзишҳои фарҳангӣ ба масъалаи умдаи сиёсати давлатӣ табдил ёфта, дар марҳилаи ваҳдатсозӣ ба ин самти муҳим аҳамияти зарурӣ дода шудааст. Ҳанўз баъд аз он ки соли 2003 Конвенсия (Муоҳада)-и ЮНЕСКО «Дар бораи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ (маънавӣ)» қабул гардид, Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2010 ба узвияти ин Муоҳада пазируфта шуд. Бо таваҷҷуҳ ба муҳиммияти масъала, Ҳукумати Тоҷикистон 31 майи соли 2012, таҳти №263 «Барномаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020»-ро ба тасвиб расонд, ки дар он мушаххасоти таълиму тадвин, тарғибу ташвиқ, таҳияву интишор ва билохира ҳифзи мероси фарҳангии миллӣ матраҳ гардидааст (ниг.:Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик.-Ҷилди 1.–Душанбе: Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2015. -С.6). Бар мабнои он, таваҷҷуҳ ба мероси гузаштаи фарҳангӣ, ҷиддитар аз ин, ҳифзу нигаҳдошти он аз газанди рўзгор ва аз ин тариқ Эҳё ва Ренесанси миллӣ аз силсилаи тадбирҳои ҷиддии Сарвари давлат дар давра ва марҳилаи соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад. Ба сухани равшантар, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи нави таърихӣ ибтикороти давлатмардони Тоҳирӣ, Саффорӣ, Сомонӣ, Ғурӣ Куртӣ, Сарбадориро, ки бар асари бетаваҷҷуҳӣ ва саҳлангории мардумӣ ба шикаст мувоҷеҳ гардида буд, пайгирона идома доданд.
Н. Нуров,
пажуҳишгар
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев