Предыдущая публикация
Ба дасти нокасон хоре биафтад,
Ба пои миллати хеш мегузоранд.
Ба шасти нобарор море бипечад,
Ба дасти ҳотаме шаст месупоранд.
Ҳасудон чун нигошта чашми ҷоду,
Барори кори ҳеҷ касро набинанд,
Нигоҳи танги дунёӣ, ки доранд,
Шаби торро ба ғавғо бигзаронанд.
Намедонанд шиоре аз муҳаббат,
Муҳаббатро ба ҳеҷ инсон нахоҳанд.
Чунон рӯзҳои онҳо пур ғубор аст,
Ки шабҳо низ зи чашм хобе надоранд.
Фалак гӯё ба онон сарбаланд аст,
Ки бо садҳо такаббур дар нишотанд,
Азиз Асрорӣ
16. 06. с.2023
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев