Предыдущая публикация
Дар тирамоҳи армон борон тарона хонад,
Бар ҳоли барги афшон борон тарона хонад.
Паррандаи муҳоҷир ру суи меҳан орад,
Пар-парзану парафшон борон тарона хонад.
Чун ҳар куҷо ятиме уфтад ба ёди модар,
Бар тифлакони гирён борон тарона хонад.
Дар кишвари муҳаббат ҳангоми васли ёрон
Бо лаҳни "Ёр-ёрон" борон тарона хонад.
Бо нозу бо карашма эй ёри сустпаймон
Ҳошо ба зери борон , борон тарона хонад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев