وَسَيَعْلَمُ الَّذِينَ ظَلَمُوا أَيَّ مُنْقَلَبٍ يَنْقَلِبُونَ
“Ва касоне, ки зулм карданд, ба зудӣ хоҳанд донист, ки ба кадом бозгаштгоҳ бозмегарданд.” (Сураи Шуаро, ояти 227)
Пас аз зарбаҳои дардноку ҳайратангези ғайратмардону муҷоҳидони фаластинӣ дар дифоъ аз сарзамин ва ҳимояти тӯфонияшон аз Масҷидулақсо, режими саҳюнистӣ ҳам дар идомаи ҷиноятҳои навбатию нангини худ дар ҳаққи миллати мазлуми Фаластин, ин бор бо як ҳамлаи даҳшатнок, даррандасифатию кӯрдилии худро ба ҳамаи ҷаҳониён нишон дод ва собит кард, ки ба кӯчактарин қоидаҳо ва ҳуқуқи байналмилал ҳатто дар замони ҷанг, пойбанд нест; ин ҷинояткорҳо барои ҷуброни шикасти ҷуброннопазири худ дар иқдоми шармовар, бемористони Ал-Маъмадонӣ, воқеъ дар Ғаззаи мазлуму муҳосирашударо бомбаборон карданд ва бар асари ин ҳамлаи ваҳшатнок, беш аз 1000 нафар аз мардону занону кӯдакон ва табибони ин бемористон, шаҳиду захмӣ шуданд; Ал-Маъмадонӣ фақат яке аз 20 бемористоне аст, ки ҳадафи ҳамлаи ғайри инсонии инсоннамоҳо қарор гирифтааст.
Ин фоҷиаи дилхарошу ғамангез, ки боиси пар-пар гаштани инсону инсоният шуд, дар сояи сукути давлатмардони хуфта ва дар паноҳи ҳимоятҳои муздуронаи қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ рӯй дод; қудратҳои ситамгар ва иддаогарони хаёлии ҳуқуқи башар, ки чеҳраи хӯнрезу хӯношоми режими хабису кӯдаккуши саҳюнистиро ошкортар намуда ва миллионҳо озодандешу озодихоҳро ба сӯги ин мотами инсонӣ-ҷаҳонӣ нишонданд.
Акнун, ки Ғаззаи мотамзада ва хӯнину мусибатзада, маркази иттиҳоду ҳамдилии ҷаҳони Ислом ва тамоми озодихоҳон қарор гирифтааст, аз ҳамаи шарофатмандон, озодихоҳон ва виҷдонҳои ҳушёру бедор мехоҳем, ки аз Фаластини мазлум дифоъ кунанд ва пайкари пӯсидаву пӯшолии ин режими сохтагиро дарҳам шикананду сарафканда намоянд, то заминаҳои қатъу решакан сохтани рагҳои ҳаётии ин зӯргӯёни золиму ситамгар ҳам фароҳам гардад.
Ба умеди он рӯзе, ки бо мададу ёрии илоҳӣ, мардуми Фаластину ва тамоми мусалмонон дар сарзаминҳои исломӣ дар озодию оромиши комил бошанд, ҳаққу ҳуқуқашон риоят шавад, дасти зӯру худкомагӣ қатъ гардад ва шарри ҳар шарре ҳам ба худаш бозгардад; ва ин умеди мо ба даргоҳи Худованд, камтарину кӯчактарин баёну тафсир аз ояти 227-уми сураи Шуаро аст.
Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев