Ба таърих назар кунед, вазъияти имрӯзи ҷаҳонро таҳлил кунед ва ба хулосае хоҳед омад, ки ягон ташкилоти террористию ифротӣ аз раҳи хушунату террор барнамегардад. Чунин ташкилотҳо ҳатто агар ба қудрат расанд, ҳам усули зуроварию ваҳшонияташон боқи мемонад. Мо дар мисоли Толибон мебинем, ки бо вуҷуди ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ дар Афғонистон аз тарзи амали худ даст накашидаанд.
Ташкилоти террористии наҳзатӣ ҳам чунин аст, ҳаргиз дигар намешавад. Ин созмон аз бунёдаш ифротиву тахрибгар ва тањаммулнопазиру фашистї мебошад. Саркарда ва масъулини ин гурӯњи табоҳкор њамеша бо дигарандешону намояндагони мазњабу боварњои дигар дар низоъанд. Чунон тангназару ҷоҳиланд, ки худро њамеша дар мавқеи њаќиќати мутлаќ ва дигаронро бадандешу ноњаќ мешуморанд.
Дар асл амалҳои зишти мисли қатлу љињоду шањодат хамирмояи идеологияи онҳо буда, таъқибу куштори дигарандешро амали дуруст меҳисобанд. Аз ин ҷиҳат, ақида ва амалҳои ин тоифа бо идеология ва амалҳои фашистї якрангу њамсон аст. Масалан, чанд рӯз пештар яке аз масъулини ифротгарои наҳзатӣ – Муҳаммадиқболи Садриддин зимни суханрониаш тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ одамонро ошкоро ба содир кардани кирдорҳои зиддимиллию зиддидавлатӣ даъват карда, мегуфт, ки «агар дар ин роҳ касе кушта шуд, шаҳид мегардад». Аз ин пештар худи саркардаи наҳзат – Кабирии хиёнаткор дар чанд мусоҳибааш гирифтани силоҳ ва бурдани муборизаи мусаллаҳонаро бар зидди давлату миллати тоҷик амали дуруст ҳисобид. Яъне суханони худи масъулону раҳбарони наҳзат як неруи зиддимиллию фашистӣ буданашонро исбот мекунад.
Саркарда ва масъулини наҳзат њанўз аз солњои аввали навадум ба фаъолиятњои экстремистию террористӣ шуруъ карда, фишору таъқиботи мардумро он замон аз масљидњо оѓоз намуда буданд. Онҳо бо роҳи зуровари фаъолияти масоҷидро зери назорати худ дароварда, онҳоро ҳамчун василаи таблиғоти ифротгароёна бар зидди давлату миллат истифода мебурданд.
Аламовар он аст, ки баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шўравї, замоне ки ҷумҳуриҳои дигар истиќлолу давлатдории миллии худро мустаҳкам мекарданд, ТТЭ ЊНИ бо супоришу дастури хољагони хориљиаш барои ба даст овардани њокимияти сиёсӣ ба набарди мусаллањона даст зада, сохти конститусиониро дар Тоҷикистон аз байн бурд ва дар кишвар оташи ҷанги дохилиро аланга дод. Сохторҳои давлатӣ фалаљ гардида, иқтисоди кишвар маҳв карда шуд. Наҳзатиҳо бо ин амалашон мавҷудият ва ягонагии миллату давлати навбунёди тоҷикро зери хатар гузошта, дар вартаи нобудӣ қарор доданд. Ҳануз аз оғози ҷанги дохилӣ дастаҳои қотили наҳзат фаъолияти тахриботиашонро таќвият бахшида, амалҳои террористонаи худро шуруъ карданд. Ҳар касе андешаи дигар дошт, мавриди таъқибу куштори наҳзатиҳо қарор мегирифт.
Намунаи даҳшату ваҳшонияти наҳзатиҳо кушторњои дар соли 1992 дар бинои њаммоми совхози Туркманистони ноҳияи Вахш анҷом додаи онҳо мебошад, ки назирашро таърих ёд надорад. Ҳамин тавр, ваҳшонияти наҳзатиҳо, ки имрўз нашармида аз ҳуқуқу озодӣ ва демократия ҳарф мезананд, аз инсонкушию қотилии чингизиён ва фашистони гитлерӣ камтар нест. Онҳо бадтарин шевањои ќатли инсонро нисбат ба њамватану њаммилатони худ раво дидаанд. Барои бо усули мудҳиш куштани инсонҳо ҳатто «бочка-зиндон»-ҳоро истифода мекарданд, узвҳои одамонро мебуриданд, оташ мезаданд ва дигар кирдорҳои ғайриинсониро анҷом медоданд, ки таърих ёд надорад.
Ҳатто пас аз ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулњ ва ризоияти миллӣ ҳам силсилакушторњои наҳзат ва дигар амалҳои манфурашон идома меёбанд. Ҷиноятҳои мазкур баёнгари онанд, ки ин созмони экстремистию террористї аз дигар ташкилотҳои террористӣ, аз ҷумла ДИИШ фарқе надорад. Куштору террори наҳзатиҳо боиси нобуд гардидани бештар аз 150 њазор сокини осоиштаи Тољикистон гардид, ки бузургтарин хиёнат ба давлату миллат буд.
Наҳзатиҳо имрўз дар хориљи кишвар паноњ бурда, аз ҳуқуқи инсону адолат њарф мезананд, вале то њанўз фашистию фанатизми динию мазњабї аз зењнияташон зудуда нашудааст. Дер ё зуд њатман аъмоли касифонаи хешро боз анљом медињанд.
Бешак наҳзат то ҳануз аз раҳи террору куштор ва зуроварӣ барнагаштааст. Мавҷудияти созмони террористии «Ансоруллоҳ» - қаноти ҷангии ТТЭ ҲНИ дар Афғонистон ва исботи ин гуфтаҳост. Ин гурӯҳ ду сол пештар бо содир кардани амалҳои мудҳиши террорстӣ дар Дарвози Афғонистон аз худ дарак дода буд. То ҳануз ҷангиёни ин зерсохтори ТТЭ ҲНИ дар шимоли ҳамсоякишвар бедод мекунанд.
Наҳзатиҳо дар Аврупо баромад карда, аз худ як неруи озодипарвару адолатпешаи тараққиписанд метарошанд, аммо воқеият дигар аст. Онҳо ҳаргиз дар фикри созандагӣ ва адолату инсоният набуданду нестанд. Балки ҳамчун як ташкилоти террористӣ, экстремистӣ ва зиддимиллию фашистмаоб шинохта шудаанд. Мардум ба онҳо аз рӯйи амалҳояшон баҳо медиҳад.
А. Раҳмонзода,
номзади илмҳои сиёсӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев