Ин сахар хокистари ман дар гирифт
Гам дар кунчи дилам аз сар гирифт
Хохаре ки буда фарзанди падар
Рузи маргаш сол хафт дарбар гирифт
Хафт сол шуд чои модар холи аст
Хоби шаб дар болини бемори аст
Комати у сояи модар ки дошт
Хастиямро токати безори аст
Хар гахе хумори медар мегирифт
Рох поям суи хохар мегирифт
Лукмаи ноне зи дастархони у
Нуши чон аз дасти модар мегирифт
Як даме биншаста дар пахлуи у
Хуш муаттар буи модар мегирифт
Остини пирохонаш гуйё маро
Огушам домони модар мегирифт
Чун дуое бар Худо мекард агар
Зиндагиям кувва аз сар мегирифт
Он рузе афтода у бемор шуд
Пайкарамро ларзае бедор шуд
Руз то руз дида ахволи варо
Кабз чонам неши ханчарвор шуд
На дигар дастони у боло нашуд
Чашми мехр нигох суи мо нашуд
Пас дигар нони танури модари
Бо хавас кунчи лаби мо во нашуд
Бурд бо худ хохарам модар зи ман
Куввату дору мадор аз ман зи тан
Бурда гулхои бахори аз ватан
Дур гашта мисли мурге аз чаман
Хонаи у бе калид куфл аст маро
Ханда бе хастии у куфр аст маро
Хар намозам бо дуои хайри уст
Ёди у то зиндаам зикр аст маро
Ин сахар тарсам равам бар хонааш
Даст занам кулфи дару дарвозааш
Тарсам дар кунчи дилам гам дар гирад
Аз хамон марге ки хаст овозааш
. ФАХРИДДИН
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 60
ЗИНДАГИ БЕ БАНДАГИ ШАРМАНДАГИСТ...
ГУЛГУНКАБО ПУШИДААМ, САР ДАР КАФАН ПЕЧИДААМ.
ЗАХРОБИ ГАМ НУШИДААМ, АЗ ДАСТИ КИ, АЗ ДАСТИ МАРГ..
ХУДО ГУЗАШТАГОНИ ШУМОРО РАХМАТУ МАХФИРАТ КУНАД ШОИСТАИ ЧАННАТ ГАРДОНАД..
Аҷал парвои симу зар надорад...
Худованд илми диниву дунявиатонро боз ҳам зиёдтар гардонад..