Иғвогарӣ яке аз усулҳои маъмулии фаъолияти наҳзати террористӣ аст. Ҳануз дар солҳои навадуми асри гузашта наҳзатиҳо амалҳои тахрибиашонро бо иғвогарию дуоуғу туҳмат шуруъ карда буданд.
Айни замон низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои мустақил корбарони наҳзатӣ, алалхусус дастандаркорони бозиҳои мазҳабӣ, ки дар хориҷ аз кишвар қарор доранд, фаъол шуда, алайҳи давлати миллӣ дурӯғу иғво мепарокананд ва шахсиятҳои дараҷаи аввали давлатро мавриди интиқоди муғризона қарор медиҳанд.
То имрӯз дар фазои иттилоотии наҳзатӣ матолиби муғризона нашр мешаванд. Аммо паҳнкунандагони чунин ахбори нодуруст ва зидду нақиз мехоҳанд, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоиро зери нуфуз қарор бидиҳанд ва аз ин ҳисоб дар ҷомеа обрӯ касб кунанд.
Маълум аст, ки наҳзат дар хориҷ дари созмонҳои байналмилалиро кӯфта, хостори расидагӣ кардани парвандаҳои зиндониёни сиёсӣ ва озод намудани онҳо мешавад. Аммо, тавре ки медонем, нафарони наҳзатӣ, ки барои ҷиноятҳои содиркардаашон пушти панҷара қарор гирифтаанд, зиндонии сиёсӣ нестанд. Онҳо ҳеҷ нисбате ба мафҳуми зиндонии сиёсӣ надоранд. Вале наҳзат ва доираҳои ба он наздик саъю талош мекунанд, ки онҳоро дар назди созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои марбутаи аврупоӣ, ки масъалаи ҳуқуқи инсонро расидагӣ менамоянд, ҳамчун зиндонии сиёсӣ муаррифӣ созанд. Зимнан, баъзе созмонҳои байналмилалӣ ва раҳбарони аврупоӣ аз наҳзат ҳамчун абзори таъсиррасонӣ истифода мебаранд ва хоҳишҳои ин ташкилаи экстремистиро иҷро мекунанд.
Ростӣ, бо кадом далел муҷриёни барномаи наҳзатӣ иддаоҳои ғайримантиқиро дар қолиби барномаҳои алоҳида пахш мекунанд, маълум нест. Хуб, наҳзат ва муҷриёни тарҳҳои сиёсӣ ва иттилоотии наҳзатӣ бидуни далоил суҳбат кардан ва мавод интишор доданро одат кардаанд.
Аз ҷониби дигар, ҷиноятпешагони наҳзатӣ, ки имрӯз ба таври сунъӣ ҳукми “зиндонии сиёсӣ”-ро гирифтаанд, барои ҷиноятҳои содиркардаашон зиндонӣ шудаанд, на барои фаъолиятҳои сиёсӣ. Барои дарки ин масъала бисёр хондан ва бисёр донистан зарур нест, танҳо ба фаъолияти сиёсию идеологии онҳо баҳои мантиқӣ бояд дод.
Онҳо, мутаассифона, тайи фаъолиятҳои сиёсӣ ба тарҳи балво ва исёни интизомӣ даст заданд ва дар пиёда кардани барномаи табадуллоти давлатӣ “саҳм” гирифтаанд. Маҳз барои ин ва баъзе ҷиноятҳои дигари характери иқтисодию молиявидошта ба ном зиндониёни сиёсии наҳзатӣ зиндонӣ шуданд.
Аммо наҳзат барои рӯпӯш кардани ҷиноёт ва назди созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои хайриявии аврупоӣ ба сони мусичаи бегуноҳ ҷилва додани худ ин василаро истифода мебарад.
Ҳадафи наҳзат, албатта, ки маълум аст: пахши иғвою даъво, эҷоди тарсу ваҳшат дар ҷомеа, афзудани яъсу ноумедӣ миёни қишрҳои иҷтимоӣ ва ба даст овардани холи сиёсӣ дар назди ҳомиён ва хоҷагони хориҷии худ.
Фаридун Ориёӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев