Моҳияти инсон пеш аз ҳама аз андеша ва тарзи тафаккури ӯ сурат мегирад. Инсони худшинос инсоне аст, ки аз кистию чистии худ огоҳӣ дорад. Худшиносӣ пеш аз ҳама аз соҳиби илму маърифати баланд будан маншаъ мегирад. Касе ки аз улуми инсонӣ баҳрае набурда бошад, ӯ наметавонад комил ва донишаш таъсиргузор бошад. Инсон ҳам дорои маънавиёт ва ҳам ниёзҳои моддӣ дорад, ки аз онҳо сахт вобаста аст. Яъне бояд ҳам моддиёти хешро қонеъ созад ва ҳам маънавиёти хешро солим нигоҳ дорад. Агар нафаре як ҷиҳатро инкишоф дод ва тарафи дигареро сарфи назар кард, ӯ наметавонад ба камоли маънавият бирасад.
Масъалаи дигар ин доштани эҳсоси масъулият ва посухгӯӣ дар баробари ҳама гуна амалкардҳои инсонии худ аст. Посухгӯию масъулият пеш аз ҳама иртибот дорад ба содиқият ва дӯст доштани ҳамон навъи касбу кор, пеша ё амале, ки фард ба он тамоюл дорад. Масъулият ва посухгӯӣ, яъне дӯст доштани касбу илм ва такомулу ворастагиву хушфаҳмӣ аст. Ин ба он маъност, ки фард фикру андешаи худро ба булуғи баланд расонад ва булуғи андеша ба фаҳм кардан аст, ки он метавонад булуғи маънавиро дар пайи худ бавуҷуд орад.
Инсоне, ки ба булуғи андеша расид он вораста шуда, ба ҳама мардум муносибати самимию содиқона дорад ва мавриди эҳтирому пазироии мардумон қарор мегиранд. Инсони соҳибандеша тамоми ҳастиро аз заррот шуруъ карда, то ба сатҳи инсонӣ дарк намуда, барои ӯ ҳама падидаю ашёҳои олам ҷойгоҳи хосаи худро дорад. Ин гуна инсони вораста ҳамеша дар нишот ва хуррамӣ ба сар мебарад ва ҳеҷ гоҳ аз ҳеҷ навъи ҳаводиси бавуқуъоянда нигаронӣ надорад, зеро тамоми амалкардҳояш дар доираи хирад ва андешаи солим сурат мегиранд. Ӯ ҳеҷ гоҳ вобастаи касеву чизе нест. Ҳамеша дар ҳоли ҷустуҷӯ ва дарки комилтари воқеъият аст. Ин гуна инсон худфиребу ба худ бегона нест.
Барои инсони вораста хислати хос ин дӯст доштани худу атрофиён аст. Ин дуст доштанро метавон чунин баён сохт. Дӯст доштан ва ишқ на дар масҷид аст на дар калисо на дар кааба балки “ман”-и худи шинохтаи инсон аст. Он гиря ва зорӣ нест ва дар ғурбати тан зиндонӣ шудан ҳам нест, балки беқарорӣ, ҷутуҷӯ ва ҳамеша дар пайи маънои нав будан аст. Ба маънии дигар дӯст доштану ишқ яъне фаҳми худ аз худ аст. Ҳар фарде, ки ишқу дуст доштаро фаҳм мекунад, ҳамеша ҳамчун гули шукуфта ва зебо дар боғи даруни худ ва дар марғзори тани худ бо садои булбулони хираду фаҳм ҷонаш дар сояи дарахтони таақули саршор аз зиндагиву нишот умр сипарӣ мекунад. Ин аст маънои воқеии худандешӣ ва дӯст доштану ишқ варзидан, ки мансуб ба инсонҳост.
Инсони худшинос пеш аз ҳама ошиқ ба худ аст. Ӯ ба масобаи гулест аз хушбуӣ, ки ҳамагонро аз бӯи хушаш масаррате ҳосил шавад. Ба маънои дигар, ишқ фаҳми камоли инсон аст ва завқу шавқ аз дили софу самимӣ маншаъ мегирад. Он ҷо ки чунин навъи фаҳмиш вуҷуд надошта бошад, нодонӣ ва торикию зулмот пеш меояд. Фарқи ин навъи ҷаҳонбинӣ аз он ҷаҳонбинӣ дар он зоҳир мегардад, ки дарки ҳар падидаю ашё аз воқеияти қонунманди худи онҳо маншаъ мегирад. Яъне ҳар вожа дорои таърифе ҳаст ва он бархоста аз навъи маърифат аст, ки дорои мадраки хос аст.
Вобаста ба таърифи оварда шуда метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки инсон будан яъне дорои маърифат будан аст. Касе ки худро фаҳм намекунад ҳеҷ падидаю ашёи дигарро дарк карда наметавонад. Касе ки худро дӯст надоштааст, ӯ каси дигарро дӯст дошта наметавонад. Худандешӣ ва маърифату огоҳӣ аз хирадварзиву андешагароӣ маншаъ мегирад. Ҳар он ки фаҳме дар бобати худ надорад, ӯ дигаронро фаҳмида наметавонад.
Инсоне ки ба хирадварзиву андешагароӣ нарасидааст, ҳануз дар роҳи худ мустақил ва озода нест, ӯ ҳатман побасти афкору андеша ва назару арзишгузории дигарон аст. Инсоне, ки ба хирадварзиву андешагароӣ расид, кистию чистии худро дуруст арзёбӣ кард, ҳама гуна вазъро тамйиз карда метавонад. Он эҳтиёҷ надорад то дигарон дар мавридаш қазоват намоянд.
Инсоне ки ба хирадварзию андешагароӣ расид барои ӯ байни ҳақиқату воқеият тафовут вуҷуд надорад. Ӯ воқеиятро то ҳадде дарк намудааст, ки ифодаи мусовият байни воқеияту ҳақиқат ҷойгоҳ дорад. Ӯ бо хирадандешиву дарки муҷарради воқеияти ҳастӣ дар мавриди ҳодисаҳо ва падидаю ашёҳо қазоват карда метавонад. Инсоне, ки ба худандешӣ нарасидааст, ӯ наметавонад дар баробари воқеият ва дарки ҳақиқати падидаю ашёҳо қазоват намояд ва дар ин маврид назари хоса дошта бошад.
Ҳар қафасеро набояд зиндон пиндошт ва ҳар зиндоне низ наметонад қафасе бошад. Ин ба он маънист, ки чорчӯбаи хираду андешаи инсон то андозае мисли қафасеанд, зеро тамоми рафтор, муносибат ва тарзи бархурд ба табиату ҷомеа пеш аз ҳама аз андешаи инсон маншаъ мегирад. Бахусус аз чигунагии навъи ҷаҳонбинии ӯ. Ҳамин аст, ки ҳар фард дар муносибат ба олами ҳастӣ аз равзанаи мағзу шуури худаш муносибат менамояд. Ҳамин аст, ки на ҳар навъи дониш ифодагари воқеъияти ҷаҳон аст ва ҳастанд донишомӯхтагоне, ки дорои ҷаҳонбинии илмӣ ва воқеӣ нестанд.
Онҳо дар қафасҳои андешаҳои худ бозмондаанд. Чунин навъи афродро ҳам дар байни нафарони донишгоҳхондаву донишгоҳдида ва ҳам дар байни нафароне, ки донишгоҳу дониишгоҳ надидаанд, метавон мушоҳида кард. Гоҳе метавон донишомӯхтагонеро мушоҳида кард, ки дар қафаси андешаҳои худ вомондаанд ва ҳарчанд дар донишгоҳу донишкадаҳо таҳсил намудаанд, вале ҳануз хирадашон чандон инкишофёфта нест. Дар баробари ин ҳастанд, дар ҳар ҷомеа нафароне, ки вобаста аз таҷриба, дарку фаҳми рӯзгор фарогирӣ аз анвои гуногуни китобҳои илмӣ ба ҷаҳонбинии илмӣ расидаанд ва андешаю хиради пуё доранд.
Масъалаи дигар ин аст, ки аз навъи омӯзишу парвариш ва тафаккуру ҷаҳонбинии устодоне, ки батаълимгирандагон тадрис медиҳанд, навъи ҷаҳонбинии шогирдон низ дар чорчӯбаи он шакл мегирад. Ҳар қадар сатҳи омӯзишу парвариш илман асоснок ва дар чорчӯбаи улуми муосир бошад, ҳамон қадар ба ҷаҳонбинии шогирдон таъсири худро мерасонанд.
Баръакс дар ҳар ҷомеае, ки омӯзишу парвариш дар пояи бовармандӣ, таваккуландешӣ ва амсоли ин сурат мегирад, он ҷо шакл ва навъи ҷаҳонбинии ғайриилмӣ ва бовармандиву таваккуландешӣ боло меравад, ки боиси таассубу хурофот ва ҷаҳли мураккаб мегардад. Чунин вазъ на ба пешрафти он ҷомеа, балки баръакс ба оқибмондагӣ ва мушкилоти зиёди иҷтимоӣ оварда мерасонад. Ҳар ҷо ки нодонию ҷаҳолат бошад, ҳатман дар он ҷомеа анвои гуногуни мушкилоту бадбахтӣ низ ҷой дорад. Инсоне, ки шинохт ва хиради воқеӣ надорад, ӯ наметавонад чизҳоро дуруст тамйиз кунад ва ба онҳо арзишгузорӣ намояд. Ҳамин аст, ки ӯ наметавонад дарки воқеие аз арзиши зиндагӣ дошта бошад.
Мусалламан онҳое, ки ба гуруҳҳои тундгаро мепайванданд, пеш аз ҳама наафронеанд, ки дар баробари шинохти ҷаҳон тасаввуроти амиқе надоранд ва наметавонанд зиндагиро ҳамчун арзиши олӣ шиносанд. Ин ҷо масъала он аст, ки ҳар фарди огоҳ ва хирадманд бояд дарк кунад, ки дар ин олами нопайдоканори ҳастӣ як бор дар сурати инсон метавон зиндагӣ кард ва ҷони инсон чизе нест, ки ӯро ба ҳар қимат дастрас кунӣ ва барои ҳар кори беарзише онро фидо намудану дар як они воҳид аз даст додан ба ҷуз ҳамоқату ҷаҳли мураккаб чизе буда наметавонад. Ҳамин аст, ки нашояд онро қурбони ҳар хурду резае намуд.
Аз ин рӯ боясти ҳар фард бошууронаю бохирадона фаҳми ҷони худ бикунад ва боясти ҳамагуна ҳамоқат нодонӣ ва ҷаҳолатро дар баробари шинохт ва арзиши ҷони худ боло гузорад. Зеро ҷони инсон қимматтарин ва нотакрортарин унсурест, ки онро ҳатто барои як лаҳза бозгардонидан имкон надорад.
Онҳое, ки қимати ҳар коло ё ҷинсеро аз қимати одамӣ боло мегузоранд, онҳо аслан дарку шуури баланде аз шинохти арзиши ҳаёт надоранд. Махсусан онҳое, ки бо таълимоти хеш инсонҳоро ба самти худкушию интиҳорӣ раҳнамуд месозанд, аз бешууртарин ва камхирадтарин нафаронанд. Онҳо рисолаташон ба бешуур гардонидани афрод равона мешавад.
Ҳеҷ гоҳ эҳсоси масъулияте намекунанд, ки қимати ҷони инсонҳо аз ҳама гуна бовару эътиқод болотар аст ва ҳар чизеро ки инсоният дар дарозои мавҷудияти тамаддуни худ офаридааст, инҳо ҳама танҳо ба хотири зиндагонии инсонианд. Ва аз ҷумла дину эътиқод низ бояд ба хотири хушбахтӣ ва садоқати инсонӣ буда бошад ва ҳар чизе ки инсонро ба самти нобудӣ савқ медиҳад он наметавонад арзиши воқеӣ дошта бошад. Инсон бояд ҳамагуна шинохтро аввалан дар мизони хиради хеш бар кашад ва дар партави он ки то чи ҳадде барои зиндагии инсонҳо метавонанд манфиатбахшу саодатмандкунанда бошанд, онҳоро арзиш намояд.
Исомуддин Шарифзода,
номзади илмҳои фалсафа
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев