Имрӯз тамоми мардуми кишвари мо бояд душманони Ватану миллатро дуруст шиносанд, то ки ба амалҳои зиддмиллии онҳо муқовимати зарурӣ карда тавонанд. Дар қатори наҳзатиҳои террорист яке аз чунин неруҳои душман созмони мамнуъ ва экстремистии «Гуруҳи 24» аст. Ин созмони ифротӣ, ки худро ташкилоти мухолифи Ҳукумат меҳисобад, дар асл як тудаи душмани давлату миллати Тоҷикистон буда, имрӯз ба фаъолияти тахрибкоронаи зиддимардумӣ машғул аст. Ягон рафтору гуфтори саркардаҳо ва масъулини ин созмон ба неруи мухолифи сиёсӣ монанд нест, балки амалҳои онҳо танҳо ифротгароёна ва радикалию ҷиноятианд.
Бояд ҳар фарди ҷомеа донад, ки ин гуруҳ на неруи сиёсӣ, балки ҷамъи ҷинояткорону авбошон, ки аксари мутлақашон бесаводу тангназаранд, мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир ва баъди таҳқиқу исботи амалҳои ифротгароёна ва зиддимилиаш ин созмон бо қарори Суди Олии Тоҷикистон мамнуъ ва экстремистӣ эълон шудааст. Шаҳрвандони кишварамон, хусусан ҷавонон бояд дониста бошанд, ки ҳар гуна иртибот ва ҳамкорӣ бо ин созмони мамнуъ ҷиноят аст ва ҷавобгарӣ дорад. Ҳаргиз ҷавонон ба доми макри ин тудаи ҷинояткори хоин бояд наафтанд.
Маълум аст, ки ин гурӯҳи ифротӣ аз ибтидо даст ба душманию мардумфиребӣ зада буд, зеро таъсисдиҳандагон ва саркардаҳояш ҳамагӣ қаллобоне буданд, ки баъди содир кардани ҷиноятҳои иқтисодӣ ба хориҷа гурехта буданд. Онҳо ба ҷойи ҷавобгарӣ дар назди қонун ва барқарор кардани зарари иқтисодии расондаашон, амалҳои нангини зидди давлату миллатро шуруъ карданд ва кушиданд, ки ҷавонони ноогоҳи муқими Россия ва кишварҳои дигарро бо роҳи фиреб ба доми худ дароранд.
Яке аз саркардаҳои ин гуруҳ Шарофиддин Гадоев аст, ки имрӯз ба эътилофи ҷинояткоронаи наҳзатиҳои террорист пайваста, дар хизмати саркардаи он қарор дорад. Вай баъди содир кардани ҷиноятҳои қаллобӣ ба хориҷа гурехтааст. Ҳар замон ба хотири дарёфти чор тангаи ҳаром аз наҳзатиҳои террорист ва хоҷаҳои хориҷиаш, бар зидди Ватану миллати худ бо туҳмату буҳтон баромадҳо мекунад. Ҳамин аст воқеият ва чеҳраи аслии саркардаҳои Гуруҳи 24.
Андешаҳои зиддимилливу зиддидавлатӣ, амалҳои ноҷавонмардона ва дурӯягию фиребгарии ин ҳаракати экстремистӣ боис гардид, ки аъзоёнаш парокандаву сарсон ва ҳайрону саргардон шаванд. Айни ҳол як қисми ин гурӯҳ, ки амалҳои ҷиноятии зиддимиллӣ ва зиддидавлатӣ доштанд, дастгир ва тибқи талаботи қонун муҷозот шуданд. Қисми дигарашон бошад, рафтору кирдори нодурусташонро дарк карда, пушаймон шуданд ва ба Ватан баргаштанд.
Вале якчан нокаси дигараш то ҳануз аз раҳи душманӣ бо мардум барнагашта, зидди Тоҷикистон таблиғоти экстремистӣ мебаранд. Онҳо ба хотири бадном кардани мақомоти давлатӣ ва фазои амну ороми кишварро барҳам задан, даст ба ҳар гуна амалҳои нангин мезананд, мардумро ба роҳи хато даъват мекунанд.
Яке аз ин гуна ифротиёни худбохта Ашуров Ҳусейн аст, ки барои ба даст овардани манфиати моддӣ аз ягон амали нангину расвоӣ худдорӣ намекунад. Аммо ба мардум маълум аст, ки ин нафар дар асл, як террорист аст ва дар лагерҳои террористон, ки дар кишварҳои ҳамсоя мавҷуданд, замони навҷавониаш омодагии террористӣ гирифтааст.
Имрӯз мардум чеҳраи аслии ин тударо шинохтааст. Ҳамватанонамон дар дохилу хориҷ медонанд, ки ба ғайри табоҳкорӣ ин ҷинояткорон амали дигареро анҷом намедиҳанд. Тавре мушоҳида мегардад, вақтҳои охир касе ба сафи ин ҷинояткорон намепайвандад ва онҳо торафт заифтару нотавон мегарданд.
Фотеҳ Мирзода,
муҳаққиқ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев