Кӯдакӣ аз пеши чашмам даргузашт,
Эҳ, аҷоиб даврае аз сар гузашт.
Модарам субҳи саҳар бар рӯйи хон,
Баҳри ман омода карда чойу нон.
Чун ба мактаб меравам акнун дигар,
Чун умеде дорад аз лахти ҷигар.
Лек ман бар сӯйи мактаб ончунон,
Мешавам бо норизогиҳо равон.
Кори ман танҳо давидан буду бас,
Дар сари ман ҳеҷ набуд ёде зи дарс.
Баъди мактаб ҳар куҷо да кӯчаҳо,
Лату кӯб ҳамроҳи мактаббачаҳо.
Вақти бозгашт ҷузъдонам дар барам,
Зуд дароям то набинад модарам.
То набинад модарам ҳоли маро,
Бо либоси канда аҳволи маро.
Чанд соат пеш чу шоҳам карда буд,
Атру шона, ҳамчу моҳам карда буд.
Модарам, хуш остин бар мекунад,
Дидамаш, ки химчае тар мекунад.
Худ ба худ гӯям:-кунун аз худ бинол,
Ё гурез, ё бар танат малҳам бимол.
Эҳ, даври бебаҳо буд кӯдакӣ,
Ҳар куҷо дар кӯчаҳо буд кӯдакӣ.
Баччагиро баччагияш шод бод,
Кӯдаке бо кӯдакияш шод бод.
17•08•2022 ХАЁЛӢ З.О
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 18
Хуштарин лаҳзаҳои ҳаёт.