Ба тамоми ҷаҳон маълум аст, ки бадбахтона кишвари ҳамсояи мо ба гирдоби сиёҳӣ ва бадбахтии аҳриманӣ гирифтор шудааст. Гуруҳҳои террористиву ифротгаро солҳо боз ин кишварро ба доми бадбахтӣ дароварда, ҷону моли тоҷику паштун ва ҳазораву узбекҳои муқими ин қаламравро аз худ кардаанд. Онҳо бо идеологияи асрҳои миёна ҳукмронӣ карда, ҳамарӯза одам мекушанд ва кушта мешаванд.
Дар соли аввали шикасти ҳукумати қонунуии Афғонистон ва ба дасти террористон гузаштани ин кишвар, муқовимати мардумӣ вуҷуд дошт. Вале мутаассифона ин муқовимат аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ наёфта, ба тадриҷ шикаст хурд. Имрӯз гуруҳҳои ифротии бешумор дар ҳар гӯшаи ин кишвар ҳукмрони мутлақ шуда, дороии халки онро аз худ карда истодаанд. Новобаста аз ин мавқеи худ, онҳо қаноат карда наметавонанд ва акнун мехоҳанд, ки ин сиёҳиву бадбахтиро ба дигар кишварҳо интиқол диҳанд.
Маълум аст, ки ҳукумати мардумии Тоҷикистон ҳуқуқи занҳову духтарони тоҷикро дар мадди ававали сиёсати худ гузоштааст. Давлат мехоҳад, ки онҳо озод бошанд ва таъсири манфии гуруҳҳои ифротӣ ҳуқуқи онҳоро маҳдуд насозад. Ин аст, ки ба қонунҳои худ тағйирот ворид карда, либосҳои бегонаи занситезонаеро, ки аз ҷониби гуруҳҳои ифротӣ таблиғ шуда, аз ҷониби соҳибкорони беинсоф ворид мегарданд, манъ карданд. Ин кор пеш аз ҳама озодии занҳоро дар кишвари мо таъмин карда, занҳову духтарони моро аз ҷабру зулми бавосита ва бевоситаи ифротгарову террористон ҳимоя менамояд.
Ин амал ба калом як беномуси ватанфурӯш маъқул нашудааст. Ин беномус ба кадом як эмомхатиби аъзои гурӯҳи ифротии ДИИШ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон, бо номи Абдулқодир Ҳомӣ нома навишта, аз вай хоҳиш кардааст, ки ба ватани мо ҳуҷум карда, бадбахтӣ биёранд. Шояд ин беномус донад, ки дар ҳолати ҳуҷуми он террористон худаш бо аҳли оилааш ҳеҷ вақт аз шарри онҳо дар амон буда наметавонад. Чунки онҳо мекушанд, ғорат мекунанд ва боқимондаро ва шояд худашро низ таҷовуз мекунанд. Аммо то ба ин ҳадди ниҳоӣ беномус будааст, ки ба онҳо нома навиштааст.
Агар ба аҳволи худи бошандагони Афғонистон назар намоем, мебинем, ки дар он ҷо ҳама нангу номуси мардум таҷовуз шуда истодааст. Ин воизи маккоре, ки бо шавқ давлати моро танқид карда, аз номус ҳарф мезанад, дар воқеъ ҳеҷ нангу номусеро намешиносад. Худ агар номус медошт, намегузошт, ки дар ватанаш бегонагон ҳукрон бошанд ва зану духтарон ва ҳатто писарони ҷавони онҳоро таҷовуз намоянд. Бадбахтие, ки онҳо доранд мояи бешарафиву беобуругии онҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ аст. Аммо ин ҳамаро нодида гирифта, мехоҳад ба сӯи ватани мо сангандозӣ намояд. Инҳо худ аз нуқтаи назари ҳувияти миллӣ ҳеҷ ҳуқуқу озодие надоранд ва занону духтарони онҳо моли шаҳвати бегонагону бефитратони яроқбадаст шудаанд. Ин амали беақлонаи вай ҳамон мақоли “ҳам ғариву ҳам пешхезӣ”-ро мемонад.
Акнун мардону занони бонангу номуси тоҷик бояд донанд, ки ифротиёни аҳриманзода чӣ ниятҳои шуме дар сар доранд. Онҳо худ номусе надоранд ва мехонад, ки ба номуси мардуми кишварҳои дигар дастдарозӣ намояд. Ин аст, ки мардуми мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, арзишҳои миллии хешро тақвият диҳанд ва дар асоси он сипари мустаҳкаме дар баробари сиёҳиву бадбахтиҳои аҳриманӣ дошта бошанд. Ҳукумати мамлакати мо ин воқеиятро ба дурустӣ дарк карда, фарҳангу суннатҳои тоҷикиро ташвиқу тарғиб карда истодааст. Ин беҳтарин яроқ дар баробари хатароти бархоста аз ифротиёну террористон мебошад. Дар ин ҷода мо бояд ҳамагӣ дар баробари давлатмардон истода, як неруи қавӣ буданамонро ба он душманон нишон диҳем. Вагарна онҳо худро қавӣ ҳис карда, ягон зиёне ба мо расонда метавонанд. Нагузорем, ки он манқуртони номусбохта, кишвари шукуфои моро низ ба монанди Афғонистон ба фиғонхонаву мотамхона табдил дода, миллати моро шармандаи ду ҷаҳон созанд. Мо метавонем модарону хоҳарон ва духтарони худро аз шарри ин террористони ҷоҳилу шаҳватталаб ҳифз намоем!!!
Хуршеди Мурод
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев