Ҳанӯз 33 сол муқаддам давлати пуриқтидори Шуравӣ аз байн рафт. Ҳамаи ҷумҳуриҳои он ба сари худ мустақил шуданд. Аз ҷумла, Тоҷикистони азизи мо ҳам. Афсӯс, ки дар роҳи бунёди давлати миллӣ якдигарнофаҳмиҳо ғолиб омаданд ва тақсим шудем ба гурӯҳҳои мухталиф ва даст задем ба гиребони якдигар. Тоҷикистони кӯчакро ба майдони набарду кашмакашиҳои бемаънӣ ва сиёсатбозӣ гирифтор кардем.
Маҳз ҳамин хусусияти манфӣ дар шууру равони мардуми тоҷик ва инчунин омилҳои дигар, аз ҷумла дарк карда натавонистани мафҳумҳои истиқлол ва ваҳдат боиси пайдоиши моҷаро байни сокинони маҳалҳои ҷудогонаи кишвар гашт. Пайдоиши моҷаро, талафоти зиёди иҷтимоиву иқтисодӣ, ҷонию молӣ, осеб ба шуури мардуми кишвар, боиси он гардид, ки ҷомеа зарурати мафҳумҳои истиқлол, ягонагӣ, якдилӣ, ваҳдати миллӣ, оромӣ осоиштагиро дарк намуда, баҳри пойдор гардидани сулҳу амният дар ҷумҳурӣ пофишорӣ намуданд. Ғайр аз ин, шуури сиёсии ҷомеа дар он давра дар сатҳи паст қарор дошт ва шуури иҷтимоии ҷомеа барои қабул намудани тағйироту табаддулотҳо дар кишвар омода набуд. Дар чунин вазъият қувваҳо ва шахсиятҳое ба миён омаданд, ки сулҳу оромиро дастгирӣ менамуданд, ба қадри ҳаёт ва ҷони инсон мерасиданд ва oнҳо кӯшишҳои зиёде намуданд, ки моҷаро тезтар роҳи ҳалли худро ёбад. Оқибат дар натиҷаи 8 даври мулоқот ва музокироти қувваҳои муқовиматкунанда, 6 мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари Иттиҳодияи мухолифин С.А.Нурӣ ва 3 вохӯрии тарафҳо 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумӣ дар бораи барқарор намудани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳодияи мухолифин С.А.Нурӣ ба имзо расид. Ҳамин тариқ, монеаи асосии рушду инкишофи ояндаи Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти Тоҷикистон бартараф карда шуд.
Сулҳоварӣ дар Тоҷикистон раванди пай дар пай ва табиӣ буд. Танҳо аз соли 1993, баъди он ки амалиётҳои ҷангӣ каме коҳиш ёфт, зарурияти муросои миллӣ боло гирифт. Аз 5 то 19 апрели соли 1994 дар шаҳри Москва давраи аввали гуфтушуниди байни тоҷикон баргузор гардид. Бозгардонии гурезаҳои иҷборӣ ва муҳоҷирон масъалаҳои асосии музокирот оид ба оташбас буданд.
Аз 18 то 28 июни соли 1994 дар шаҳри Теҳрон давраи дуюми гуфтушунид ба амал омад. Масъалаҳои асосии музокирот бошад, оташбаси муваққатӣ ба ҳисоб мерафт. Аз 20 октябр то 1 декабри соли 1994 давраи сеюми музокирот дар шаҳри Исломобод, масъаларо дар бораи комиссияи муштарак оид ба татбиқи созишномаи оташбас баррасӣ намуд. Давраи чоруми музокирот аз 22 май то 2 июни соли 1995 дар шаҳри Ашқобод баргузор гардид. Давраи панҷуми музокирот аз 30 ноябр то 23 декабри соли 1995 дар шаҳри Ашқобод баргузор шуд.
Гуфтушуниди Ашқобод аз се давра иборат аст. Марҳилаи аввали он аз 30 ноябр то 22 декабри соли 1995 ва марҳилаи дуюм аз 26 январ то 19 феврал ва марҳилаи сеюм аз 8 то 21 июли соли 1996 идома ёфтааст.
Дар таърихи 9 марти соли 1996 қариб 30 ташкилотҳои сиёсӣ «Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон»-ро имзо намуданд. Мақсади асосии он ҳарчи зудтар ноил гардидан ба сулҳи байни тоҷикон ба ҳисоб мерафт. Давраи шашуми музокирот аз 4 то 19 январисоли 1997 дар шаҳри Теҳрон, давраи ҳафтум аз 26 феврал то 8 марти соли 1997 дар шаҳри Москва, давраи ҳаштум 8 -18 апрел ва 21 – 29 майи соли 1997 дар шаҳри Теҳрон ба вуқӯъ пайваст.
Дар ин раванд аз 24 -27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва давраи хотимавии музокирот байни тоҷикон барпо гардид. Ки баъзан ин давраро давраи нуҳум низ меноманд.
Дар таърихи 4 июли соли 1997 Фармонҳои Президент «Дар бораи оғози кори Комиссияи оштии миллӣ» ва баъди се соли фаъолияти пурмаҳсул 31 марти соли 2000 дар бораи қатъи фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ фармон баромад.
Якуми августи соли 1997 дар иҷлосияи 7- уми Шурои Олии Ҷумҳурӣ қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» қабул карда шуд. Дар иҷлосия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сухан баромада, вазъияти умумиро шарҳдод ва чунин гуфт: «Ман на барои мансабу курсӣ, балки барои сулҳусалоҳи кишвар гуфтушунид мекунам. Нохалафҳо бошанд овоза мекунанд, ки ман бо домулло Абдулло Нурӣ барои тақсими вазифа забон як карда бошем. Аз ҳамин рӯз саркарда, бояд калимаи оппазитсия ва мухолифин аз байн равад. Касе пас аз ин ҷиноят кунад авф намешавад». 18 июли соли 1999 дар заминаи тақсими вазифаҳо ба ҷониби мухолифон раисии 22 шаҳру ноҳия супорида шуд, ки онҳо дар давоми 3 рӯз ҳамаи кадрҳояшонро пешбарӣ намуданд. Ҷанги хонумонсӯзи бародаркӯш аз рӯзи 5 майи соли 1992 дар байни деҳаҳои Ҳасанобод ва Оли Совети ноҳияи Рӯдакӣ оғоз ёфт. Ҷанги Бузурги Ватани, ки имсол 78 солагии онро ҷашн гирифтем 1418 шабонарӯз давом карда буд. Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистони мо қариб 290 ҳазор нафар ҷавонмардон даъватшуда буданд ва бештар аз 60 ҳазор нафари онҳо қурбон шуданд ва нафаре гуреза нашуда буд, молу мулки касе ғорат нашуда буд. Дар Тоҷикистон садои тире набаромада буду касе бо силоҳ худнамоишдиҳӣ намекард.
Ҷанги дохилии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 1880 рӯз давом кард. Зарари умумии он 8 – 10 миллион доллар гуфта мешавад. Тибқи маълумот 150 ҳазор нафар қурбон шуда, як миллион нафар фирорӣ гаштанд. 25 ҳазор зан бева ва 60 ҳазор кӯдак ятим монд. 40 ҳазор биноҳои истиқоматӣ харобу валангор гардида, зиёда аз 60 муассисаи тиббӣ аз кор монд, 100 муассисаи нақлиёти автомобилӣ хароб карда шуд.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намудаанд: «Андешаи миллатсозӣ, ваҳдат ҳамон вақт самараи дилхоҳ ба бор меорад, ки қалб аз ҳама моҳият ва мафҳуми Ватану ватандорӣ, қадру манзалати Истиқлолияти давлатӣ, худшиносиву худафрӯзӣ, ҳувияти миллӣ ва арзишҳои волои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар қалбу шуури ҳар як шаҳрванди кишвар ҷой гирад ва решадор гардад». 27 июни соли 1997 барои тамоми мардуми тоҷику тоҷикистонӣ рӯзи фаромӯшношаванда ва муқаддас аст. Аввалан давраи хотимавии вохӯрии роҳбарони давлатӣ бо роҳбарони мухолифин дар сатҳи олӣ дар шаҳри Москва гузашт. Дар он Президенти ҳамонвақтаи Россия Б. Елтсин ва Сарвазир В. Черномирдин, намояндагони СММ, вазирони корҳои хориҷии Эрон, Афғонистон, Покистон, Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон иштирок карда, созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Бинобар ин рӯзи 27 июн Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон шуд.
Ана дар ҳамин гуна вазъияти душвору сангини миллату ватан, вакили мардум Эмомалӣ Раҳмонро дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қасри Арбоб баргузор шуда буд, ба ҳайси Сарвари давлат – Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карданд. Ӯ бо сари баланд, ҷасурона ва бо дили пур ба интихобкунандагонаш ва мардуми шарифи Тоҷикистон гӯшаи парчами се рангаи кишварро бӯсида, сидқан ва ҷонан бо нияти муқаддас назди ворисону фарзандони барӯманди миллат муроҷиат карда савганд ёд карда буд: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам». Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамон соати ба сари қудрат омаданаш дар фикри ваҳдат ва ягонагии мардуми тоҷик афтод. Сарҷамъ кардани мардум ва паси сар кардани нотифоқиҳои сиёсӣ дар он лаҳза кори басо душвор буд.
Сулҳу ваҳдат калимаҳоеанд дилчаспу дилнишин ва зебову муқаддас. Онҳо бо лаҳни шево садо дода, шунавандаро ба фикр кардан водор месозад. Агар сулҳу оштиву якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассум кунад, Ваҳдат ба ҳам омадан, аз як гиребон сар баровардан ва ҳамдигарфаҳмию миллат дӯст буданро ифода мекунад.
Ваҳдати миллат ба олам ҷовидон бодо, Худо,
Ҳар кӣ бо мо душман аст, худ аз сараш гардад ҷудо.
Шукри бори Олӣ, мо имрӯз соҳиб давлатем,
Ганҷ мерезад сари халқи ман аз меҳру вафо…
Ваҳдат – беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Сулҳу салоҳ дар табиату хислат, хулқу атвор, сиришту ниҳод, дар хуну пӯст ва дину имони миллати тоҷик аз дер боз мақоми марказиро дорост. Пӯшидаву пинҳон нест, ки тамоми динҳои ҷаҳон, бахусус дини мубини Ислом ҳама гуна ҷангу низоъро маҳкум ва сулҳу оштиро тарғибу тақлин мекунад, чунки сулҳ дар фарҳанги мо – тоҷикон беҳтарину муҳимтарин василаи расидан ба саодат аст.
Роҷеъ ба моҳияти сулҳу субот ва натиҷаи ваҳдати миллӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ чунин таъкид менамояд: «Дар ин робита мехоҳам махсус таъкид намоям, ки сулҳу субот ризоияти ҷомеа ва Ваҳдати миллӣ хизмати бениҳоят бузургу таърихии халқи азизи Тоҷикистон аст. Дар марҳилаи ҳозира, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастӣ ва хештаншиносиву ифтихори миллӣ созандагиву ободкориро ҳадафи муқаддаси худ қарор додааст, мо тамоми дастовардҳоямонро бо мавҷудияти суботи сиёсиву ҷамъиятӣ ва Ваҳдати миллӣ вобаста медонем». Имрӯз иттифоқӣ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр дигар ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гӯё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. Бо дӯстиву ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Ба ақидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонида бошад, медонад, ки дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он дарахт расад». Он дарахте, ки Президентамон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ доданд, имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷикон фахр месозем.
Шоири ширинкалом ва зиндаёд Лоиқ Шералӣ аз қаламкашони тоҷик аввалин фарде буд, ки Ваҳдати тозападиди халқи маҳбуби хешро самимона табрик гуфт ва ғазали тозаббунёд бо номи «Сулҳи деринтизор» офарид ва ин аввалин шеъри намирандае буд, ки дар васфи Ваҳдат ва офарандагони он суруда шуда буд ва мисраъҳое чунин дошт:
Раҳми Парвардигори мо омад,
Нури Ҳақ бар диёри мо омад.
Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,
Сулҳи бунёдкори мо омад.
Зиндагӣ сахттар зи мурдагӣ буд,
Ҳотифи зиндадори мо омад…
Бо ҳамин ғазали ноби устод Лоиқ дар адабиёти имрӯзаи тоҷик марҳилаи тозаи ваҳдатсароӣ оғоз ёфт. Шоирони бузурги миллати тоҷик – устод Муъмин Қаноат, Меҳмон Бахтӣ, Аскар Ҳаким, Саидалӣ Маъмур, Гулназар, Фарзона, Камол Насрулло, Мирзомурод Ҳошимзода, Аҳмадҷони Раҳматзод, Наимҷон Назирӣ, Муҳаммад Ғоиб, Давлат Сафар, Рудобаи Мукарам ва дигарон беҳтарин шеърҳои хешро ба мавзуи сулҳу ваҳдат ва парастиши Ватан бахшиданд. Чунончи, Саидалӣ Маъмур дар шеъре чунин гуфтааст:
Гарчӣ деворҳо биафтоданд,
Буд роҳи адӯ ҳамоно банд.
Тоҷикам! Қавми ориёии ман,
Нангу ори ту шуд ҳисори баланд.
Ё ки дар шеъри дигар:
Ҳар дуруди мо бувад Ваҳдат,
Дар суруди мо бувад Ваҳдат.
Торҳои ҳамнаво ҳастем,
Тору пуди мо бувад Ваҳдат.
Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,
Васфи онҳоро намояд, решаи ҷону дилам.
Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,
Даҳр бинмояд ситоиши мардуми барнодилам.
Сулҳу ваҳдат ибораҳоеанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозад. Ваҳдат бошад, ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, ҳамдигарфаҳму поктинату миллатдӯст буданро ифода мекунад.
Абдураҳмонов М,
коршиноси масоили сиёсӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев